Дар Ютуб:
Баъзе аз порчаҳо аз достони видеоӣ:
РАЪНО САФИЕВА, ХОҲАРИ ГУЛРУХСОРИ САФӢ:
"Хоҳарам дар интернат бузург нашудаанд. Дар ноҳияҳои дурдаст он солҳо мактаби миёна то синфи ҳафтум буд. Ҳукумати Шӯравӣ дар маркази ҳар ноҳия интернат сохта буд, то алоқамандон ба таҳсили худ идома диҳанд. Аз ҷумла, бародари бузурги ман Бекназар, тағоҳоям Иззатулло ва Қудратулло Ҳалимовҳо дар онҷо хондаанд. Аз деҳаи мо бисёр буданд. Устод Гулрухсор ҳам. Вақте котиби ҳамонвақтаи ноҳия, Захватов, мебинад, ки истеъдодаш фавқулода аст, ба падарам гуфтааст, "духтаратро мон, рафта хонад". Тасаввур кунед, ки аз як деҳа ҳеч духтаре дар интернат намехонад. Падарам аввал дар фикр монданд, баъд розӣ шуданд. Роҳбарон ваъда дода буданд, ки дар онҷо ҳамаро бо ҷойи хоб, хӯрок ва агар зарур шавад бо кор таъмин мекунанд. Падарам розӣ шуданд ва баъд аз синфи ҳафт устод Гулрухсор баробари дигарон се соли дигар дар интернат таҳсил карданд. Ин хел нест, ки умуман дар сағирхона ё интернат буданд. Интернат дар ҳама ноҳияҳо буд."
РУСТАМИ ВАҲҲОБНИЁ, САРДАБИРИ "САДОИ ШАРҚ":
"Гулрухсори Сафӣ дорои ҷойгоҳи хоси худ дар адабиёт ҳастанд, аз ҳар назар. Аз назари сатҳу савияи адабӣ ва чӣ дар бахши назму чӣ дар бахши наср. Хусусан дар шеър. Хонанда бо андаке мулоҳиза, ҳатто фарз кунед бидуни имзо, қитъаи шеъри ӯро метавонад ташхис кунад. Шеъри Гулрухсор, воқеан, шеъри мардумӣ аст ва ба ҳамин хотир маҳбубияти зиёди мардумӣ дорад. Аз ҳамон нахустин навиштаҳояшон дар байни мардум маҳбубият пайдо кардааст, ба ҷаҳони мардум роҳ ёфтааст, ба дарду ниёзҳои мардум посухгӯ будааст ва забони рӯз, забони замони худаш будааст.
Албатта, пажуҳишҳое атрофи эҷодиёти Гулрухсори Сафӣ анҷом шуда, вале чунин ба назар мерасад, ки агар баъзе пораҳо аз адабиёти мо бештар ба воситаи пажуҳишҳои таблиғӣ ба миёни мардум бурда шуда бошад, шеъри Гулрухсор ба пойи худаш миёни мардум рафтааст. Шеъраш забони мардум аст, забони ҳоли мардум аст, забони ҳоли ҷомеа аст ва муҳим ин аст, ки бо як фаросати хос, бо як диди хос ҳам аз назари корбасти бадеиву ҳунарӣ ва ҳам аз назари андешаву тафаккур чизҳоеро дар шеър баён месозад ва мегӯяд, ки дар давоми солҳо он куҳна намешавад. Боз ба сари забон меояд. Масалан, "Тоҷикистон, сари ҳар санги ту Ватан аст" метавонад куҳна шавад? Ё "Дур рафтам, то туро наздик бинам…" Имрӯз, агар мулоҳиза кунед, шояд панҷоҳ дарсади шеърҳои ҳолии ватандӯстона дар расонаҳои гуруҳии мо аз Гулрухсор бошанд, ки солҳои хеле пеш суруда шудаанд ва имрӯз забони ҳоли мо ҳастанд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛОҲ, ШОИР:
"Дар нимаи дуюми асри бист дар шеъри тоҷик чаҳор нафар аз пешгомони шеър эътироф шудаанд. Ин шахсиятҳо устод Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор мебошанд. Ин чор аркони шеъри нимаи дуюми асри бист маҳсуб мешаванд. Ҳам Лоиқ Шералӣ, ҳам Бозор Собир ва ҳам Гулрухсор худро аз шогирдони устод Мӯъмин Қаноат меҳисобанд ва ин чор нафар якдигарро мукаммал мекарданд. Ҳатто эҷодиёти онҳо дар нимаи дуюми асри бист, агар ки диққат карда шавад, ба гунае такмилкунандаи якдигар буданд. Дар байни занони шоир мусалламан Гулрухсор натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои форсзабон ва дар маҳдудаи Шӯравии собиқ аввалин зан, шоираи барҷаста буд, ки мавриди эътирофи ҳамагон қарор гирифт. Осораш ҳам ба забони форсӣ баргардон шуд, ба забонҳои миллатҳои дигари Шӯравӣ низ тарҷума ва истиқбол шуд. Ҳам шахсияти барҷастаи иҷтимоӣ дошт ва ҳам дар шеъраш шахсияташ хеле барҷаста намоён аст.
Шеъри садаи бисти тоҷик шеъри нав аст, шеъри мудерн аст аз ҳар лиҳоз, ҳам аз назари шакл ва ҳам аз назари муҳтаво. Тозагиҳое, ки шеъри муосири мо дошт, ба таври амиқу дақиқ, мутаассифона, муаррифӣ нашудааст. Аммо, агар маъруфияти Гулрухсор бо маъруфияти Симини Беҳбаҳонӣ ва Фурӯғи Фаррухзод дар ҷомеаи форсизабононро муқоиса кунем, Гулрухсор низ ҳамон нақш ва ҳамин симоро дар Вароруд ва дар маҳудудаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ иҷро кардааст. Ҳамон нақшро дорад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гулрухсори Сафӣ: "Ман модари Азиз ҳастам, миллат модари ман" ВИДЕО