Лигаи футзали Тоҷикистон дар маросими мукофотсупорӣ, ки 15-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, ба беҳтаринҳои мавсими соли 2022 ҷоизаҳои инфиродӣ, инчунин ба ғолибону ҷоизадорони Суперлигаи кишвар ҷому медалҳо тақдим кард.
Файзалӣ Сардоров, капитан ё сарвони бошгоҳи «Соро компания»-и Душанбе, соли дуюм пайиҳам бо ҷоизаи беҳтарин бозигари футзали Тоҷикистон сарфароз гашт.
Сармураббии дастаи «Соро компания» Пайрав Воҳидов беҳтарин мураббии сол эълон шуд. Собирҷон Гулаков аз тими «Сипар»-и Хуҷанд ҷоизаи беҳтарин нишонзанро азони худ кард. Ҷоизаи «Чеҳраи умедбахш» насиби Идрис Ёров аз дастаи «Соро компания» гардид.
Муҳсин Муҳаммадзодаи эронӣ («Соро компания») беҳтарин бозигари хориҷӣ эътироф шуд. Ҳамлагари дастаи «Ориёнбонк» Ибодулло Назиров бо ҷоизаи беҳтарин бозигар миёни дастаҳои ҳаваскорӣ мукофотонида шуд. Ҷоизаи «Fair Play» ба бозигари ҷавон аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Насратшо Исмоилов эҳдо шуд. Ҷоизаи беҳтарин довар насиби Суҳроб Сатторов аз шаҳри Турсунзода гардид.
Инчунин дар ин маросим ба ғолибону ҷоизадорони Суперлигаи Тоҷикистон ҷому медалҳо тақдим шуд. Бошгоҳи футзали “Соро компания”-и Душанбе, ки таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт, бо Ҷому медалҳои тило сарфароз шуд.
Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2022-ро бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ва медалҳои биринҷиро тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ба даст оварданд.