Дастаи мунтахаби Фаронса, ки дар бозии дуюми ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба финали мусобиқот роҳ ёфт. Ҳамакнун фаронсавиҳо дар бозии ниҳоӣ 18-уми декабр бо мунтахаби Аргентина барои нигоҳ доштани унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд.
Бозии дуюми ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни тимҳои миллии Фаронса ва Марокаш, ки 14-уми декабр дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Ҳаври Қатар баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи фаронсавиҳо хотима ёфт.
Дар дақиқаи 5-уми бозӣ ҳимоятгари мунтахаби Фаронса Тео Эрнандес ҳисобро кушод. Зимнан, дарвозабони марокашиҳо Ёсин Буну дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 аввалин бор гол сар дод. Дар мобайни нимаи аввали дидор капитан ё сартими мунтахаби Марокаш Ромин Саис ба иллати латхӯрӣ иваз карда шуд. Ба ҷойи ӯ ба майдон Салим Амалла омад.
Дар нимаи дуюми бозӣ, лар дақиқаи 79-ум, ҳамлагари фаронсавиҳо Рандал Коло Муани, ки Усмон Дембелеро иваз кард, голи дуюмро ба самар расонд. Барои бозигари 24-сола ин аввалин гол дар ҳайати тими миллӣ ба шумор меравад.
Қаблан, 13-уми декабр, дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Хорватияро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дода буд, нахустин шуда ба финали мусобиқот роҳ пайдо кард.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022
1/2 финал
Аргентина - Хорватия - 3:0
Голҳо: Лионел Месси, 34 – аз пеналти (1:0), Хулиан Алварес, 39 (2:0), Хулиан Алварес, 69 (3:0).
13 декабр. Варзишгоҳи “Лусаил Айконик” (Лусаил)
Фаронса - Марокаш - 2:0
Голҳо: Тео Эрнандес, 5 (1:0), Рандал Коло Муани, 79 (2:0).
14 декабр. Варзишгоҳи “Ал-Байт” (Ал-Ҳавр)
Ба ин тартиб, мунтахаби Аргентина дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 18-уми декабр доир мегардад, бо тими миллии Фаронса барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебарад.
Мунтахаби Хорватия, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2018, рӯзи шанбеи 17-уми декабр бо дастаи Марокаш барои ҷойи сеюм талош мекунад.
Дар рӯйхати беҳтарин нишозанҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе бо 5 голи задааш дар мақоми аввал аст. Аргентинӣ Лионел Месси низ 5 гол задааст, ки сетоаш аз пеналти мебошад. Ӯ дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хулиан Алвареси аргентинӣ ва фаронсавӣ Оливйе Жиру бо 4-голӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб кардаанд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ 62-тоаш баргузор шуд. 52 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 10 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳисоби рекордии ин мусобиқот дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардидааст – 7:0 ба фоидаи Испания.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, рӯзи 18-уми декабр ба поён мерасад.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар
Таркиби гурӯҳҳо:
гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;
гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;
гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);
гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;
гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;
гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;
гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;
гурӯҳи H - Португалия, Ғана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.
Натоиҷи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ
20 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи А. Қатар – Эквадор – 0:2
21 ноябр, душанбе
Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2
Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2
Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1
22 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2
Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0
Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон – 0:0
Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1
23 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0
Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон – 1:2
Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0
Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0
24 ноябр, панҷшанбе
Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0
Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ − 0:0
Гурӯҳи H. Португалия – Ғана − 3:2
Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0
25 ноябр, ҷумъа
Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2
Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 1:3
Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1
Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0
26 ноябр, шанбе
Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1
Гурӯҳи С. Лаҳистон – Арабистони Саудӣ – 2:0
Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1
Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0
27 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи E. Ҷопон – Коста-Рика – 0:1
Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш – 0:2
Гурӯҳи F. Хорватия – Канада – 4:1
Гурӯҳи E. Испания – Олмон – 1:1
28 ноябр, душанбе
Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 3:3
Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Ғана − 2:3
Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария – 1:0
Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай – 2:0
29 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал – 1:2
Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар – 2:0
Гурӯҳи B. Эрон – ИМА – 0:1
Гурӯҳи B. Уэлс – Англия – 3:0
30 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи D. Австралия – Дания – 1:0
Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса – 1:0
Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика – 1:2
Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина – 0:2
1 декабр, панҷшанбе
Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 1:2
Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 0:0
Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 2:4
Гурӯҳи E. Ҷопон – Испания − 2:1
2 декабр, ҷумъа
Гурӯҳи H. Ғана – Уругвай − 0:2
Гурӯҳи H. Португалия – Кореяи Ҷанубӣ − 1:2
Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария – 2:3
Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 1:0
Натоиҷи бозиҳои 1/8-финалӣ
3 декабр, шанбе
1 - Нидерланд - ИМА – 3:1
2 - Аргентина - Австралия – 2:1
4 декабр, якшанбе
3 - Фаронса - Лаҳистон – 3:1
4 - Англия - Сенегал – 3:0
5 декабр, душанбе
5 - Ҷопон - Хорватия – 1:1, аз рӯи пеналти – 1:3
6 - Бразилия – Кореяи Ҷанубӣ - 4:1
6 декабр, сешанбе
7 - Марокаш - Испания – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:0
8 - Португалия - Швейтсария – 6:1
1/4 финал
9 декабр, ҷумъа
Чорякфинали 1: Хорватия - Бразилия – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:2
Чорякфинали 2: Нидерланд - Аргентина - 2:2, аз рӯи пеналти – 3:4
10 декабр, шанбе
Чорякфинали 3: Марокаш – Португалия – 1:0
Чорякфинали 4: Фаронса - Англия – 2:1
1/2 финал
13 декабр, сешанбе
Нимфинали 1: Аргентина – Хорватия – 3:0
14 декабр, чоршанбе
Нимфинали 2: Фаронса - Марокаш – 2:0
Бозӣ барои ҷои 3-юм:
17 декабр, шанбе
Хорватия – Марокаш (20:00)
ФИНАЛ
18 декабр, якшанбе
Аргентина – Фаронса (20:00)
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.