Аҳмадҷони 17-сола дар Амрико ҳавопаймо идора мекунад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар шаҳри Филаделфияи Амрико, ки солҳои охир макони зиндагии муҳоҷирони зиёди тоҷикистонӣ гаштааст, як ҷавони тоҷике ҳам зиндагӣ мекунад, ки ҳунари идораи ҳавопайморо меомӯзад. Аҳмадҷон Абдуқайюмов 17 сол дорад ва чор-панҷ сол пеш ба омӯзиши ҳунари идораи ҳавопаймо машғул шуд.