Чаро хонаи сокинон дар Душанбе “дуруст гарм намешавад”?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шикоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст, ки дар пойтахт - шаҳри Душанбе низоми гармидиҳӣ муътадил кор намекунад. Бо гузашти ду моҳ аз шурӯи гармидиҳӣ, хонаҳои мардум дуруст гарм намешаванд. Сокинон мегӯянд, таъмини номуносиби гармӣ хароҷоти онҳоро зиёдтар кардааст.