"Аксҳои ӯро дар тани урёни дигарон часпонда, дар Инстаграм мегузошт"

Раҳима Каримова

Мақомоти шаҳри Маскави Русия марги як донишҷудухтари тоҷикро таҳқиқ доранд, ки ҷасадаш аз зери чархи қатор пайдо шуда буд.

Шоҳидон гуфтаанд, ки субҳи рӯзи 9-уми декабр Раҳима Каримоваи 21-cола, донишҷӯи соли чоруми донишгоҳи иктишофӣ-геологии Маскав худро ба зери чархи қатор партофтааст.

Наздиконаш мегӯянд, чанд моҳи ахир бо номи ӯ дар Инстаграм саҳифае пайдо шуд, ки дар он фарди ношиносе аксҳои ӯро дасткорӣ ва нашр мекард. Дар ин саҳифа Раҳимаро чун духтари бадахлоқ муаррифӣ мекарданд.

Ҷасади ӯро мақомот ҳанӯз ба наздиконаш насупурдаанд.

Ба Раҳима чӣ шуд?

Азиза, холаи Раҳима, рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш бо баҳои аъло таҳсил мекард ва имсол бояд донишгоҳро бо дипломи сурх хатм менамуд.

“Аксҳои ӯро дар танаҳои урён часпонда дар Инстаграм чоп мекард. Ҳар рӯз менавишт, ки фардо аксҳои дигарро интизор бошед. Духтари бечора дар ҳолати тарс буд. Охирон бор ӯ навишт, ки видеоро интизор бошед. Дигар ба фикрам ҷияни бечораам тоқати ин шантажҳоро карда натавонист,”—гуфт, ӯ.

Наздикони Раҳима мегӯянд, он ҷавонро медонанд ва ному насаби ӯро низ ба мақомоти Русия додаанд. Дар аксҳое, ки дар Инстаграм нашр шудаанд, дида мешавад, ки онҳо тариқи барномаҳои интернетӣ дасткорӣ шудаанд.

“Мебахшед, ба рӯи шумо нигоҳ карда наметавонам”

Дар як номае, ки ба гуфтаи наздикон, онро Раҳима шабе пеш аз ҳодиса навиштааст, ӯ аз касе ном набурдааст, вале аз наздиконаш узр пурсидааст, ки ба хотири ӯ азият мекашанд. Ӯ гуфтааст, аз ин ҳолате, ки дорад, беҳтар аст “мурда равад”, чун худашро “хеле бад мебинад.” Дар нома аз падараш узр пурсидааст: “Пап, мебахшед. Ман аз шумо чӣ қадаре узр пурсам, кам аст. Илтимос аз ман розӣ шавед. Чанд бор гуфтед, ки сари маро хам кардед. Мебахшед, Пап, ба рӯи шумо нигоҳ карда наметавонем.”

Дар ин нома ба хоҳараш ташаккур гуфтааст, ки дар ҳама ҳолат дар канораш буд ва ӯро дарк мекард. Аз нома дида мешавад, ки зоҳиран пас аз нашри аксҳои дасткоришуда, наздикон ба ӯ шубҳа кардаанд. “Модар, ту чанд бор пурсидӣ, ки ту духтар ҳастӣ ё не. Қасам ба Худо, ки духтарам. Ором шавед,”-навиштааст, ӯ.

Аз нома дида мешавад, ки ӯ аз нашри аксҳои бадномкунанда дар Инстаграм сахт хаста шудааст ва аз тарафи дигар наздикон низ ба ӯ шубҳа кардаанд. Пайвандонаш мегӯянд, барои ба ҷавобгарӣ кашидани нафаре, ки дар Инстаграм саҳифа кушода ӯро бадном мекард, талош мекунанд.

Машварати адвокат: Падарон бояд канори духтарон бошанд

Наргис Муллоҷонова, адвокати тоҷик, ки ба ин хонавода машварати ҳуқуқӣ медиҳад, мегӯяд, пайвандонаш далелҳои зиёд доранд, ки онро ба мақомот пешниҳод хоҳанд кард. Ӯ гуфт, дар сурати таҳқиқи дурусти ҳодиса имкон ҳаст, ки нисбат ба нафари гумонбар бо айби “бо роҳи сохтакорӣ шантаж намудан ва ба худкушӣ расонидан” парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Бадномкунӣ ё шантажи духтарон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маъмул шудааст. Наргис Муллоҷонова мегӯяд, дар чунин ҳолат бояд духтарон бидуни андеша ба мақомот муроҷиат кунанд ва аз ҳама муҳим волидону наздикон бояд онҳоро рӯҳан дастгирӣ кунанд.

“Агар пинҳон кунанд, ҷуръати чунин шахсон бештар мешавад, бояд барои ёфтанашон талош кард. Қисми зиёд мефаҳманд, ки ин чиз сохта аст. Агар ин нафарон боздошт шаванд, шахсони дигар, ҳам ки чунин ният доранд, метарсанд. Агар муроҷиат ва мақомот чораандешӣ мекарданд, шояд чунин ҳодиса намешуд. Аз тарафи дигар наздикон бояд фарзандашонро ҳимоят кунанд. Бояд ӯро ҳимояву дилбардорӣ кунанд. Дар ин сину сол, духтарон хеле ҳасос мешаванд. Духтарони тоҷик аз бадномшавӣ сахт метарсанд. Падар агар гӯяд, натарс ман ба ту бовар дорам, дар паҳлӯи духтараш бошад, чунин ҳолат намешавад,”—гуфт, ҳуқуқшинос.

Бо рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол шудани ҷавонони тоҷик бадномсозӣ ё шантаж аз ин роҳ бештар шудааст. Мақомот дар Тоҷикистон борҳо аз боздошти ҷавононе хабар додаанд, ки аз роҳи бадномсозӣ мехостанд аз занону духтарон пул ситонанд ё қасос гиранд.