Дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Хорватияро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод, ба финали мусобиқот роҳ пайдо кард.
Бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни тимҳои миллии Аргентина ва Хорватия 13-уми декабр дар варзишгоҳи «Лусаил Айконик»-и шаҳри Лусаили Қатар баргузор шуд.
Ҳисоби бозиро капитани аргентиниҳо, ҳамлагар Лионел Месси дар дақиқаи 34-ум боз кард. Ӯ тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи Доминик Ливакович ворид намуд. Дар дақиқаи 39-ум Хулиан Алварес голи дуюмро зада, бартарии аргентиниҳоро мустаҳкам кард.
Алварес дар дақиқаи 69-ум ҳисобро афзун намуд - 3:0. Зимнан, дар голи сеюм саҳми Лионел Месси калон аст. Ӯ дар ҷаримагоҳи хорватҳо ҳимоятгари онҳо Йошко Гвардиоларо фиреб дода, тӯбро ба Алварес ирсол кард, ки ӯ бо зарбаи аъло онро ба кунҷи чапи поёнии дарвоза ворид намуд.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022
1/2 финал
Аргентина - Хорватия - 3:0
Голҳо: Лионел Месси, 34 – аз пеналти (1:0), Хулиан Алварес, 39 (2:0), Хулиан Алварес, 69 (3:0).
13 декабр. Варзишгоҳи “Лусаил Айконик” (Лусаил)
Дар бозии дуюми даври ниманиҳоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон – мунтахаби Фаронса – бо тими миллии Марокаш имрӯз, 14-уми декабр, бозӣ мекунад.
1/2 финал
14 декабр, чоршанбе
Нимфинали 2: Фаронса - Марокаш (00:00)
Ба ин тартиб, мунтахаби Аргентина дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 18-уми декабр доир мегардад, бо ғолиби бозии дуюми ниманиҳоӣ байни Фаронса ва Марокаш барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебарад.
Мунтахаби Хорватия, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2018, рӯзи шанбеи 17-уми декабр бо дастаи мағлуби бозии дуюми ниманиҳоӣ байни Фаронса ва Марокаш барои ҷойи сеюм талош мекунад.
Дар рӯйхати беҳтарин нишозанҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе бо 5 голи задааш дар мақоми аввал аст. Аргентинӣ Лионел Месси низ 5 гол задааст, ки сетоаш аз пеналти мебошад. Ӯ дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хулиан Алвареси аргентинӣ ва фаронсавӣ Оливйе Жиру бо 4-голӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб кардаанд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар то ҳоло аз 64 бозӣ 61-тоаш баргузор шуд. 51 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт, 10 бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ё баробар ба анҷом расид. Ҳисоби рекордии ин мусобиқот дар бозии дастаҳои Испания ва Коста-Рика мушоҳида гардидааст – 7:0 ба фоидаи Испания.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар, ки 20-уми ноябр шуруъ шуд, рӯзи 18-уми декабр ба поён мерасад.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар
Таркиби гурӯҳҳо:
гурӯҳи А – Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерланд;
гурӯҳи В – Англия, Эрон, ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Уэлс;
гурӯҳи С – Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Лаҳистон (Полша);
гурӯҳи D – Фаронса, Австралия, Дания, Тунис;
гурӯҳи Е – Испания, Коста-Рика, Олмон, Ҷопон;
гурӯҳи F – Белгия, Канада, Марокаш, Хорватия;
гурӯҳи G – Бразилия, Сербия, Швейтсария, Камерун;
гурӯҳи H - Португалия, Ғана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.
Натоиҷи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ
20 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи А. Қатар – Эквадор – 0:2
21 ноябр, душанбе
Гурӯҳи B. Англия – Эрон – 6:2
Гурӯҳи A. Сенегал – Нидерланд – 0:2
Гурӯҳи B. ИМА– Уэлс – 1:1
22 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи C. Аргентина – Арабистони Саудӣ – 1:2
Гурӯҳи D. Дания – Тунис – 0:0
Гурӯҳи C. Мексика – Лаҳистон – 0:0
Гурӯҳи D. Фаронса – Австралия – 4:1
23 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи F. Марокаш – Хорватия – 0:0
Гурӯҳи E. Олмон – Ҷопон – 1:2
Гурӯҳи E. Испания – Коста-Рика – 7:0
Гурӯҳи F. Белгия – Канада – 1:0
24 ноябр, панҷшанбе
Гурӯҳи G. Швейтсария – Камерун − 1:0
Гурӯҳи H. Уругвай –Кореяи Ҷанубӣ − 0:0
Гурӯҳи H. Португалия – Ғана − 3:2
Гурӯҳи G. Бразилия – Сербия − 2:0
25 ноябр, ҷумъа
Гурӯҳи B. Уэлс – Эрон – 0:2
Гурӯҳи А. Қатар – Сенегал − 1:3
Гурӯҳи A. Нидерланд – Эквадор − 1:1
Гурӯҳи B. Англия – ИМА − 0:0
26 ноябр, шанбе
Гурӯҳи D. Тунис – Австралия – 0:1
Гурӯҳи С. Лаҳистон – Арабистони Саудӣ – 2:0
Гурӯҳи D. Фаронса– Дания − 2:1
Гурӯҳи C. Аргентина – Мексика − 2:0
27 ноябр, якшанбе
Гурӯҳи E. Ҷопон – Коста-Рика – 0:1
Гурӯҳи F. Белгия – Марокаш – 0:2
Гурӯҳи F. Хорватия – Канада – 4:1
Гурӯҳи E. Испания – Олмон – 1:1
28 ноябр, душанбе
Гурӯҳи G. Камерун – Сербия − 3:3
Гурӯҳи H. Кореяи Ҷанубӣ – Ғана − 2:3
Гурӯҳи G. Бразилия – Швейтсария – 1:0
Гурӯҳи H. Португалия – Уругвай – 2:0
29 ноябр, сешанбе
Гурӯҳи A. Эквадор – Сенегал – 1:2
Гурӯҳи A. Нидерланд – Қатар – 2:0
Гурӯҳи B. Эрон – ИМА – 0:1
Гурӯҳи B. Уэлс – Англия – 3:0
30 ноябр, чоршанбе
Гурӯҳи D. Австралия – Дания – 1:0
Гурӯҳи D. Тунис – Фаронса – 1:0
Гурӯҳи C. Арабистони Саудӣ – Мексика – 1:2
Гурӯҳи C. Лаҳистон– Аргентина – 0:2
1 декабр, панҷшанбе
Гурӯҳи F. Канада – Марокаш− 1:2
Гурӯҳи F. Хорватия – Белгия − 0:0
Гурӯҳи E. Коста-Рика – Олмон− 2:4
Гурӯҳи E. Ҷопон – Испания − 2:1
2 декабр, ҷумъа
Гурӯҳи H. Ғана – Уругвай − 0:2
Гурӯҳи H. Португалия – Кореяи Ҷанубӣ − 1:2
Гурӯҳи G. Сербия – Швейтсария – 2:3
Гурӯҳи G. Камерун – Бразилия − 1:0
Натоиҷи бозиҳои 1/8-финалӣ
3 декабр, шанбе
1 - Нидерланд - ИМА – 3:1
2 - Аргентина - Австралия – 2:1
4 декабр, якшанбе
3 - Фаронса - Лаҳистон – 3:1
4 - Англия - Сенегал – 3:0
5 декабр, душанбе
5 - Ҷопон - Хорватия – 1:1, аз рӯи пеналти – 1:3
6 - Бразилия – Кореяи Ҷанубӣ - 4:1
6 декабр, сешанбе
7 - Марокаш - Испания – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:0
8 - Португалия - Швейтсария – 6:1
1/4 финал
9 декабр, ҷумъа
Чорякфинали 1: Хорватия - Бразилия – 1:1, аз рӯи пеналти – 4:2
Чорякфинали 2: Нидерланд - Аргентина - 2:2, аз рӯи пеналти – 3:4
10 декабр, шанбе
Чорякфинали 3: Марокаш – Португалия – 1:0
Чорякфинали 4: Фаронса - Англия – 2:1
1/2 финал
13 декабр, сешанбе
Нимфинали 1: Аргентина – Хорватия – 3:0
14 декабр, чоршанбе
Нимфинали 2: Фаронса - Марокаш (00:00)
Бозӣ барои ҷои 3-юм:
17 декабр, шанбе
Хорватия – Мағлуби нимфинали 2 (20:00)
ФИНАЛ
18 декабр, якшанбе
Аргентина – Ғолиби нимфинали 2 (20:00)
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.