Жасмин дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бодибилдинг ғолиб шуд 

Жасмин ва мураббиаш

Жасмин Ан-Нимр, варзишгар аз Тоҷикистон, дар 13-умин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ (WBPF), ки дар шаҳри Пҳукети Тайланд ҷараён дорад, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон пирӯз гардида, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ин дувумин пирӯзии Жасмин дар мавсими имсола мебошад. Ӯ моҳи июл дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бодибилдинг дар ҷазираҳои Молдив ба гирифтани ду медал - тило ва нуқра - даст ёфта буд.

-Барои кишвари мо ин дастоварди бузург аст. Духтари тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ва акнун дар чемпионати ҷаҳон пирӯз шуд. Барои варзиши занона ин пешравии азим аст, бахусус, дар чунин риштаи душвори варзиш», - гуфт Олим Парпиев, мураббии Жасмин.

Жасмин аз соли 2015 ба варзиш шуғл меварзад. Ӯ аввал ба пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ машғул буд. Замоне ки вай аз пауэрлифтинг ба бодибилдинг рӯй овард, 84 кило вазн дошт ва дар давоми тамринҳояш тавонист дар як муддати кӯтоҳ 30 кило вазни хешро партояд.

Ба гуфтаи мураббӣ Олим Парпиев, шогирдаш ба ғизо ва тамрин хеле аҳамият медиҳад, ки ин калиди комёбиҳои ӯст. Жасмин ҳоло дар мусобиқаҳои пауэрлифтинг ширкат намеварзад ва ҳама таваҷҷуҳашро ба бодибилдинг равона кардааст.

Олим Парпиев гуфт, “агар чунин занҳои варзишгар хоҳанд, албатта, метавонанд дар саҳнаҳо ҳунарнамоӣ кунанд. Аммо дар Тоҷикистон не. Чунки мардуми мо ва менталитети мо ба ин гуна саҳнаҳо омода нест. Ман дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ будам ва медонам, ки дар онҷо баромад кардани зан бо бикини (либоси шиноварӣ) чизи оддӣ аст. Аммо на дар Тоҷикистон. Чунки бо либоси вижаи шиноварӣ дар саҳна пайдо шудани варзишгари мард ҳам танқид мешавад.”

Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон соли 2003 бо ибтикори Толеъ Холназаров таъсис ёфта, раиси ин федератсия ҳам худи ӯст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «барои рушди бодибилдинг ва пауэрлифтинг дар кишвар бояд корҳои зиёде анҷом дода шавад. Вазифаи асосии мо дар ҳамин ҳол ҷалби сарпарастон барои дастгирии варзишгароне мебошад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд."