Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин футболбози сол шуд

Манучеҳр Ҷалилов

Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, беҳтарин бозигари кишвар дар соли 2022 эълон шуд.

Ба ҷуз аз Манучеҳр Ҷалилов, дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов ва ҳамлагари “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев барои унвони беҳтарин бозигари сол муддаӣ буданд. Дар натиҷа Манучеҳр Ҷалилови 32-сола дар ин номинатсия ғолиб шуд. Ӯ инчунин соҳиби ҷоизаи беҳтарин нишонзани лигаи олӣ гардид.

Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони лигаи олӣ ба Рустам Ятимов («Истиқлол») супурда шуд. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгари лигаи олиро Аҳтам Назаров («Истиқлол») гирифт. Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон») беҳтарин нимҳимоятгари лигаи олӣ эътироф гашт. Ҷоизаи беҳтарин мураббии лигаи олӣ насиби иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Истиқлол” Алишер Тухтаев шуд. Ҷоизаи беҳтарин легионер ё бозигари хориҷӣ, ки дар қаҳрамонии Тоҷикистон бозӣ мекунад, ба Самуэл Офори («Равшан», Кӯлоб) тақдим гардид.

Маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ дар соли 2022 муайян карда шуданд, 13-уми декабр дар маҷмааи «Кохи Суруш»-и Душанбе доир гардид.

Аз рӯи натиҷагирии мавсими футболи соли 2022 дар маҷмуъ, дар ин рӯз ғолибон аз рӯи понздаҳ номинатсияи лигаи олии Тоҷикистон, мусобиқоти кишвар байни дастаҳои лигаи якум ва мусобиқот миёни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ маълум шуданд. Инчунин ба беҳтарин нишонзанҳои лигаҳои олӣ ва якум, мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни ҷавонон ҷоизаҳо тақдим шуд.

Барандагони ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2022:

Беҳтарин бозигари лигаи якум:

Худойдод Узоқов («Кӯктош»)

Беҳтарин нишонзани лигаи якум:

Муҳсин Рустамзода («Гулистон»)

Беҳтарин мураббии лигаи якум:

Тоҳир Муъминов («Кӯктош»)

Беҳтарин бозигари ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ:

Паҳлавон Баҳризода («Истиқлол»)

Беҳтарин нишонзани ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ:

Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА)

Беҳтарин мураббии ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ:

Фарҳод Холбеков («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин дарвозабони лигаи олӣ:

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Беҳтарин ҳимоятгари лигаи олӣ:

Аҳтам Назаров («Истиқлол»)

Беҳтарин нимҳимоятгари лигаи олӣ:

Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»)

Беҳтарин ҳамлагари лигаи олӣ:

Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)

Беҳтарин нишонзани лигаи олӣ:

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Беҳтарин бозигари хориҷии лигаи олӣ:

Самуэл Офори («Равшан», Кӯлоб)

Беҳтарин мураббии лигаи олӣ:

Алишер Тухтаев («Истиқлол»)

Беҳтарин бозигари сол:

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Беҳтарин довари сол:

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)