Як зани китобдори тоҷик, ки 46 соли умрашро дар китобхона сипарӣ кардааст, мегӯяд, толори китобхонаҳои кишвар бештар аз ҳама дар даҳаи 80 – уми асри гузашта пуродам буданд. Ба гуфтаи ӯ шумори китобхонҳо дар ин давра ба ҳадде зиёд буд, ки дар толори хониш ҷойи нишаст ёфт намешуд.
Ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва берун аз он шиори “Фарҳанг - ҳастии миллат” ҷилва мекунад. Аммо ин "ҳастӣ" дар чӣ ҳол аст? Нашру паҳни китобҳо, таъсису нигаҳдории китобхонаҳо ва музди меҳнату шароити кори китобхоначиҳо, ки онҳоро нигаҳдорандаи “ҳастии миллат” меноманд, чӣ ҳол доранд?
“Ба як донишгоҳ дохил шудаму донишкадаи дигарро хатм кардам”
Наботбегим Туфалонова 67 сол дорад ва 46 соли охир, бидуни танаффус, дар китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекунад. Ӯ соли 1955 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шуда, ҳамон ҷо мактаби миёнаро хатм кардааст. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, он замон ба номи Шевченко, дохил шудааст.
“Соли 1972 дохил шудам. Ба шуъбаи санъат, бахши китобдорӣ. Соли 1973 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода таъсис шуд ва гурӯҳи моро ба Факултаи китобдорӣ ва китобхонашиносӣ интиқол доданд. Ба ин тартиб, ман ба як донишгоҳ шомил шудам, аммо донишкадаи дигарро хатм кардам”, - нақл мекунад Туфалонова.
Дар ҷустуҷӯи кор аз Хоруғ то Душанбе
Баъд аз хатми донишкада, дар соли 1976, ӯро барои кор ба шаҳри Хоруғ роҳхат доданд. Аммо дар ин шаҳр барои вай кор пайдо нашуд. Дар Раёсати фарҳанг ба вай гуфтаанд, мунтазири холӣ шудани ҷой бимонад. Вале дар ин байн Наботбегимро ба шавҳар доданд ва дигар мунтазири пайдо шудани ҷойи кор дар шаҳри Хоруғ намонда, ҳамроҳ бо шавҳараш ба шаҳри Душанбе кӯч баст.
“Дар моҳҳои аввал дар шаҳр бекор будам. Як рӯз ба китобхонаи ба номи Фирдавсӣ рафтам. Маро хуш пазируфтанд, вале гуфтанд, танҳо дар таҳхона ҷойи холӣ ҳаст, ки барои саломатии мани ҷавон кор дар он ҷо тавсия намешавад. Бо маслиҳати мудири онвақтаи китобхонаи Фирдавсӣ барои пайдо кардани кор ба қабули роҳбари Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе рафтам”, - мегӯяд Туфалонова.
Ба нақли Наботбегим Туфалонова, раиси фарҳанг ӯро ба китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ фиристодааст. “Он вақт бештари коргарон дар китобхонаҳо русзабонҳо буданд. Раиси фарҳанг аз пеши ман ба мудири китобхона занг зад ва таъкид кард, ки кадри маҳаллиро барои кор мефиристад”, - гуфт Туфалонова.
Аммо рӯзи дигар, то рафтани Наботбегим, мудири китобхона бо чанде аз ҳамкоронаш барои як моҳ ба пахтачинӣ рафт. Ҷавондухтари ташнаи кор намехост як моҳи дигар бекор бимонад ва баъди муроҷиатҳои пай дар паяш муовини мудир ӯро ба кор қабул кард. “Аммо то баргаштани мудир аз пахтачинӣ, як моҳ дар таҳхона кор кардам”, - нақл кард ин хонум.
Маоши китобхонадор ба ҳама чӣ мерасид
Баъдан ӯро дар шуъбаи хидматрасонӣ - бахше, ки барои мутолиа дар хона китоб медиҳад, ба кор таъйин кардаанд. Вай 17 соли баъдӣ дар ин шуъбаи китобхонаи Лоҳутӣ - аз китобхонадори одӣ то мудири шуъба кор кардааст. Ӯ бо ҳасрат мегӯяд, маоши китобхонадорон он замон барои таъмини рӯзгор пурра кофӣ буд.
“Соли аввали корӣ 80 сӯми шӯравӣ маош мегирифтам. Баъд аз як сол маош ба 100 сӯм расид. Ба ҳамаи харҷу сарфи рӯзгор мерасид ва болои ин аз мағоза ҷиҳози рӯзгор мехаридем”, - гуфт Наботбегим.
Ба нақли Наботбегим, китобхонаи Лоҳутӣ бештарини теъдоди хонандагонро дар даҳаи 80 асри гузашта доштааст, ки бархе аз рӯзҳо дар толори хониш ҷойи нишаст боқӣ намемонд ва аз утоқу толорҳои дигар барои хонандагон мизу курсӣ меовардаанд.
“Толори хониши умумӣ 120 ҷойи нишаст дорад. Дар фасли зимистон, махсусан рӯзҳои барфу борон, дар толор ҷо намемонд. Аз моҳи сентябр то моҳи май ҳамарӯза то 280 кас ба китобхона меомад”, - гуфт Наботбегим Туфалонова.
Вай дар даврони сахтиҳову таҳдидҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ корашро дар китобхона идома дода, бо вуҷуди камбуди маош, ҳар субҳи корӣ аз манзилаш дар минтақаи 104-уми шаҳри Душанбе то китобхонаи Лоҳутӣ, ки тақрибан 7 км аст пиёда рафта, бегоҳ ҳамин масофаро то хонааш тай мекардааст.
Ҳоло китобхона чӣ теъдод китобхон дорад?
Наботбегим Туфалонова аз соли 2003 то 2007 мудирии китобхонаи Лоҳутиро ба дӯш доштааст. Аммо дар соли 2007 ба далели беморӣ аз мудирӣ канор рафта, муовини мудир таъйин шудааст. Ӯро соли 2015 аз мудири барканор ва мушовири мудири китобхона - кормандони шуъбаи методӣ таъйин кардаанд.
Туфалонова мегӯяд, ҳоло китобхонаи Лоҳутӣ дар рӯз то 60 хонанда дорад, аммо дар солҳои охир теъдоди хонандагони дар ҳоли афзоиш ҳастанд.
Наботбегим Туфалонова Ҳоло дар ҳаҷми 420 сомонӣ нафақаи пиронсолӣ ва 958 сомонӣ музди меҳнат мегирад. Вай мегӯяд, ҳамаи 46 соли кор дар китобхона бо музди меҳнат зиндагӣ ва 3 фарзандро тарбият кардааст. Ҳоло ҳам намехоҳад тарки ин кораш кунад ва мегӯяд, то замоне, ки сиҳатӣ дорад ва имконият барояш фароҳам аст, мехоҳад, донишу таҷрибаҳояшро истифода ва дар пешрафти кори китобхона саҳм гирад.
“Маро кормандони китобхона барои сахтгириҳоям дар ҳифзи китобҳо хушдомани китобхона меноманд”, - нақл мекунад Туфалонова.