Занони афғон, ки дар ниҳодҳои қудратии ҳукумати собиқи ин кишвар ифои вазифа кардаанд, мегӯянд, аз манбаи даромад маҳрум шуда, дар ҳоли ногувор қарор доранд.
Моҳи августи соли гузашта Толибон қаламрави Афғонистонро таҳти тасарруф қарор дода, ваъда дода буданд, ки низомиёни ҳукумати пешинро афв хоҳанд кард. Занони ҳамсуҳбат бо хабарнигор Рейтерс гуфтаанд, ки онҳо бо тарс зиндагӣ мекунанд ва Толибон ба ваъдаҳояшон вафо накардаанд. Дар давраи ҳукмронии Толибон собиқ афсарони зани артиши Афғонистон бо гуруснагиву камбизоатӣ мувоҷеҳ шудаанд.
Ин занон ҳамагӣ дар хадамоти амниятӣ ифои вазифаи кардаанду ҳоло бо сабабҳои амниятӣ намехоҳанд номашон ошкор гардад. Онҳо дар моҳи августи соли 2021-ум, замони сари қудрат омадани Толибон, аз кор маҳрум шудаанд. Яке аз онҳо, ки рутбаи майор дорад, мегӯяд, қодир нест, аҳли оилаашро таъмин кунад.
Ҳамсуҳбати дигари хабаргузории Рейтерс собиқ ходими вазорати мудофиаи Афғонистон буда, таъминоти нӯҳ узви оилаашро бар дӯш доштааст.
“Мо наметавонем дар хонаи сард зимистон гузаронем. Модарам, хоҳарону бародаронам ҳамроҳ бо ман иқомат доранд. Мо имкон надорем хонаамонро гарм кунем. Бе ғизову маводи сӯхт наметавон зист.”—гуфт, ӯ.
То августи соли 2021-ум дар ниҳодҳои қудратии Афғонистон наздик ба 6 ҳазор зан хидмат мекард. Толибон ваъда дода буданд, ки ба низомиён коре нахоҳанд дошт. Вале шумори зиёди сарбозу афсарон барканор, муҷозот ва ё ҳатто кушта шудаанд.
Созмони ҳомии ҳуқуқи башар-Амнести Интернешенел мегӯяд, дар давоми як солу се моҳи ҳукуматдории Толибон дар Афғонистон камаш сад ходими нерӯҳои амниятии ин кишвар кушта ва ё беномунишон шудааст.