Саидҷаъфар Усмонзода бори дигар раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми декабр барои бори сеюм раиси Ҳизби демократ интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф расман раёсати ҳизбро бар дӯш дорад.Интихоби Усмонзода дар Анҷумани XVll-и ин ҳизб дар бинои "Кохи афсарон"-и Душанбе сурат гирифт.