Вакилони тоҷик аз барномае ҷонибдорӣ кардаанд, ки бар асоси он Тоҷикистон ният дорад, соли оянда аз хориҷа бештар аз 300 миллион доллар қарз гирад. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар нигарониҳо аз афзоиши қарзи хориҷӣ зиёд садо медиҳад.
"Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои он барои солҳои 2024-2025"-ро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, рӯзи якуми декабр дар ҳузури вакилон муаррифӣ намуд.
Ӯ таъкид кард, ки қарзҳои то имрӯз ҷалбшуда имтиёзнок буда, муҳлати онҳо аз 15 то 40 солро дар бар мегирад.
"Меъёри фоизи онҳо аз 0,75 то 2 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро ташкил менамояд. Азхудкунии маблағҳои қарзӣ барои солҳои 2023 – 2025 маҷмӯан дар ҳаҷми 693,7 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соли 2023 дар ҳаҷми 300,4 миллион доллар, дар соли 2024 — 252,9 миллион доллар ва барои соли 2025 дар ҳаҷми 140,4 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст"-афзуд, ӯ.
Нигаронӣ аз афзоиши қарзҳои хориҷӣ
Ба иттилои расмӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3,2 миллиард доллар расидааст. Ҳарчанд вазири молия қарзи хориҷро барои кишвар хатарзо намедонад, вале нигарониҳо аз паёмадҳои он пайваста дар ҷомеа садо медиҳад.
Як мояи нигаронии созмонҳои байнулмилалии молӣ ва шарикони Тоҷикистон қарзҳои бебаркаш ва ҳангуфти кишвар аз Чин аст. Коршиносону созмонҳо борҳо ҳушдор доданд, ки Душанбе аз пайомадаш биандешад ва ба "доми қарзҳои Чин" науфтад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, рӯзи 5-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки иқтисоди кишвар ба таври зарурӣ рушд накардааст, ҷалби қарзҳои хориҷӣ метавонад паёмади бад дошта бошад.
"Ба хотири он ки мо ин таҷрибаро аз сар гузаронидем. Барои парохти қарз ба Чин чанд кони тиллоро ба онҳо додем. Баъдан барои сохтани Маркази гармидиҳӣ низ як кони бузургро додем. Ин маънои онро дорад, ки вақте ту натавонисти қарзро пардохт кунӣ, он кишвар даъво мекунад, ки як чизро барои ман бидеҳ"- афзуд, ӯ.
Исмоилиён таъкид мекунад, ки мақомот бояд шарҳ диҳад, ки тартиби пардохти садҳо миллион долларе, ки аз кишвару созмонҳои хориҷӣ қарз гирифта мешавад, чӣ гуна сурат мегирад
Мақомот аз коҳиши ҳаҷми қарз мегӯянд
Вазорати молия мегӯяд, дар ним соли 2022 тавонистанд, 44,9 миллион доллар қарзи хориҷиро кам кунанд. Ба иттилои ин ниҳод масъалаи пардохти қарзи хориҷӣ дар тарҳи буҷаи давлатӣ пешбинӣ шудааст.
"Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 барои хизматрасонии қарзи беруна маблағҳои зарурӣ дар ҳаҷми 991,6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла барои соли 2023 дар ҳаҷми 253,9 миллион доллари амрикоӣ, дар соли 2024 дар ҳаҷми 284 миллион доллари амрикоӣ ва барои соли 2025 дар ҳаҷми 453,7 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст"-гуфт, вазири молия.
Ҷудо намудани 253,9 миллион доллар барои пардохти қарзи хориҷӣ дар соли 2023-ро таҳлилгар, Зулфиқори Исмоилиён, нокофӣ медонад: "Агар 500 миллион доллар танҳо барои пардохти қарзи хориҷӣ дар соли оянда пешбинӣ мешуд, гапи дигар буд. Вале Тоҷикистон тавони пардохти ин миқдор қарзро надорад. Зеро медонед, ки иқтисодамон дар кадом сатҳ аст. Вазъи тавлиди мол, аз ҷумла молу маҳсулоте, ки дар бозор рақобатпазир бошад, дар сатҳи паст қарор дорад. Тавозуни содироту воридоти молро дар 30 сол натавонистем баробар кунем".
Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари иқтисодӣ бар ин назар аст, ки низоми иқтисодии ҷаҳон чунон сохта шудааст, ки тақрибан имкон надорад давлат қарз нагирад, вале масъала дар чӣ гуна масраф кардани он аст. Вай рӯзи 6-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар кишвар фасодзада набошад, қарз ба нафъи иқтисод ва рушди он масраф мешавад.
"Аммо дар кишварҳои фасодзада як қисми қарзҳо дар чанд зина дуздида мешаванд, қисми дигараш ба нафъи гурӯҳи хос ва барномаҳое масраф мегардад, ки ҳамин гурӯҳ аз он даромад мегиранд. Аммо пардохти қарз ба дӯши буҷа, яъне мардум меафтад. Барои мисол мехоҳанд барои Роғун 350 млн қарз гиранд, вале то имрӯз аслан фурӯши барқ шаффоф нест ва "Барқи тоҷик", ширкате, ки бояд солона на камтар аз миллиард доллар даромад дошта бошад, ҳар сол қарзаш ним миллиард бештар мешавад"-,гуфт, Абдуманнон Шералиев.
Қарзи берунӣ ва шеваи харҷи он
Ҷузъиёти истифодаи қарзҳои хориҷӣ ва аз кадом созмону кишвар, бо чӣ шарту шароит дарёфт намудани онҳо рушан нест.
Вазири молия ба таври умумӣ таъкид намудааст, ки ҷалби қарз барои амалӣ кардани як қатор тарҳҳо, аз ҷумла «Маблағгузории сохтмони НБО «Роғун», «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ», «Таҷдиду барқарорсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод», «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст.
Амалисозии чунин тарҳҳо аз ҳисоби қарзи хориҷӣ то куҷо шаффоф сурат мегирад, маълум нест.
Қарзи зиёди Тоҷикистон аз кишвару созмонҳои хориҷӣ, ки қисми асосияш аз Чин аст, дар нишасти рӯзҳои 4 ва 5-уми октябр дар Женева як мавзӯи баҳси коршиносони Созмони Милал ва мансабдорони тоҷик низ шуда буд. Дар ин нишаст бо такя ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ гуфта шуда буд, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар даҳ соли охир беш аз ду баробар афзудааст.
Мақомот мегӯянд, зиёд шудани қарзи хориҷӣ ҷойи нигаронӣ надорад, вале чунин нигаронӣ дар байни мардум ва коршиносон борҳост садо медиҳад. Дар мавриди қарзи азим аз Чин расонаҳои ҷаҳонӣ намунаи Шри Ланкаро пеш меоранд, ки дар ивази қарзҳо корхонаву бандарҳояшро дар ихтиёри Пекин гузошт.