Таърихчаи забони порсӣ: даврони бостон

Исфандиёри Одина, Рӯзноманигор ва забоншинос

Баҳсҳо перомуни забон баъди таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввоили садаи бисти милодӣ аз баҳсҳои доманадоре дар миёни фарҳангиёни тоҷик будааст. Бо падид омадани интернет, ба вижа ривоҷи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъӣ, ин баҳсҳо аз китобу рӯзномаҳо ва аз маҳофили забоншиносӣ ба сафҳаи роёна ва фазои маҷозӣ ҷаҳиш карда, тайфи густардае аз корбаронро даргири худ сохтааст.

Гоҳе ин баҳсҳо ба мушоҷараҳои лафзии тунде меанҷомад, аммо ончи мусаллам аст, ин аст, ки коста будани огоҳӣ дар бораи таърихи забон ва фароянди такомулии он дар миёни корбарони тоҷик басароҳат мушоҳида мешавад. Ин навишта кӯшишест барои густариши огоҳии умумӣ дар бораи пешина ва фароянди такомулии забоне, ки имрӯз дар се кишвари Эрону Афғонистону Тоҷикистон забони расмӣ аст, вале бо ангезаҳои сиёсӣ номҳои расмии гуногун ва баҳсбарангезе доранд.

Забоне, ки мо бад-он такаллум мекунем, таърихи беш аз 2500 солаи навишторӣ дорад. Аз миёни забонҳои эронӣ, ки шохае аз хонаводаи бузурги забонҳои ҳинду-урупоӣ аст, порсӣ куҳантарин ва роиҷтарин забони зинда маҳсуб мешавад, ки ҳарчанд дар шакле такомулёфта, вале мардумони бисёре бад-он сухан мегӯянд. Ин забон се давраи такомулиро аз сар гузаронда ва гунае, ки мо бад-он имрӯз суҳбат мекунем, “порсии дарӣ” ном дорад, яъне дар осори адабии гузаштаи мо бештар ба номҳои порсӣ/форсӣ, дарӣ ё порсии дарӣ ёд шудааст.

Порсии дариро забоншиносон дар муқоиса бо порсии бостон (забони давраи Ҳахоманишиён) ва порсии миёна (забони давраи Сосониён) “порсии нав” меноманд. Порсии “бостон”, “миёна” ва “нав” номҳои шартӣ ё қарордодиянд, ки бештар дар маҳофили илмӣ ва дар мабоҳиси забоншинохтӣ ба кор мераванд, дуруст мисли инглисии қадим, миёна ва нав. Бисёре аз забонҳои дигар ҳам ба ҳамин шева се давраи такомулиро таҷруба кардаанд.

Чаро порсӣ?

Ин ки забони мо “порсӣ” ном дорад, ба ин далел аст, ки хостгоҳи он минтақаи Порс дар ҷануб-ғарби фалоти Эрон аст. Гунае аз ин забон, ки дар маҳофили забоншиносӣ порсии куҳан ё порсии бостон (Old Persian) номида мешавад, аз оғози ҳазораи аввали пеш аз милод дар минтақаи Порс (тақрибан ҳамон устони Форси имрӯзӣ ва манотиқи перомуни он дар Эрон) роиҷ буда, бо рӯи кор омадани шаҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба яке аз забонҳои расмии ин имперотурӣ табдил шудааст – имперотурие, ки ба нивиштаи худи Шоҳ Дориюш, қаламраваш аз сарзамини “сакоиҳои моварои Суғд то Кӯш (Ҳабашистон) ва аз Ҳинд то Испордо (Юнон)” густарда буд.

Ба гуфтаи Уктур Шерву, эроншиноси маъруфи нурвежӣ ва устоди Донишгоҳи Ҳорворди Омрико, номи Порс бори аввал ба гунаи “Порсуваш” ҳамроҳ бо номи Мод (Matai) дар садаи 9-и пеш аз милод, дар асноди Шалманасри Севум, подшоҳи Ошурӣ, сабт шудааст. Ин вожа бо вожаи “порса” (pārsa) ҳамреша ва гунаи куҳантари он “порсво” (*pārćwa) будааст.

Номҳои ин ду қавми эронӣ – порсиҳову модҳо – баъдҳо дар осори бобиливу ошурӣ, ва бавижа юнонӣ, батакрор ёд шудааст. Аз ҷумла дар яке аз кутуби муқаддаси масеҳиён мақоле ҳаст, ба ин сурат, ки “Қонуне вазъ кун, чун қавонини порсиҳову модиҳо, ки тағйир накунад.” Яъне эрониёни куҳан дар посдорӣ аз қонун барои мардумони дигар намуна будаанд. Муваррихони юнонӣ ин ду қавмро аз ҳам ташхис додаанд, ҳарчанд таъйид кардаанд, ки ҳарду қавм ба худашон “ориё” (эронӣ) мегӯянд.

Номи Порс дар қолаби “Persia” аз забони юнонӣ ба лотин ва забонҳои дигари урупоӣ гузашта ва фарангиён то миёнаҳои садаи 20 Эронро бештар ба ҳамин ном мешинохтанд. Дар соли 1935 Ризошоҳи Паҳлавӣ аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки номи бумии “Эрон” (Iran)-ро ба кор баранд. Бо ин ҳол, корбурди номи “Persia” дар бофтори торихӣ ривоҷи густардае дорад. Дар манобеъи шарқӣ, аз ҷумла осори арабию исломӣ, низ вожаи “Форс” маҳдуд ба як минтақа ё қавм нест, балки дар мавриди ҳамаи мардумони эронӣ ба кор рафтааст.

Забонҳои “расми”-и имперотурӣ

Осори бозмонда ба забони порсии бостон иборат аз сангнибиштаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ аст, ки байни 600 ва 300 пеш аз милод падид омада ва бештари онҳо ба Шоҳ Дориюши Бузург ва фарзанду наваҳояш таъаллуқ доранд. Муҳимтарини ин осор сангнибиштаи кӯҳи Беҳистун (ё ҳамон Бесутун) аст, ки ба хатти мехӣ ва ба се забони порсии бостон, эломӣ ва аккадӣ нивишта шудааст. Гуфта мешавад, ин сангнибиштаро Ҳенрӣ Ровлинсун, як маъмури Кумпонии Ҳинди Шарқии Бритониё, дар солҳои 1835-47 нусхабардорӣ ва рамзгушоӣ кардааст. Рамзгушоӣ аз он ва катибаҳои дигари порсии бостон роҳро барои рамзгушоии садҳо катибаи дигар ба хатти мехӣ, аз ҷумла ба забонҳои эломию аккадӣ ва ошурӣ, боз кардааст.

Забони эломӣ забони мардумоне буд, ки дар Эломи куҳан ё Хӯзистони имрӯзӣ (дар ҷануб-ғарби Эрон) роиҷ буда ва забони аккадӣ ҳам забони бобилиёни қадим (Ироқи имрӯзӣ) аст. Куруши Бузург, поягузори давлати Ҳахоманишӣ, дар соли 539 пеш аз милод, Бобилро фатҳ кард ва қаламрави имперотурияшро аз марзҳои Эронзамин фаротар бурд. Ӯ яҳудиёнро аз асорати Бобил раҳо сохт ва маъбадашонро дар Уршалим бозсозӣ кард. Устувонаи Куруш, ки дар Музейи Бритониё нигоҳдорӣ мешавад, ҳовии матне ба забони бобилӣ аст, ки бисёре онро “нахустин эъломияи ҳуқуқи башар” мехонанд, зеро ин санад озодиҳои мазҳабӣ ва фарҳангиро барои ҳамаи мардумони имперотурӣ дар он замон арзонӣ доштааст.

Бо таваҷҷуҳ ба суннатҳои роиҷ дар Миёнрӯдон ва фарҳанги таҳаммул ва раводорӣ, ки шоҳони Ҳахоманишӣ бар он такя мекарданд, ин се забон дар дастгоҳи идории давлати Ҳахоманишӣ дар мақоми “забонҳои расмӣ” буданд. Албатта, мафҳуми “забони расмӣ” дар он рӯзгор вуҷуд надошт, вале чун ин се забон дар дастгоҳи давлатӣ корбурд доштанд, метавон ба онҳо забонҳои расмӣ гуфт, яъне ҳамон мақомеро доштаанд, ки забонҳои расмии имрӯз дар ин ё он кишвар доранд. Албатта, осори бозмонда аз даврони Ҳахоманишӣ ҳокист, ки фармонҳо ва дастурҳои шоҳон ба забонҳои мухталифи дигаре ҳам дар қаламрави имперотурӣ тарҷума мешудааст.

Порсизода, ориётабор

Бархе аз эроншиносон бар ин назаранд, ки шоҳ Дориюш бар мабнои хатти мехии роиҷ дар Миёнрӯдон барои забони порсии бостон низ хатте сохта буд, ки сангнибиштаҳояш ба он хат аст, ҳарчанд хати мехии порсӣ бо он хатҳо тафовут дорад. Бо ин ҳол, дар умури девонӣ аз хати алифбоии оромӣ истифода мешуд, ки батадриҷ ҷойгоҳи хати мехиро танг кард. Баъдҳо хатту алифбоҳои бисёре аз забонҳои роиҷ дар Эрон, чун паҳлавӣ, сурёнӣ, ибрӣ, суғдӣ ва ҳатто имрӯза хатҳои арабию форсӣ ва ҳиндӣ бар мабнои ин системи хаттӣ шакл гирифтаанд. Забоншиносон ба он “оромии шаҳаншоҳӣ” мегӯянд, чун ба Ҳахоманишиён мансуб аст.

Шоҳ Дориюш дар сангнибиштаи кӯҳи Беҳистун аз худ ба унвони “шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи Порс, шоҳи кишварҳо, писари Виштосп, наваи Аршоми Ҳахоманишӣ” ёд мекунад: “Адам Дораявауш, хшоясия вазрака, хшояса хшоясиёном, хшоясия Порсаий, хшоясия даҳюном, Виштоспаҳё пусра, Аршомаҳё напо, Ҳахоманишия...

Дар инҷо “адам” ба маънои “ман” аст, ки бо вожаи “азум” ё “узум” дар забонҳои Бадахшон ҳамреша аст. Дар порсии имрӯз ин вожа вуҷуд надорад ва ҷои онро “ман” гирифтааст, ки дар порсии бостон барои баёни ҳолати моликият ба кор мерафт, чунончи дар иборати “мано пита Виштоспа” (падари ман Виштосп аст) дар ин катибаҳо дида мешавад. “Хшой” (xshâyathiya) муъодили “шоҳ”, “пусра” (puça) муъодили писар, “напо” (napâ) нава ё набера аст.

Шоҳ Дориюш дар сангнибиштаи Нақши Рустам дар Тахти Ҷамшед худро аз қавми “порсӣ, порсизода ва аз миллат ё нажоди эронӣ” (pârsa pârsahyâ puça, ariya ariyaciçaпорса, порсаҳё пусра, ария, ариячисра – порс, писари порс, ориё, ориётабор) муъаррифӣ мекунад. Дар кӯҳи Беҳистун ӯ забони сангнибиштаашро, ки мо имрӯз порсии бостон мехонем, “ориё” номидааст.

Эрон ва анэрон

Аз инҷо ба назар меояд, ки шоҳони Ҳахоманишӣ ба забони худ ағлаб “ориё” мегуфтаанд, то порсӣ. Аммо номи “ориё” фақат ба порсии бостон маҳдуд намешуд, чун дар он даврон гӯишварони забонҳои дигари эронӣ ва ҳатто ҳиндӣ низ забонҳои худро “ориё” меномиданд. Дар осори санскрит вожаи “ориё” гоҳ ба маънои номи забон меояд, ки манзур аз он худи санскрит ё забони “Ведоҳо” аст. Забоншиносон санскритро хоҳари забони авестоӣ медонанд, бавижа ин ки бахшҳои куҳантари “Авесто” ба забоне наздик ба забони “Ведоҳо” суруда шудааст.

Тақрибан ҳазор сол баъд аз Дориюш, мебинем, ки шоҳи Кӯшонӣ, Канишко низ забони яке аз нибиштаҳои худро “ариё” меномад. Ин “ариё” порсии бостон нест, санскрит ва забони авестоӣ ҳам нест, балки забони балхӣ ё бохтарии даврони миёна аст, ки ба хатти юнонӣ нивишта мешуд. Шоҳ Канишко низ матнеро ба забонҳои юнонӣ ва балхӣ нивишта ва забони балхии худро “ариё” меномад.

Устод Раҳоми Аша, пажӯҳишгари забонҳои бостонӣ, бар ин назар аст, ки ҳарду вожаи “ариё” ва “порса” дар он даврон чун номи забон ба кор мерафт. Аввалӣ як вожаи ом аст барои бозшинохтани “эр” (ориё ё эронӣ) аз “анер” (ғайриэронӣ), дувумӣ як вожаи хос аст “барои бозшинохтани мардум, забон,.. андар худи Эрон.” Аз назари устод, ин бад-он мемонад, ки як фаронсавӣ дар баробари чинӣ ва ҳиндӣ аз забон ва табори худ “урупоӣ” ном барад, вале дар дохили Урупо худ ва забонашро “фаронсавӣ” хонад.

Вай мегӯяд: “Ҳангоме ки Дориюш аз худ ва забони худ ҳамчун “эр” (ariya) ёд мекунад, худ ва забони худро аз мардум ва забонҳои дигар, монанди оромӣ ва аккадӣ ва ҳелинӣ (юнонӣ) ва... ҷудо мекунад. Андар худи Эрон худ ва забони худро “порсӣ” (порсӣг) ва портӣ ва суғдӣ ва хоразмӣ ва балхӣ ва... мешиносад. Ба ҳамин шева, Канишк, шоҳи Кӯшон, забони хешро “эр” (αριαο) мешиносад, на барои ҷудо кардани забони худ аз як забони худӣ, монанди порсӣ ё суғдӣ, бе (балки) барои ҷудо кардан аз забони бегонаи ҳелинӣ (ιωναγγο). Вожаҳои “эр” (ariya) ва порсиг (*pārsii̯a-ka) ҳамеша дар канори ҳам будаанд ва яке ба ҷои дигаре нанишастааст.”

Ба гуфтаи устод Аша, номи “порсӣ” дар забони порсии бостон ба гунаи “Pārsa-”, дар суғдӣ ба гунаи “Pārsīk”, дар санскрит ба гунаи “pārasīka-”, дар порсии миёна ба гунаи “pārsīg” дар сурёнӣ ба гунаи “ܦܪܣܝܐ”, дар чинӣ ба гунаи “波斯 /Bōsī

Худои эрониён

Барои ин ки дарк кунем, чаро Дориюш ва Канишко дар фосилаи ҳазор сол аз ҳам забонҳои порсию балхии худро дар баробари забонҳои бегона “ориё” номидаанд, метавон ба мавориде мушобеҳ дар торихи забоншиносӣ ишора кард.

Масалан, имрӯз чандин забони туркӣ вуҷуд дорад, ки мо маъмулан як номро дар мавриди ҳамаи онҳо ба кор мебарем: туркӣ. Дар ҳоле ки ҳар кудоме аз ин забонҳо аз якдигар комилан мустақил ва забонҳои ҷудогона маҳсуб мешаванд. Гоҳ барои ин ки онҳоро аз ҳам ташхис бидиҳем, мегӯем “туркии истонбулӣ” ва “туркии чағатоӣ” ва “туркии озарӣ” ва монанди инҳо. Дар осори адаби порсӣ номи “турк” низ дар мавриди қавму қабоили мухталифи турку муғул ва ҳатто чинӣ ба кор рафта ва удабои гузаштаи мо номҳои қавмию қабоилии онҳоро камтар ба кор бурдаанд.

Ба ҳамин шева, порсиҳову модҳо ва дигар мардумони эронӣ ҳам дар он даврон худро дар маҷмӯъ эронӣ ва забонҳояшонро “ариё” меномиданд. Бино бар ин Шоҳ Дориюш ҳам худро “порсизода ва ориётабор” хондааст. Ҳамсоягони ғайриэронии порсиҳову модиҳо, мисли бобилиҳо ва эломиҳо, низ ба онҳо ва забонашон дар маҷмӯъ “эронӣ” мегуфтанд, агарчи номҳои қавмии порсӣ ва модиро ҳам ба кор бурдаанд. Масалан дар сангнибиштае ба забони аккадӣ (бобилӣ) аз Аҳуромаздо ба унвони “Худои эрониён” (Аурамазда наппа ҳарриянам) ном бурда шудааст.

Вожаи “ориё/ариё”, ки дар китоби “Авесто” ва дар “Ведоҳо”-и ҳиндӣ зиёд ба кор рафта, асолатан ба маънои наҷибу озода ва порсо (яъне порсиву ориёӣ ё эронӣ маънои муштарак доранд!) буда, торихе бас куҳан дорад ва ба давроне бармегардад, ки эрониёну ҳиндувон ҳануз як мардум буданд. Баъд аз падид омадани дини Зартушт яъне эрониён маздаяснӣ шуданд ва ҳиндувон кешу боварҳои куҳани худро ҳифз карданд ва бо муҳоҷиратҳои мутадовим ба шибҳиқорраи Ҳинд ин кешу боварҳояшон бо кешу боварҳои мардумони бумии онҷо даромехт.

Бо ин ҳол, ҳарду гурӯҳ барои қарнҳои мутамодӣ ҳувияти ориёии худро ҳифз карда ва ба худ ва ба забонҳояшон “ариё” мегуфтанд, агарчи ба далели фосилаҳои зиёди ҷуғрофиёӣ тафовутҳое дар лаҳҷа ва гӯишҳои онон падид омада буд ва ҳар кудоме аз ин гӯишҳо ба забоне мустақил табдил шуда буд. Вале ба мурури замон ва бо пурранг шудани ин тафовутҳо, ин забонҳо аз ҳам ташхис дода шуданд ва ҳар кудоме ба номи маҳал ё минтақае мусаммо шуд, ки дар онҷо бештар мутадовил буд.

Таҳаввулоти забонӣ

Дар даврони бостон мо манобеъи кофӣ дар даст надорем, ки тафовутҳо байни забонҳо ва гӯишҳои маҳаллии эрониро ба мо бознамояд, ба истиснои вожаҳое аз забони модӣ, ки дар мутуни порсии бостон ба кор рафтаанд. Вале дар давраи миёнаи такомули забонҳои эронӣ (даврони Ашкониёну Сосониён) ин тафовутҳоро метавон ба сароҳати бештар мушоҳида кард. Дар ин даврон асомии “маҳаллии” забонҳои эронӣ барҷастатар шуд, монанди “порсӣг”, ки мансуб ба Порс аст ва “паҳлавонӣг”, ки ба Паҳлав (шимол-шарқи Эрон) ва “суғдӣк”, ки дар Суғд мутадовил буда ва “хоразмик”, ки дар Хоразм ва балхӣ ё бохтарӣ, ки дар Балх ривоҷ доштааст.

Албатта, замони дақиқи гузори забони порсӣ аз давраи бостон ба давраи миёна маълум нест, вале бо гузашти рӯзгоре пас аз ҳамлаи Искандар ба Эрон мебинем, ки таҳаввулоти овоӣ ва дастурии ҷиддӣ дар ин забон сурат гирифтааст. Ҳарчанд ба гуфтаи бархе аз забоншиносон, нишонаҳое аз ин таҳаввулотро пеш аз ҳамлаи Искандар дар сангнибиштаҳои Хашоёршо ҳам метавон мушоҳида кард.

Ба ҳар ҳол, осори боз монда ҳокист, ки дар замони Ашкониёну Сосониён номи “порсӣг” дигар тасбит шуда ва забоншиносон ба ин давраи такомулии забони мо “порсии миёна” мегӯянд. Порсии миёна дунболаи мустақими порсии бостон маҳсуб мешавад, ки ба мурури замон бархе аз вижагиҳои дастурию савтии худро аз даст дода ва вижагиҳои тозае касб кардааст. (Дар матлабе дигар ба он хоҳем пардохт.)

Мароҷеъ:

1) Деҳхудо, Луғатнома, аз торнамои https://vajehyab.com/dehkhoda/%D9%85%D8%A7%D9%87-4
2) Мутуни порсии бостон, бар пояи китоби Roland G. Kent, Old Persian, 1953, аз торнамои http://www.avesta.org/op/op.htm
3) Encyclopaedia Iranica, аз торнамои https://iranicaonline.org/
4) Encyclopaedia Britannica, аз торнамои https://www.britannica.com/place/Bisitun
5) History of Persian Language, UCLA, Language Materials Projects, Iran Chamber Society, https://www.iranchamber.com/literature/articles/persian_language.php
6) Persian Languages and Literature at UC Santa Barbara, https://persian.religion.ucsb.edu/

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.