Муҳоҷирон дар Мариупол: 120 000 рубл ваъда карданд, аммо фиреб доданд. ВИДЕО

Муҳоҷирони тоҷик дар Мариупол

Беш аз 120 муҳоҷири тоҷик, ки барои кор дар шаҳри Мариуполи аз ҷониби Русия ғасбшуда, ҷалб шуда буданд, мегӯянд, корфармоён фиребашон додаанд.

Муҳоҷирони тоҷик, ки бархе 5-6 моҳи пеш ва гурӯҳи дигар як моҳ қабл аз Русия барои кор дар Мариупол, шаҳри аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина ҷалб шуданд, мегӯянд, маоше, ки барояшон ваъда шуда буд пардохт нашудааст.

Бо ваъдаи пули калон ба Мариуполи ғасбшуда

Муҳоҷирон мегӯянд, онҳоро бо ваъдаи пули хуб ба ин минтақа оварданд ва қарор буд ҳар моҳ 120 ҳазор рубл маош бигиранд, аммо ҳоло корфармоён ба онҳо то 60-70 ҳазор рубл медодааст, ки ба гуфтаи муҳоҷирон ҳеч фарқе аз кор дар дохили Русия надорад.

Сунатулло, муҳоҷири 20-солаи тоҷик, рӯзи 5-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, моҳе пеш ба Мариупол омад.

“Ба мо гуфтанд, ки ҳар 15 рӯз пас маошро медиҳанд ва ҳар моҳ 120 ҳазор рубл маош мегирем. Дар ним моҳ ба ман 45 ҳазор рубл доданд. Гуфта буданд, ки ҷои хобу хурок ҳамаш таъмин мешавад. Ҷои хобамон ҳам безеб аст, хурду хурокамон ҳам бад аст. Маош ҳам ба таъхир ба мо дода мешавад, вале он ҳам кам,”—гуфт ӯ.

Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, ҳоло роҳи берун рафтан аз Мариуполро ҷустуҷӯ дорад. Мехоҳад бо даст додани имкон онҷоро тарк кунад.

Исо, муҳоҷири дигар панҷ моҳ боз дар Марипол кор мекунад, вале мегӯяд, боре ҳам маошашро сари вақт нагирифтааст. Исо мегӯяд, онҳо бо кӯмаки афроди алоҳида ба Мариупол оварда шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳоҷирони тоҷикро дар Мариуполи ғасбшуда фиреб доданд

Талоши мо барои пайдо кардани назари онҳое, ки муҳоҷронро ба кор ҷалб кардаанд, натиҷа надод. Аммо ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик аз пардохт нашудани ҳақмуздашон дар Мариупол шикоят мекунанд.

Афзоиши талошҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба кор дар Мариупол

Дар ним моҳи ахир чандин муҳоҷир бо муроҷиат ба Радиои Озодӣ ва ирсоли аксу навор аз шароити кор ва напардохтани пули корашон шикоят кардаанд. Рӯзи 20-уми ноябр ҳам чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик аз Мариупол занг зада, гуфтанд корфармо онҳоро фиреб додааст.

Дар моҳҳои охир чанд ширкати русӣ эълон карданд, ки барои барқарор кардани харобаҳо дар шаҳри ишғолшудаи Мариупол коргар меҷӯянд. Баъзе аз ин ширкатҳо даҳҳо муҳоҷири тоҷикро бо ваъдаи пули хуб ба ин минтақа бурдаанд. Муҳоҷирон дар ин шаҳр бинҳои қисман ё пурра вайроншударо тармиму бозсозӣ мекунанд.

Зоҳиран даъватҳо барои кор ба ин минтақа ҳоло бештар шудаанд, бархе аз муҳоҷирон бо умеди дарёфти пули хуб ин даъватро қабул кардаву рафтаанд, бархеи дигар аз тарси муҷозот шудан аз сафар ба минтақаи ғасбшуда худдорӣ мекунанд.

Сафари муҳоҷирон ба минтақаи ғасбшуда ҷавобгарӣ дорад

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, ҳоло як суоли аслие, ки аз аксар муҳоҷирон мегиранд ин аст, ки оё рафтан барои кор дар ин минтақаи ишғолшудаи Украина аз сӯйи Русия ҷиноят аст ё не? Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, сафар ва кори муҳоҷирон дар Мариупол мухолиф ба қонунҳои байналмилалӣ аст.

"Мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ онҳо дар ҷое қарор доранд, ки бе иҷозаи Украина ҳаққи вуруд ба онро надоранд. Ин замин, замини Украина дониста мешавад ва бе иҷозаи ин кишвар вориди он шудан ҷавобгарӣ дорад. Агар онҳо дар онҷо асир гирифта шаванд, тибқи қонунҳои Украина ва байналмилалӣ ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Онҳо мисли сарбозон асир ҳисоб намешаванд."- афзуд, Каримҷон Ёров

Сафорати Тоҷикистон дар Русия пештар ҳушдор дода буд, ки муҳоҷирон ба минтақаҳои хатарнок сафар накунанд. Украина сафар ба Мариуполро марзшиканӣ медонад, ки бар асоси қонунҳои ин кишвар ҷазо дорад.

Русия аз ҳаво ва замин 3 моҳ ин шаҳри бандарии Украинаро мушакборон карда буд. Аввали тобистони имсол пас аз даргириҳои сахт Маскав шаҳри бандарии Марипуолро ғасб кард ва ҳоло талош дорад, бо истифода аз нерӯи муҳоҷирон биноҳои харобшударо бозсозӣ кунад. Муҳоҷироне, ки мегӯянд, фиреб хурданд ва аз рафтан ба ин минтақа пушаймонанд.