Барфи зиёд субҳи имрӯз, ҳаракати мошинҳо дар бархе аз роҳҳои Тоҷикистонро мушкил кард.
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини ягона роҳи пулакӣ дар кишвар аст, субҳи имрӯз эълон кард, ки ҳаракати мошинҳои боркаш аз ҷумла “Фура” дар роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан манъ шуд. Аммо баъд аз зуҳр масъулини ин ширкат аз боз шудани роҳ барои мошинҳои борбар хабар доданд.
Бино ба пешбинии муттахассисон, боридани барф ва ҳавои сард дар ҳудуди Тоҷикистон то 9-уми декабр идома мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз боришоти шадид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва хатари омадани тарма дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ҳушдор дода, аз сокинон хостааст, безарурат ба сафар набароянд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рузи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи боридани барф дар аксар минтақаҳои кишвар ниҳодҳои марбута, дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. “дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдудият барои мошинҳои борбар муваққатан ҷорӣ шудааст. Лекин ҳамаи роҳҳо боз аст. Вазорати нақлиёт ҳам вазъро пурра зери назорат гирифтааст”.
Видеоро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барфи субҳи 5-уми декабр барои ронандаҳое, ки нияти сафар ба Хуҷандро доштанд ё баръакс аз он ҷо ба Душанбе омадан мехостанд, мушкил эҷод кард. Аминҷон Мақсудов, роҳбари нуқтаи вазнченкунии қитъаи 39-уми ширкати IRS, ба Радиои Озодӣ гуфт, боридани барфи пуршиддат аз километри 47-ум то 73-юми роҳи Душанбе – Чаноқ сабт шудааст.
Масъулини ин ширкат гуфтанд, дар сурати идома ёфтани боришоти пуршиддати барф, имкон дорад, маҳдудият дар ҳаракати мошинҳо дубора ҷорӣ шавад. Зеро ба таъкиди онҳо ҳаракати мошинҳои борбар дар роҳи пурбарф метавонад боиси танбашавӣ гардад.
“Агар боридани барф дар боло зиёд шавад, барои тоза кардани роҳ мо бояд мошинҳоро манъ кунем. Баъд аз тоза кардан иҷозаи ҳаракат медиҳем. Кушиш мекунем, ки субҳи барвақт роҳ кушода шавад ва мошинҳо ҳаракаташонро идома диҳанд. Масъулони ширкат ҳамроҳ бо кормандони БДА шабонарузӣ кор мекунанд».- афзуд, Аминҷон Мақсудов, корманди ширкати IRS
Ронандаҳое, ки дар масири Хуҷанд-Душанбе кор мекунанд, гуфтанд, ҳаракат дар қисматҳои баландкӯҳи роҳ мушкилгузар аст.
Ҳамасола бо шуруи фасли зимистон равуо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил мешавад. Ин масир феълан ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS аст.
Фирдавс Ҷураев, ронандаи мошини боркаш, ки шаби гузашта ба роҳ баромада буд ва зуҳри имрӯз ба ноҳияи Варзоб расидааст, гуфт: «Роҳ пурбарф буд, пеш-пеши мо тоза карданд, мо омадем. Агар барф зиёд борад, беҳтар аст ронандагоне, ки зарур нестанд, ба роҳ набароянд. Ҳозир чандон мушкил нест, вақте барфи зиёд шуд, дар роҳ мушкил мешавад, ду-се руз дар роҳ мемонӣ.”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, то ҳол дар минтақаҳои дигари кишвар ҳеҷ мушкиле сабт нашудааст. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин кумита гуфт, бо дастури ҳукумат, ниҳодҳои дахлдор дар ҳолати омодабош қарор доранд ва алакай дар роҳҳои пурбарф маводҳои зиддилағжиш пошида шудааст.