Яке аз наздикони дигари Толиб Айёмбеков, фармондеҳи собиқ ва аз афроди бонуфуз дар Бадахшонро боздошт карданд. Вокуниши мақомот ба ин хабар ҳанӯз дастрас нест.
Қурбонҷон Айёмбекови 33-сола, бародарзодаи Толиб Айёмбековро рӯзи 1-уми декбар дар марзи Русия бо Украина дастгир намуда, ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
Дар ин бора наздикони Айёмбеков ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, Қурбонҷон як сол боз дар Русия қарор дошт. Баъди таъқиб ва боздошти чанд узви ин хонавода ӯ борҳо талоши фирор ва убури марзи Русияро карда буд, аммо муваффақ нашуд.
"Ӯ баъди ҳаводиси Хоруғ дар тирамоҳи соли 2021 ба Маскав рафт ва ним соли охир дар он ҷо зиндагӣ ва дар сохтмон кор мекард"- гуфт, ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ. Айни замон, ба гуфтаи наздиконаш, Қурбонҷон Аёмбеков алакай дар Душанбе қарор дорад, аммо маълум нест, ки дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад.
Бино ба иттилои манобеи дигар, Қурбонҷон Айёмбеков боздошт, аммо ҳанӯз ба Тоҷикистон истирдод нашудааст.
Баъди ҳодисаҳои Хоруғ, чанд нафар аз пайвандони Толиб Аёмбеков дастгир ва ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Худи Толиб Айёмбеков ва писари калонии ӯ, Ғуломали Абдураҳмонов ҳукми абад гирифтанд,ду писари дигараш Ҳасаналӣ Абдураҳмонов 20 сол, Маҳмадалӣ Айёмбеков 29 сол ва бародаронаш Окилу Аноятшо Айёмбековҳо барои 30 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Бародарзодааш Мамадамон Айёмбеков 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Толиб Айёмбеков рӯзи 11-уми июни имсол дар Хоруғ дастгир шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои вазнине мисли куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барангехтани кинаву адоват айбдор карданд.
Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо марги 34 кас анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли мадании бадахшониро дастгир карданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи октябри имсол гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон 77 нафарро ҷазо доданду муҳокимаи даҳҳо каси дигар идома дорад. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, онҳо гуноҳе накардаанд ва ҳамагуна иттиҳомот беасос аст. Созмонҳои ҳоми ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки таъқиби фаъолони бадахшонӣ ва наздикони онҳо бас кунад.