Нокомии ду паҳлавони тоҷик дар Tokyo Grand Slam 2022

Сомон Маҳмадбеков чандин ҷоизаҳои дигар дорад.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи ҷаҳонии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) “Тоскулоҳи бузург” (Tokyo Grand Slam 2022), ки 3-юми декабр дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио шуруъ шуд, ду варзишгари тоҷик – Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Сомон Маҳмадбеков - ноком шуданд.

Муҳаммадраҳим Сарахонови 23-сола дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар даври аввал Андрев Муннингси 24-соларо аз Баҳамас шикаст дод, вале дар даври дуюм аз Кен Ойошии 24-солаи ҷопонӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар вазни то 73 кило Соиши Ҳашимотои 31-сола, ки дар даври ниҳоӣ бар ҳамватанаш Ҳайато Когои 25-сола ғолиб омад, бо медали тило сарфароз шуд.

Сомон Маҳмадбекови 23-сола бошад, дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм ба намояндаи Бразилия Гуилҳерме Счимидти 22-сола дастболо шуд. Вале Сомон дар даври сеюм аз гуштигири 28-солаи ҷопонӣ Кеня Коҳара ноком гардид ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал бенасиб монд.

Дар ин вазн Кеня Коҳараи ҷопонӣ дар финал ҳамватанаш Таканори Нагасеи 29-соларо мағлуб карда, соҳиби медали тило шуд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, “Тоскулоҳи бузург” дар Токио бо ширкати 346 варзишгар (201 мард ва 145 зан) аз 59 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома меёбад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ғайр аз Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Сомон Маҳмадбеков, инчунин Эмомалӣ Нуралӣ дохил аст. Эмомалии 20-сола, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод аст, 4-уми декабр дар даври дуюм бо гуштигири 18-солаи ҷопонӣ Шинсеи Ҳаттори рақобат мекунад.

Дар рӯзи аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ - 3-юми декабр, ки дар ватани ҷудо баргузор шудааст, варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон (-57, -63, -70 кг) ва дар се вазн байни мардон (-73, -81, -90 кг) мубориза бурданд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 4-уми декабр – занон дар чаҳор вазн (-48, -52, -78,+78 кг) ва мардон низ дар чаҳор вазн (-60, -66, -100, +100 кг) рақобат мекунанд.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда мешавад:

барои ҷойи 1-ум: 5000 евро (варзишгар: 4000 евро, мураббӣ - 1000 евро)

барои ҷойи 2-юм: 3000 евро (варзишгар: 2400 евро, мураббӣ - 600 евро)

барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ (варзишгар: 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).

Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гуштигироне, ки медали тило ба даст меоранд 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ - 500 имтиёз мегиранд. Онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260 имтиёз мешаванд.