Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбеи 1-уми декабр хостори кӯмаки бесобиқаи 51,5 миллиард доллар барои соли 2023 шуд, то ба кишварҳои ниёзманд ёрии инсонӣ фароҳам шавад. Интизор меравад, ки даҳҳо миллион нафар ба шумори касоне, ки дар ҷаҳон ба кӯмак ниёз доранд, илова шаванд. Ин дархости кӯмак нишондиҳандаи афзоиши 25-дарсадӣ нисбат ба соли 2022 аст.
Бар асоси баррасии Созмони Милали Муттаҳид, 65 миллион нафари дигар дар соли оянда ба кӯмак ниёз хоҳанд дошт ва шумораи умумии ин афрод ба 339 миллион нафар дар 68 кишвар хоҳад расид.
Мартин Гриффитс, ҳамоҳангкунандаи кӯмакҳои изтирории Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба ҷанги Украина ва хушксолӣ дар Африқо гуфтааст, ки ниёзҳои башардӯстона ба таври такондиҳана боло аст ва ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳои ногувори имсол бар вазъият дар соли 2023 таъсир мегузорад.
Ҷанги Украина вайрониҳои зиёде ба ҷой гузоштааст ва миллионҳо нафар ба кӯмакҳои ғизоӣ муҳтоҷ шудаанд.
Ҳамзамон, беш аз 100 миллион нафар дар ҷаҳон овора ҳастанд. Даргириҳо ва тағйироти иқлимӣ, буҳрони оворагиро суръат бахшидааст.
Дар ин гузориши Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки 9 моҳи ҷанги Русия ва Украина раванди содироти маводи ғизоиро ба мушкил дучор кардааст ва ҳудуди 45 миллион нафар дар 37 кишвар дар ҳоли ҳозир бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Мартин Гриффитс рӯзи панҷшанбе ҳангоми дархости кӯмаки молӣ гуфт, ки пандемияи КОВИД-19 сабаби амалӣ нашудани барномаи ваксиназании кӯдакон шуда, аз талошҳо барои поён додан ба фақри шадид ҷилавгирӣ кардааст ва бемориҳои дигар афзоиш ёфтааст.
Дар остонаи фаро расидани фасли зимистон, нигарониҳо дар мавриди вазъияти хонаводаҳои фақир ва нодор дар бисёре аз кишварҳо афзоиш ёфтааст.