Нарзулло Дӯстов, собиқ ноиби президенти Тоҷикистон, бар асари бемории тӯлонӣ дар 82-солагӣ дар Узбекистон даргузашт.
Ӯро аввали моҳи ноябри имсол дар шаҳри Тошканд дафн кардаанд, вале хабари марги ӯ нав расонаӣ шуд.
Нарзулло Дӯстов аз соли 1998 ба ин тараф дар Узбекистон ба сар мебурд ва ӯро аз ҳамроҳони полковники ошӯбгар, Маҳмуд Худойбердиев, медонанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро ба гумони талоши табаддулоти давлатӣ, сарнагунии ҳокимият ва ошӯби мусаллаҳона ҷустуҷӯ мекард.
Мирҳусайн Назриев, раиси пешини Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Нарзулло Дӯстов аз бемории саратон фавтид ва ҳафтае пеш ёдбудаш дар Тошканд сурат гирифт.
Нарзулло Дӯстов дар моҳи декабри соли 1991 ноиби президенти Тоҷикистон таъин шуд ва пас аз фишори нерӯҳои оппозитсия дар моҳи майи соли 1992 ба истеъфо рафт.
Мирҳусайн Назриев мегӯяд, Нарзулло Дӯстов то поёни умраш узви Ҳизби сотсиалистӣ буд.
Ӯ дар соли 1994 бар асари як сӯиқасд дар Душанбе захмӣ шуда буд.
Дар соли 1998 баъди ошуби полковник Маҳмуд Худойбердиев Тоҷикистонро тарк кард.
Баҳром Шомиров, муфаттиши додситонии Хатлон, дар соли 1998 гуфта буд, ки "шаби 3 ба 4-уми ноябри соли 1998 ин гурӯҳ аз тарафи Худойбердиев М. ва Нарзулло Дӯстов бо яроқҳои оташфишон муҷаҳазонида шуда, тахминан соатҳои 2 ба 3-и шаб ба вилояти Суғди Тоҷикистон бо мақсади ғасби ҳокимият ҳуҷуми мусаллаҳона карда, тахминан муддати 3 шабонарӯз ҳамаи иншоот ва идораҳои дорои аҳамияти стратегӣ доштаи ин минтақаи ҷумҳуриро зери назорати худ қарор медиҳанд.»
Мақомот гурӯҳи Дӯстов ва Худойбердиевро ба ғасби биноҳои давлатӣ муттаҳам карда буданд.
Он замон мақомот гуфта буданд, ки ин гурӯҳ дар Узбекистон паноҳ бурдаанд. Баъдан, дар расонаҳо хабар нашр шуд, ки Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошубгар дар Узбекистон як воҳиди низомиро раҳбарӣ мекунад. Маълум набуд, ки Дӯстов то охир ҳамроҳӣ Маҳмуд буд ё не. Сарнавишти Маҳмуд Худойбердиев номаълум аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Сарбозон"-и Маҳмуд Худойбердиев мехоҳанд, шиносномаи Узбекистонро гирандГенерал Солеҳзода: "Маҳмуд Худойбердиев дигар дар Узбекистон нест"Ошкор шудани талоши сӯиқасд ба ҷони президент Эмомалӣ РаҳмонАксҳои Маҳмуд Худойбердиев дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа