Дар таркише дар бинои сафорати Украина дар Мадрид як корманди он маҷрӯҳ шуд. Олеҳ Николенко, як намояндаи сафорат дар саҳифааш дар Фейсбук рӯзи 30 ноябр навишт, таркиш замоне рух дод, ки мудири бинои сафорат хост як номаеро, ки ба унвонии сафорат расидааст, бисанҷад. Дар ин таркиш ӯ ҷароҳатҳои сабук бардоштааст. Вазири умури хориҷии Украина Дмитро Кулеба аз ҳамкори испаниаш хост, ки ин ҳолатро мӯшикофона таҳқиқ кунад ва аз сафоратҳои Украина дар хориҷа тақозо хост, ки тадбирҳои амниятии сафоратхонаҳоро шадидтар кунанд.