Маҳбуба Раҳматова, сокини шаҳри Истаравшан ва модари Меҳровар Усмонови 23 -сола мегӯяд, рӯзи 26-уми ноябр писарашро маъмурони ҳарбии шаҳри Конибодом ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Ба гуфтаи модараш, Меҳровар он рӯз барои кӯмак ба назди падараш рафта буд. Модар иддао дорад, ки фарзандаш бемории модарзод дорад.