Наврӯзи Каримзод, гуштигири тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кураш, ки рӯзҳои 24-28-уми ноябр дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон баргузор шуд, дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.
Дар ин вазн Илёс Покдили эронӣ, ки дар даври ниҳоӣ ба намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҷеог Квон дастболо шуд, мақоми аввалро касб кард. Наврӯз Каримзод ва паҳлавони узбек Ғолиб Сулаймонов ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд.
-73 кг
1. Элиас Покдил (Эрон)
2. Ҷеог Квон (Корея)
3. Наврӯз Каримзод (Тоҷикистон)
3. Ғолиб Сулаймонов (Узбекистон)
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба ҷуз аз Наврӯзи Каримзод, боз ду варзишгар - Муҳаммадризо Қувватов ва Фаррух Маҳмудов - намояндагӣ карданд.
Муҳаммадризо Қувватов дар вазни то 60 кило дар даври чорякниҳоӣ аз намояндаи Узбекистон Абдулазиз Ҳамроев мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум шуд.
-60 кг
1. Абдулазиз Ҳамроев (Узбекистон)
2. Муҳит (Ҳиндустон)
3. Муҳаммад Ал-Фатлавӣ (Ироқ)
Фаррух Маҳмудов бошад, дар вазни то 81 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш, дар чорякфинал аз гуштигири қазоқ мағлуб шуд ва бе медал монд.
-81кг
1. Умед Эҳсонов (Узбекистон)
2. Mуҳаммад Муҳаммадӣ (Эрон)
3. Ерзат Аргинов (Қазоқистон)
3. Кунал (Ҳиндустон)
Ҳамзамон дар доираи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон конгресси Созмони байналмилалии кураш (IKA) баргузор шуд, ки дар он 10 федератсияи нави миллӣ ба узвияти IKA пазируфта шуд:
Ҷибути, Миср, Қазоқистон, Нидерланд, Умон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб, Швейтсария, Эквадор.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба кураш, ки рӯзҳои 19-20-уми марти соли равон дар Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳашт медал (ду тилло, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқот беш аз 150 варзишгар аз 25 кишвар иштирок дошт. Тоҷикистонро 14 варзишгар намояндагӣ кард. Паҳлавони тоҷик Додохон Қурбоналиев, ки дар вазни +100 кг дар финал Шоҳрух Усмонови узбекистониро мағлуб намуд, бо медали тилло сарфароз гашт. Медали дуюми тиллоро ба дастаи Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов овард. Вай дар вазни то 60 кг ба намояндаи Узбекистон Абдулазиз Ҳамроев дастболо шуд.
Се медали нуқраро Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг, Субҳиддин Халилзод дар вазни то 73 кг ва Фазилат Гулбоева дар вазни то 57 кг соҳиб шуданд. Се медали биринҷиро Умар Расулов дар вазни то 81 кг, Абубакри Акобир дар вазни то 100 кг ва Мавлуда Асламова дар вазни то 87 кг гирифтанд.