Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи зудҳангоми 20-уми ноябр, ки ба хулосаи нозирони байнулмилалӣ бе рақобати воқеӣ гузашт, дигарбора раиси ҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Вай ба иҷрои дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвараш 7 сол муҳлат дорад.
Ин интихоботи дувуми сиёсатмадори 69-сола дар се соли охир аст. Ба иттилои расмӣ, Қосимҷомарт Тоқаев дар сабқат бо рақибони заифи худ 81 дарсади раъйи интихобкунандаҳоро ба даст овард. Нозирону мухолифон шубҳа карданд, аммо ҳеч нооромии иҷтимоӣ дар пай надошт.
Пас аз тазоҳуроти густурда бо талафоти зиёд дар моҳи январи имсол, ба назар мерасад, ҷомеаи Қазоқистон барои пазируфтани ҳукумати такфардии Тоқаев ба унвони сиёсатмадори мустақил ва бидуни ҳимояти Нурсултон Назарбоев омодаанд.
Тоқаев дар рӯзи интихобот таъкид кард, ки дар Қазоқистон ислоҳоти сиёсӣ идома хоҳад дошт, рӯи пайдо шудани чеҳраҳои нав дар порлумон ҳисоб мекунад ва сиёсати бисёрҷонибаи Қазоқистонро идома медиҳад. “Бо дар назар гирифтани мавқеи геополотикии Қазоқистон, доштани 300 миллиард доллар дар иқтисоди мо ва бо инки дар бозори мо ширкатҳои фаромарзии азим кор мекунанд, Қазоқистонро лозим аст, сиёсати хориҷии чандҷонибаро рӯи даст бигирад”, — гуфт Тоқаев.
Ин сиёсат дар Осиёи Марказӣ ва дар муносибат бо Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? Оё аз сиёсати Назарбоев фарқе хоҳад дошт?
Сиёсатшиноси мустақил, Парвиз Муллоҷонов, мегӯяд, Тоқаев беш аз ҳар замони дигар барои фосила гирифтан аз Русия талош хоҳад кард, зеро наздикӣ бо ин кишвар ба фазои сармоягузорӣ ва афкори умумӣ дар дохил таъсир хоҳад гузошт. “Тоқаев ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва тарҳҳои дигари интегратсионӣ назари начандон мусбат дорад. Ӯ замоне ба сари ҳукумат меояд, ки Русия дар инзивои рӯзафзун аст. Шояд, агар Назарбоев ҳам дар қудрат мебуд, чунин амал мекард”, - мегӯяд Муллоҷонов.
Рӯ ба сиёсати чандҷониба
Баёнияи Қосимҷомарт Тоқаев дар шаҳри Санкт-Петербург дар мавриди ба расмият нашинохтани давлатҳои худхонда дар қаламрави Украина боиси вокунишҳои ҷаҳонӣ ва мавриди қабули ҷомеаи Қазоқистон гардид. Аммо аён аст, ки ин баёния ба идомаи ҳамкорӣ бо Русия таъсири хосе надошт.
“Қазоқистон тамоми кӯшиши худро барои рушди бештари равобит бо шарики стратегии доимӣ Русия, шарикии стратегии абадӣ бо Чин, шарикии стратегӣ бо Амрико, ҳамкории ҳамаҷониба бо кишварҳои бародари Осиёи Марказӣ ва, албатта, бо Туркия ва ҳамаи кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна ба кор хоҳад гирифт", - иқтибос овардааст радиои “Мавҷи Олмон” (DW) аз суҳбати пешазинтихоботии Тоқаев.
Донияр Ашимбаев, сиёсатшиноси қазоқ, ба ҳамин радио гуфтааст, ки Қазоқистон ба воситаи маҷмааи нафту газ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ворид шудааст ва намехоҳад, бо ҳеч давлате робитаашро тира кунад.
“Аз ин рӯ, Тоқаев ҳамеша адабиёти дипломатӣ ба кор мегирад. Талош мекунад, ки мавқеи тарафдорӣ аз Русия боиси асабонияти Амрико нашавад ва дар Маскав аз амрикогароӣ асабӣ нагарданд”, - мегӯяд сиёсатшинос.
Ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ
Аммо ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, сиёсати бисёрҷониба монеи пеш рафтан ба унвони як кишвари пештоз дар Осиёи Марказӣ намешавад.
Ба бовари Парвиз Муллоҷонов, дар ин замина аз сиёсати Нурсултон Назарбоев кор гирифта хоҳад шуд, ки барои пештозӣ дар минтақа бо Тошканд рақобат мекард ва эҳтимоли густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон низ дар миён хоҳад буд. Рақобат барои кишвари роҳбар дар минтақа байни Тошканд ва Остона муддатҳост, баҳси доғ мондааст.
Пойгоҳи “IA-centr” ҳангоми таҳлили санадҳои доктринавӣ ва равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба ин хулоса расидааст, ки кишварҳо роҳбариро дар минтақа мутафовит дарк мекунанд.
“Нурсултон Назарбоев мавзӯи Осиёи Марказиро унсуре аз дипломатияи стратегӣ бо кишварҳои хориҷӣ медонад. Дар ҳоле ки Тошканд ба як рӯйкарди тактикӣ барои тавсеаи равобити минтақавии фарогир дар чаҳочӯби анҷоми вазифаҳои тавсеаи миллӣ пойбанд аст”, - гуфта мешавад дар мақола.
Қазоқистону Узбекистони нав?
Сиёсатшиноси тоҷик, Шералӣ Ризоён, дар сиёсати минтақавии Остона ба се раванд таъкид кард:
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар заминаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон назари ягона доранд, зеро сатҳи ҳозираи равобит ҳифз хоҳад шуд, чун ин ду кишвар дар ҳеч самте дар рақобат нестанд.
Қазоқистон шарики дувуми тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон мемонад ва Душанбе ағлаб по ба пойи навовариҳое, ки дар Остона рӯи даст гирифта мешаванд, мегузорад.