Илон Маск, молики нави "Twitter", тасмимро дар бораи бастани ҳисоби Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, бекор кард.
Маск пештар дар "Твиттер" дар бораи барқарор кардани аккаунти Трамп назарпурсӣ гузаронд. Зиёда аз 50 дарсади посухдиҳандаҳо ба ҷонибдории барқарор кардани саҳифаи ӯ раъй додаанд. Дар овоздиҳӣ 15 миллион корбар ширкат доштанд.
“Vox Populi, Vox Dei” (райъи мардум, райъи Худованд аст), - навиштааст Маск.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, Трамп дар посух гуфтааст, ба "Твиттер" барнамегардад ва аз шабакаи иҷтимоии Truth Social истифода хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки баъд аз дубора дастрас шудани саҳифа беш аз нӯҳ миллион корбар ба саҳфаи президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида дар "Твиттер" обуна шудаанд.
Саҳифаҳои Доналд Трамп дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва Twitter моҳи январи соли 2021 баста шуданд. Он замон ҷонибдорони Трамп, ки бо натиҷаҳои интихоботи президентии Амрико розӣ набуданд, ба бинои Капитолий дар Вашингтон ҳамла карданд. Дар натиҷа чанд нафар ба ҳалокат расид.
Раҳбарияти шабакаҳои иҷтимоӣ иддао карданд, ки Трамп дар ҳисобҳои худ ҷонибдоронашро ба ошӯб ташвиқ кардааст.
Илон Маск "Twitter"-ро дар охири моҳи октябр ба маблағи 44 миллиард доллар харид.