"Соро компания" бори чаҳорум қаҳрамони футзали Тоҷикистон шуд

Бошгоҳи футзали “Соро компания”-и Душанбе таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бори чаҳорум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

19-уми ноябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» бозии сеюми силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он “Соро компания” ба “Истиқлол” бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.

Дар ҳайати “Соро компания” легионери эронӣ Шаҳром Шарифзода ду гол ба самар расонд. Идрис Ёров ва Муҳсин Муҳаммадзода якголӣ заданд. Дар ҳайати “Истиқлол” Рустам Ҳамидов ду гол ва Абдуқаюм Умаров як гол ба номашон сабт карданд.

Ҳамин тариқ, “Соро компания” дар бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ пирӯз шуда, қаҳрамони чаҳоркаратаи футзали Тоҷикистон гардид. Ин даста қаблан солҳои 2018, 2019 ва 2021 барандаи медалҳои тило шуда буд.

Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2022-ро бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ва медалҳои биринҷиро тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ба даст оварданд.

Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022

Финал. Бозии сеюм

«Истиқлол» – «Соро компания» – 3:4

Голҳо: Рустам Ҳамидов, 18 (1:0). Абдуқаюм Умаров, 20 (2:0). Идрис Ёров, 24 (2:1). Шаҳром Шарифзода, 29 (2:2). Муҳсин Муҳаммадзода, 30 (2:3). Шаҳром Шарифзода, 30 (2:4). Рустам Ҳамидов, 37 (3:4).

Бозигари беҳтарини дидор: Муҳсин Муҳаммадзода («Соро компания»).

Ҳисоб дар силсила – 0:3.