"Бе пиво ҳам рӯзатон мегузарад". ФИФА қарори Қатарро шарҳ дод

Президенти ФИФА ё Федератсияи байналмиалии футбол Ҷанни Инфантино рӯзи 19-уми ноябр гуфт, мухлисони футбол бе нӯшидани оби ҷав ё пиво ҳам се соат бозиро тамошо хоҳанд кард. “Дар як рӯз се соат бе пиво ҳам рӯзатон мегузарад”, гуфт Инфантино дар як нишасти хабарӣ дар Давҳа. “Чунин қоидаҳо дар Фаронса, Испания ва Шотландия ҳам амал мекунанд”.

Давлати Қатар, ки имсол мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол мебошад, эълон кард, ки фурӯши пиво дар ҷарёни бозӣ манъ мешавад ва ин хабар 48 соат пеш аз шурӯи бозиҳо барои бисёр мухлисони футбол хабари нохушоянд шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар. Бозии 32 дастаро миллионҳо нафар мебинанд

Дар давлати исломии Қатар истеъмоли машруботи алкоҳолӣ асосан манъ аст, вале эълони махсуси манъи фурӯши оби ҷав дар атрофи варзишгоҳҳои футбол, ки мизбони ҷоми ҷаҳонӣ мешаванд, ба як хабари пурбаҳсе дар як рӯзи гузашта шуд.

Ин дар ҳолест, ки яке аз сармоягузорони бозӣ ширкати пивои “Будвайзер” аллакай таблиғоти худро дар варзишгоҳҳои футбол насб кардааст. Бозиҳои ҷоми ҷаҳон аз 20-уми ноябр то 18-уми декабр дар Қатар бо ширкати 32 мунтахаби беҳтарини олам барпо хоҳад шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар. Бозии 32 дастаро миллионҳо нафар мебинандДар варзишгоҳҳои Қатар нӯшидани машруботро манъ карданд. ВИДЕОРаиси ФИФА хоҳони оташбаси якмоҳа дар Украина шудFIFA ҳайати дастаҳои иштироккунандаи Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатарро нашр кард Украина расман аз FIFA хост, Эронро аз Ҷоми Ҷаҳон-2022 берун кунад