Дар як деҳаи наздик ба хатти ҷанг дар вилояти Донетски Украина кӯдакон сарбозону афсаронро бо шеваи худ пешвоз мегиранд.
Сарбозон аз ин роҳ ба майдони ҷанги зидди Русия мераванд ва аз он сӯ дубора ба қароргоҳҳои худ бармегарданд. Наврасон бо шеваи худ сарбозону афсарони украиниро барои дифоъ аз ватан ташвиқ мекунанд.
Кристинаи 7-сола, парчам дар даст, сарбозонро истиқбол мегираду гусел мекунад. Низомиёни савори тонку мошинҳои низомӣ дар ҷавоб ба духтарча сигнал медиҳанд.
“Ман ба сарбозон наққошиҳоямро тӯҳфа мекунам. Онҳо ба ман ташаккур мегӯянд. Ман барои онҳо расм мекашам ва тӯҳфа мекунам,”—мегӯяд ӯ.
Тасвирҳои Кристина дар бораи ватан ва манзараҳои табиат аст. Бо ин кораш мехоҳад, низомиёни Украинаро дастгирӣ ва хушҳол кунад.
Ӯ аксе, ки дар дасташ буд, ба хабарнигор нишон дод ва гуфт: “Ин расми Шараф ба артиши Украина аст. Боз чунин манзараро кашидам. То онҳо нороҳат набошанд ва хушҳол шаванд.”
Каме дуртар аз Кристина, дар канори роҳ наврасон дидбонгоҳ сохтаанд. Ҳоло ин як бозии маъмулии кӯдакона дар минтақаи наздик ба ҷанг аст. Дар як кӯча бачаҳо 3 дидбонгоҳи кӯдакона сохтаву аз он мошинҳои низомиёнро мушоҳида мекунанд.
Низомиён ҳам вақте дар роҳ кӯдаконро мебинанд, мошинро нигоҳ медоранду ба онҳо ширинӣ ё ғизову пул медиҳанд. Онҳо медонанд, ки сокинон дар минтақаҳои даргирӣ зиндагии сахт доранд.
Аммо кӯдакон мегӯянд, онҳо ба пешвози низомиён барои туҳфаву ширинӣ намеоянд.
Ин наврасон мегӯянд, мактаб намераванд, дарсҳо онлайнӣ сурат мегиранд ва ҷое барои бозӣ ҳам надоранд. Маҷбуранд дар шароити ҷанг онҳо ҳам ҷангбозӣ кунанд. Вақте бонги хатар садо медиҳад, дар чоҳе пинҳон мешаванд, ки худашон кандаанд. Онҳо худро дар ҷанг ва сарбозе тассаввур мекунанд, ки аз Украина дифоъ менамояд.
Русия бесабаб рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг, ки то кунун давом дорад, ҳазорон нафар кушта ва миллионҳо нафар фирорӣ шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Зеленский: Киев барои гуфтугӯ бо Маскав омодааст, агар...Генерали амрикоӣ гуфт, ки Украина шанси пирӯзӣ дорад ё не Байден аз Конгресс барои Украина 37,7 миллиард доллар хостНАТО гуфт, масъулияти таркиш дар Полша ба дӯши Русия астРусия минтақаҳои Украинаро мушакборон кардРусҳои "фирорӣ" ба Гурҷистон миллиард доллар фоида овардаанд. ВИДЕО