30 қадами Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли ҳокимияташ

Эмомалӣ Раҳмон (Раҳмонов), раиси пешини колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара, соли 1992 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва баъдан ба мақоми президент расиду сӣ сол боз ҷилави қудратро ба даст дорад. Ҳукумати ӯро барои ривоҷ додани шахсиятпарастӣ, низоми худкома, фасоди молӣ, ба даст гирифтани тамоми шохаҳои давлат, таъйини наздикон ба мақомҳои баланд ва саркӯби дигарандешону мухолифон ва маҳдуд намудани озодиҳои бунёдии инсон танқид мекунанд. Ҷонибдоронаш ӯро барои, ба гуфтаашон, хатми ҷангу созиши сулҳ ва баромадан аз бунбасти иртибототӣ меситоянд. Радиои Озодӣ 30 қадами Эмомалӣ Раҳмонро дар 30 соли ҳокимияташ гирд овард ва қазоватро ба хонандагон мегузорад.

ҶАНГИ ДОХИЛӢ ВА СОЗИШИ СУЛҲ

Саид Абдуллои Нурӣ - раиси ИНОТ, Борис Елтсин - раисҷумҳури Русия, Акбар Тураҷонзода - яке аз фаъолони мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон қабл аз имзои созишномаи сулҳ

Саид Абдуллои Нурӣ - раиси ИНОТ, Борис Елтсин - раисҷумҳури Русия, Акбар Тураҷонзода - яке аз фаъолони мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон қабл аз имзои созишномаи сулҳ

Баъд аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри 1992, ки иддае онро “тақдирсоз” меноманду Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, доманаи ҷанг дар Тоҷикистон густарда шуд. Ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин зери фишори кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ соли 1997 дар Маскав сулҳ карданд.

БАРГАРДОНДАНИ ГУРЕЗАҲО АЗ АФҒОНИСТОН

Кампи Сахӣ, яке аз урдугоҳҳои фирориёни тоҷик дар Афғонистон. Соли 1993

Кампи Сахӣ, яке аз урдугоҳҳои фирориёни тоҷик дар Афғонистон. Соли 1993

Ҳамчун раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозгардони даҳҳо ҳазор паноҳандаи тоҷикро аз Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя муҳимтарин вазифаи худ номид. Бозгашти нахустин гурӯҳи фирориёни тоҷик аз Афғонистон дар моҳи апрели соли 1994 оғоз шуд.

АЗСАРГИРИИ СОХТМОНИ “РОҒУН”

Маҳалли сохтмони Роғун

Пас аз созиши ноком бо “Русал”-и Русия, ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2010 сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро аз сар гирифт. Ба таъбири мақомот, бо нерӯ ва пули худӣ. Фурӯши иҷбории саҳмияҳои “Роғун”-ро ба роҳ монданд. Раванд танҳо пас аз танқиди созмонҳои байнулмилалии молӣ бас шуд. Чархаи аввали нерӯгоҳ соли 2018 ба кор даромад, аммо сохтмонаш ҳанӯз идома дораду Тоҷикистон ба сахтӣ сармоя меёбад ва бахши бузурги мардумаш азоби бебарқӣ мекашанд.

ДОДАНИ ЯК ПОРА ЗАМИН БА ЧИН

Сарбозони Тоҷикистону Чин ҳангоми навбатдорӣ дар марз

Тоҷикистон соли 2011 дар маросиме бо ҳузури низомиён бахше аз хок ё қаламравашро дар ихтиёри Чин гузошт. Тасмиме, ки ҳукумат онро "пирӯзии дипломатӣ" номид, аммо мухолифон муомилаи пинҳонӣ ва бар зарари кишвару ҷомеа.

ҲАЗФИ КАЛИМАИ ФОРСӢ АЗ ҚОНУНИ ЗАБОН

Гирдиҳамоӣ дар Душанбе, соли 1989. Акс аз Ратушенко

Забони тоҷикӣ соли 1989, дар аҳди Шӯравии пешин, бо тақозои рӯшанфикрони тоҷик мақоми давлатӣ гирифт ва дар аввал "тоҷикӣ-форсӣ" ном дошт. Соли 2009 дар таҳрири нави қонуни забон вожаи "форсӣ" берун андохта шуд.

САДОҚАТИ ШАХСӢ, НА ШОИСТАСОЛОРӢ

Режими ҳокимро дар Тоҷикистон барои он танқид мекунанд, ки худкома асту асосан шахсони ба низом содиқу вафодорро ба мансаб мегузоранд, на шоистаро. Дар Тоҷикистон савганди мансабдорон ба номи раиси ҷумҳур қонунист. Мақомот ҳамеша мегӯянд, кадрҳои ботаҷриба ва озмударо ба кор мегиранд. Як сухани Раҳмон мондагор шуд, ки гуфт, “дар кисаам дигар кадр намонд”.

ИСЛОҲИ ПАЙИҲАМИ ҚОНУНИ АСОСӢ

Қонуни асосии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул ва то ин дам се бор “ислоҳ" шудааст. Мақомот гуфтанд, тағйироти нав заминаҳои беҳтари ҳуқуқиро барои сокинон фароҳам овардааст, аммо мунтақидон мегӯянд, ҳадафи тағйирот бештар тақвияти қудрати раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон буд. Созмонҳои байнулмилалӣ раъйпурсиҳоро барои тағйири Қонуни асосӣ ношаффофу ғайридемократӣ номидаанд.

ҚАБУЛИ ҚОНУНИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбаташ дар солҳои аввали президентӣ аз пешвопарастӣ танқид карда буд, аммо соли 2016 унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро соҳиб шуд ва ҳақ пайдо кард, ки то охири умр дар интихоботи президентӣ ширкат кунад. Ӯ ва хонаводааш умрбод аз дахлнопазирӣ бархурдоранд.

ИМТИЁЗ ВА РУШДИ ШИРКАТҲОИ “ХУДӢ”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистонро барои тақдими имтиёзҳои бебаркаш ба ширкатҳои “худӣ” ва рушд додани корхонаҳои вобаста ба наздикон танқид мекунанд. Дар миёни онҳо бештар аз “Фароз”, “Сомон Эйр” ва “Амирӣ” ном бурда мешавад. Онҳо бахши ҳавопаймоӣ, тиҷорати газу бензин, ҷамъоварии шираи камол ва қаннодиро ба даст доранд.

САРКӮБИ ФАРМОНДЕҲОН ВА МУХОЛИФОН

Мақомоти Тоҷикистон пас аз имзои созиши сулҳ дар чанд амалиёт фармондеҳони пешини оппозитсиюн ва Фронти халқиро дастгиру зиндонӣ карда ва ё куштаанд. Мухолифони сиёсӣ баъд аз соли 2015 ба тарки кишвар маҷбур шуданд. ҲНИТ, ҳизби умдаи мухолиф, мамнуъ ва террористӣ шуд. Ҳизби сотсиал-демократ бо тағйири раҳбар аз як ташкилоти “серизҳорот” ба созмони “хомӯш” бадал ёфт.

МАНСАБИ ФАРЗАНДОН ВА НАЗДИКОН

Эмомалӣ Раҳмон бо духтарону келинаш

Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз сӯи мухолифон барои хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мешавад. Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст. Писараш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон. Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ ва Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раиси ҷумҳур, ҳамроҳ бо шавҳари худ Зарифбек Давлатов машғули тиҷорат. Ашрафҷон Гулов, домоди Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст. Бародарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмон – Исломиддин Раҳмон раиси ноҳияи Данғара ва Умед Раҳмон додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳастанд.

БЕКОРӢ ВА МУҲОҶИРАТ

Дар навбати билету парвози ҳавопаймо ба Русия

Набудани ҷойи кори муносиб боис шудааст, ки солона садҳо ҳазор корҷӯйи тоҷик ба Русия ва кишварҳои дигаре ба мисли Қазоқистону Амрико, Кореяи Ҷанубӣ ва Аврупо бираванд. Мақомоти Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро 2 миллион нафар гуфтанд. Ҷониби Тоҷикистон 600 ҳазор нафар шумурд.

ДОДАНИ ИХТИЁРИ КОНҲОИ ТИЛО БА ЧИН

Чандин ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ба кофтукоб ва истихроҷи маъдан машғуланд. Корхонаи муштараки истихроҷи тилои "Зарафшон" дар дасти ширкати "Zijin Mining" (муштарак), "Покрӯд" дар дасти ширкати "China Nonferrous Gold Limited" ва кони истихроҷи "Якҷилва" дар дасти ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед" аст. ТВЕА, яке аз ширкатҳои бузурги Чин, хати барқи "Ҷануб-Шимол", "Хатлон-Лолазор" ва корхонаи гармидиҳии Душанберо сохта, дар ивази он иҷозатномаи коркарди маъдани "Дуоба" ва "Кумарғи боло"-ро дар ноҳияи Айнӣ ба даст овард.

БА IRS ДОДАНИ РОҲИ ПУЛАКИИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚ

Ширкати IRS, Инновейтив Роуд Солюшнз, ки соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст, ҳамон сол бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон нигоҳубини ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишварро ба ихтиёр гирифт. Дар роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пардохти пул - гузоштааст ва барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад. Соҳибаш маълум нест ё ҳадди ақал ба ҷомеаи Тоҷикистон гуфта нашудааст. Пештар матбуот навишт, ки он ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, вале худи ӯ инро рад кард ва гуфт, соҳиби ширкат нест.

ФИРОРИ МАҒЗҲО

Аз солҳои 90-ум то ҳоло фирори табибону муаллимон ва донишмандону тоҷирон аз Тоҷикистон ба хориҷа идома дорад. Танҳо дар ду соли охир наздик ба 15 ҳазор муаллим дар Тоҷикистон касби худро гузошта ё ба муҳоҷират ба Русия рафтаанд ё аз паси кори дигар шудаанд. Аксар набудани маоши кофӣ, шароити муносиб ва фишори афзунро далел пеш меоранд.

МАҲДУДИЯТИ ОЗОДИҲО

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Амрико, Аврупо, Созмони Милал ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён, озодиҳои сиёӣ ва динӣ танқид кардаанд. Дар шаш соли охир чандин расонаи озод дар Тоҷикистон зери фишор кори худро бас карда, камаш ҳафт хабарнигору блогер дастгиру қисме зиндонӣ шуданд. Мухолифони сиёсӣ ба тарки кишвар мабҷур шуданд.

ТО 2042 МОНДАНИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар аст. Соли 2012 бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз шуд. Мақомот будани пойгоҳи Русияро таъмини амният дар кишвару минтақа медонанд, вале мухолифон таъмини қудрати Эмомалӣ Раҳмон.

МАҲВИ РАҲБАРОНИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН

Дар як амалиёти ба гуфтаи мақомот “зиддитеррористӣ” дар Бадахшон баъзе аз раҳбарони ғайрирасмӣ дар минтақа аз байн бурда шуданд. Мардум онҳоро ҳомии худ медонистанд, вале мақомот узв ва саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ. Дар умум, ба иттилои расмӣ, 29 кас, вале бар асоси рӯйхати Радиои Озодӣ 34 кас кушта шуданд.

СОХТМОНИ “АНЗОБ”

Нақби “Истиқлол” (Анзоб)-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 ба истифода доданд, аммо солҳои дароз як роҳи торику хатарнок ва ноҳамвор барои нақлиёт монд. Танҳо соли 2011 роҳашро ҳамвор ва обашро хушк карданд. Мақомот сохтмони ин ва нақбу роҳҳои дигари байнулмилалиро дар шимолу ҷануб ва шарқ баромадан аз бунбасти иртибототӣ медонанд.

ДУШМАНӢ ВА ДӮСТӢ БО УЗБЕКИСТОН

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити Тошканду Душанбе бисёр сард буд. Сарҳади ду кишвар минакорӣ ва қисме аз роҳи оҳан вайрон шуда, мақомоти Узбекистон тарҳи “Роғун” ва “Талко”-ро дар Тоҷикистон сабаби фалокати экологӣ дар кишвари худ медонистанд. Пас аз марги Каримов дар соли 2016 яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе то ҳадде об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.

ЗАДУХӮРД БО ҚИРҒИЗИСТОН

Интиқоли ҷасади яке аз сарбозони ҷонбохтаи тоҷик дар марз

Тоҷикистону Қирғизистон дар сӣ соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон натавонистанд, бахше аз қаламрави худро таъйину нишонагузорӣ кунанд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳад, зиёда аз сесад километри он номуайян аст. Дар оғоз сокинони ду тарафи марз бо якдигар баҳси лафзиву сангпаротоӣ мекарданд, вале дар соли 2021 ва 2022 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Дар ин ду даргирӣ аз ду ҷониб садҳо кас кушта шуд.

БЕБАРҚӢ МОНД

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон мондааст, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфта. Ҳанӯз чанд сол пеш мақомот гуфта буданд, маҳдудияти интиқоли барқ моли таърих шуд, вале ҳар сол дар тирамоҳу зимистон маҳдудият ҷорӣ мешавад. Онро ба таъмири хатҳои барқу камбуди об пайванд медиҳанд, вале сокинон бовар надоранд.

ИНТИХОБОТҲОИ ОЛУДА БА ТАҚАЛЛУБ

То кунун кишвару созмонҳои ғарбӣ ба интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон баҳои мусбат надода, онро пайваста олуда ба тақаллуб, бидуни рақобати воқеӣ ва ношаффофу ғайридемократӣ хондаанд. Кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Чину Русия, ҳамвора онро демократӣ тавсиф кардаанд.

ЛИБОСИ ЯГОНА ВА МАНЪИ ҲИҶОБУ РИШ

Мақомоти Тоҷикистон пӯшидани ҳиҷобро барои занону духтарон ва гузоштани ришро барои мардон маҳдуд карда, вуруди онҳоро ба дохили идораҳои давлатӣ, аз ҷумла мактаб, манъ карданд. Дар иваз пӯшидани либоси ягона талқин шуд. Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон мавриди интиқоди гузоришгарони Коммиссиюни озодиҳои динии ИМА ва ҳам дигар нозирони риояи ҳуқуқи башар дар хориҷи Тоҷикистон шудааст.

ПОИН ОВАРДАНИ ФАҚР ТО БА 26 ДАРСАД

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мизони фақрро аз ҳаштод дарсади пешина то ба 26 дарсад поин оврадаанд ва инро яке аз комёбиҳои худ мешуморанд. Мухолифон мегӯянд, аксари аҳолӣ ҳанӯз аз камбуди ғизо ва надоштани пули кофӣ ранҷ мекашанд, вале маблағи фиристодаи фарзандону наздикон аз Русия онро то ҷое ҷуброн мекунад.

БОЛО БУРДАНИ МАҚОМИ ЗАН

Тақрибан ниме аз аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва барномаи давлатии боло бурдани мақоми зан дар кишвар тасвиб шудааст. Барои таҳсили духтарон квота медиҳанду барои ба мансаб расидани занон ва роҳ ёфтани онҳо ба порлумон “кумак” мекунанд. Соли 2013 талоши аз қайд гузаштани ягона номзади зан ба мақоми раиси ҷумҳурӣ муваффақ нашуд. Ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназарова дар таърихи интихоботҳои Тоҷикистон ягона зане буд, ки омодагии худро дар мубориза ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ эълом кард.

БЕКОР КАРДАНИ ҲУКМИ ҚАТЛ

Тоҷикистон дар соли 2004 ба ҳукми қатл моратория ё таҳрим эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Аз он сол то ба ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷинояткорон ҳукми қатл содир намекунанд. Истифодаи ҳабси якумрӣ ё ҳабси абад ҳамчун алтернативаи ҳукми қатл дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ононе, ки ба ҳабси абад маҳкум мешаванд, мавриди афв қарор нахоҳанд гирифт.​

СОМОНИЁН ВА ҲАЙКАЛИ БУНЁДГУЗОРАШ

Дар Тоҷикистон соли 1999 аз 1100-солагии давлати Сомониён, таҷлил карданд. Ҳамон вақт ҳайкали Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори давлати Сомониёнро дар маркази Душанбе гузоштанд. Дар давраи Шӯравӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар рамзи досу болға ва ҳайкали Ленинро насб мекарданд. Ҳоло ба оҳистагӣ ҷойи рамзи досу болға ва Ленинро парчаму ҳайкали Исмоили Сомонӣ иваз мекунад. Таҳлилгар Абдумалик Қодиров дар як суҳбаташ гуфта буд, аксар мансабдорони тоҷик тарбияи идеологиро дар замони Шӯравӣ гирифтаанд ва ҳоло он идеологияро дар ҷомаи дигар, ба истилоҳ миллӣ, татбиқ мекунанд.

ТАҚСИМИ ЗАМИНИ “ПРЕЗИДЕНТӢ” БА АҲОЛӢ

Дар солҳои 1995-1996 раиси ҷумҳури Тоҷикистон амр дода буд, ки даҳҳо ҳазор гектар заминро ба мардуми ниёзманд бидиҳанд, то ба ин тартиб мизони нодорӣ дар кишвар коҳиш ёбад. Дар он солҳо гуруснагӣ ва камбуди ғаллаву хӯрокворӣ таҳдид мекард. Давлат ягона роҳи наҷотро дар тақсими замин ба кишоварзон медид.

БАРҶАСТА КАРДАНИ ИДИ КАДУВУ АСАЛ

Чанд сол боз дар Тоҷикистон ба ҷуз аз идҳои бостонии Наврӯз, Меҳргон ва Сада, ҷашнҳои дигаре чун Иди каду, ангур, асал ва харбузаву картошка баргузор мешавад. Мақомот баргузории чунин иду ҷашнҳоро барои рушди ин соҳаҳо муҳим мешуморанд. Мунтақидон мегӯянд, азбаски дар кишвар мушкилот зиёд аст, мақомот мехоҳанд, бо таҷлили чунин ҷашнҳо таваҷҷуҳро ба самти дигар бикашанд.