Трамп номзадии худро барои интихоботи президентии соли 2024 эълон кард

Доналд Трамп, президенти пешини Амрико шоми сешанбеи 15-уми ноябр номзадии худро барои иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 2024, эълон кард.

Трамп дар миёни тарафдоронаш дар Флорида аз сиёсатҳои ҳукумати Ҷо Байден интиқод кард. "Барои боз гардонидани азамат ва шукуҳи Амрико ман имшаб номздаии худро барои президентии ИМА эълон мекунам", -гуфт ӯ.

Ин барои бори савум аст, ки Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико номзад мешавад. Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2020 аз Ҷо Байден шикаст хӯрда буд.

Доналд Трамп дар ин суханронӣ таъкид кард, "аммо ҳамон тавр, ки дар соли 2016 ваъда дода будам, ман садои шумо ҳастам, ман садои ту ҳастам. Онҳое, ки дар Вашингтон нишастаанд, мехоҳанд моро хомӯш кунанд, аммо иҷозаи ин корро ба онҳо намедиҳем".

Президенти пешини Амрико афзуд, "ончӣ дар шаш соли гузашта бо ҳам сохтаем, бузургтарин ҷунбиши таърих аст, зеро дар мавриди сиёсат нест. Ин дар бораи ишқи мо ба ин кишвари бузург, Амрикост ва иҷозат нахоҳем дод, ки шикаст бихӯрад".

Доналд Трамп ваъда дод, ки "демократҳои чапи радикал"-ро, ки талош доранд Амрикоро аз дарун вайрон кунанд, "шикаст" хоҳанд дод. Ӯ афзуд, "ман номзадиамро эълон мекунам, зеро бовар дорам ҷаҳон ҳанӯз шукуҳи воқеии ин миллатро надидааст. Мо ба ин авҷ нарасидаем".

Президенти пешини ИМА дар идома аз амалкардҳои худ дар чаҳор соли раҳбариаш дар арсаҳои гуногун, дифоъ кардааст.

Доналд Трамп нахустин бор дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар соли 2016 бар рақибаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд ва ба Кохи Сафед роҳ ёфт.

Дар сурате, ки Доналд Трамп дар интихоботи соли 2024 ба пирӯзӣ бирасад, дувумин раиси ҷумҳури Амрико хоҳад буд, ки пас аз шикасти дубора ба ин мақом интихоб мешавад. Стивен Гровер Кливленд дар соли 1892 тавонист барои бори дувум ба пирӯзӣ бирасад. Вай дар интихоботи соли 1888 аз Бенямин Ҳаррисон шикаст хӯрда буд.

Доналд Трамп як ҳафта пас аз интихоботи миёндавраии Амрико, номзадии худро барои интихоботи президентӣ эълон кард. Дар ин интихобот ҷумҳурихоҳон бар хилофи пешбиниҳо натавонистанд аксарияти курсиҳои Конгрессро ба даст биоранд.