Русҳои "фирорӣ" ба Гурҷистон миллиард доллар фоида овардаанд. ВИДЕО

Муҳоҷирати шаҳрвандони Русия ба Гурҷистон

Ҳазорон шаҳрванди Русия, ки пас аз оғози ҷанг дар Украина ва эълони сафарбарӣ ба артиш ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Гурҷистон рафтанд, иқтисоди ин кишвари хурдро ба пеш ҳаракат додаанд. Аммо ин нигаронӣ ҳам ҳаст, ки бо баргаштани русҳо мумкин аст, ҳоли иқтисод ногувор шавад.

Иқтисоди Гурҷистон пас аз оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, баръакси кишварҳои аврупоӣ, ки гирифтори мушкил шудаанд, босуръат рушд кардааст.

Далел ҳам фирори беш аз сад ҳазор шаҳрванди Русия будааст, ки аз сиёсатҳои Кремл бар зидди Украина норозӣ буданд ва ба Гурҷистон паноҳ бурданд. Онҳо сармояи худро дар ин кишвар рехтаанд.

Вахтанг Бутсхрикидзе, раҳбари кулли “ТВС”, бузургтарин бонки Гурҷистон мегӯяд, ҳоло кор дар ҳама бахшҳо хуб пеш мераванд. “Манзури ман ин аст, ки сар карда аз ширкатҳои хурд то бузург ва аз савдои чакана то бахшҳои дигар хеле хуб кор мекунанд. Ягон бахше нест, ки имсол ба мушкил дучор шуда бошад,”—гуфт, ӯ.

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, соли равон тақрибан 112 000 русиягиҳо ба ин кишвар омадаанд. Ба гуфтаи Вахтанг Бутсхрикидзе, омадани муҳоҷирони рус, ки бо худ имконияту донишҳои нав меоранд, ба фоидаи кишвар аст.

“Ин муҳоҷирон хеле фоидаоваранд. Зеро нисфе аз онҳо ё шояд аксарият хеле ҷавонанд, донишҳои наву пешрафта доранд. Истифода аз ин фурсат ва имконият ба фоидаи мо ва ширкатҳои гурҷӣ аст.”-- гуфт, Бутсхрикидзе.

Аз моҳи апрел то сентябр, русҳо тариқи бонкҳо ва дигар хадамоти интиқоли пул, ба Гурҷистон беш аз як миллиард доллар фиристодаанд. Ин маблағ 5 баробар бештар аз ҳамин давраи соли 2021 будааст. Қурби Ларӣ, пули гурҷӣ ба таври бесобиқа боло рафт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Русҳои "фирорӣ" иқтисоди Гурҷистонро равнақ доданд

Пешгӯи мешавад, ки соли 2022 ҳаҷми тавлидот дар ин кишвар 10 дар сад боло меравад. Ин раванди тараққиёт, Гурҷистонро аз кишварҳои пешрафтае мисли Ветнаму Қувайт пеш пеш гузоштааст. Аз ин вазъ на ҳама ризост, чун нархҳо дар ин кишвар боло рафтанд ва мутахассисони рус ҷои сокинони маҳаллиро дар дарёфти кор танг кардаанд. Иҷораи хона дар Тифлис низ 75 дар сад боло рафт.

Шио Хетсурианӣ, роҳбари генералии ширкати “Archi” гуфт: “Агар мо харҷи масолеҳ ва сарфи нерӯи кориро ба инобат гирем, мебинем, ки дар асл дар Гурҷистон болоравии нархи хонаҳо баробар бо афзоиши нархи маҳсулоту нерӯи корӣ аст. Ин ба ин маънӣ аст, ки омадани русҳо, ба болоравии нархҳо таъсири зиёд нагузоштааст."

Рушди иқтисоди Гурҷистон бисёре аз таҳлилгаронро, ки пешбинӣ мекарданд, ҷанг ба ин кишвар паёмади фоҷеабор хоҳад дошт, дар ҳайрат гузоштааст. Иқтисоди ин кишвар ба ҳамсояаш Русия вобастагии сахт дорад. Гурҷистон ба фарқ аз дигар кившарҳо, ба русҳо имкон медиҳад, ки бидуни раводид зиндагиву кор ва тиҷорат кунанд.

Коршиносон ба ин боваранд, ки агар аз ҳисоби пулҳое, ки ҳоло ба даст меояд, барои пардохти қарзҳо ва захираи асъори хориҷӣ истифода нашавад, пешрафти иқтисодии Гурҷистон дер давом намекунад. Соҳибкорон нигаронанд, ки бо хатми ҷанг ва рафтани русҳо, эҳтимол, вазъи иқтисодӣ ва сатҳи даромад якбора поин равад.