Дар Дарвоз боғе бунёд кардаанд, ки дар дигар ҷой нест

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Дарвоз, дар баландии кӯҳҳо ва маконе, ки дастрасӣ ба об сахту шояд номумкин буд, як сокини маҳаллӣ боғе бунёд кард. Дарахтони боғ, ки дар ҳудуди деҳаи Жак ҷойгир аст, ҳамин сол мева доданд ва боғбони онҳо умедвор аст, ки умри онҳо дарозу ҳосилашон фаровон мешавад.