Комрони Субҳон, ҷавони 23-солаи тоҷик, ки дар ҳамла ба масҷиди шиаён дар шаҳри Шерози Эрон айбдор мешавад, қаблан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст.
То ҳол рӯшан нест, ки ӯ тариқи кадом хатсайр ё кишрваре аз Русия ба хоки Эрон ворид шудааст. Мақомоти Эрон гуфтанд, ӯ дар ҳамлаи рӯзи 26-уми октябри имсол ба масҷиде дар Шероз даст дошт ва пас аз захмӣ шудан дар бемористон ҷон дод. Дар ин ҳамла 15 нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд.
Аз Душанбе ба Маскав, аммо баъд...
Азбаски мақомоти Тоҷикистон аз додани ҳама гуна маълумот дар бораи Комрони Субҳон худдорӣ карданд, хабарнигорони Радиои Озодӣ танҳо пас аз чанд рӯзи ҷустуҷӯ хонаи ӯро пайдо ва дар бораи шахсияти ӯ баъзе ҷузъётро маълум намуданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 14-уми ноябр хонаводааш дар кӯчаи Румии шаҳри Ҳисор нахостанд дар бораи Комрон суҳбат кунанд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Комрон се сол пеш аз Тоҷикистон ба шаҳри Маскави Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ҳамагӣ як сол дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон хондааст ва таҳсилро дар ин донишкада ба охир нарасонидааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эрон акси шаҳрванди Тоҷикистон ва гумонбарони ҳамларо ба Шоҳчароғ нашр кард. САДОКомрони Субҳон то нимаҳои моҳи августи соли ҷорӣ бо пайвандонаш тамос доштааст. Азбаски падару модар ва аҳли хонадонаш аз суҳбат худдорӣ намуданд, гуфтан душвор аст, ки моҳҳои охир ӯ аз кадом ақидаҳо пайравӣ мекард. Вале дар мактаби миёнае, ки ӯ таҳсил кардааст, аз Комрон як ҷавони оромтабиат ёд мекунанд.
“Намозхон ва фаъол буд”
Зӯҳро Арбобова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и Ҳисор, рӯзи 14-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд Субҳон бо баҳои миёна мехонд, аммо одобу ахлоқи хуб дошт. "Ба касе кор надошт. Баъд аз хатми мактаб низ ман баъзан вақт дар кӯчаву хиёбонҳо вомехӯрдем, бо салому алайк аз наздам мегузашт, бо одоби инсонӣ салому алайк карда мегузашт. Ягон кори ғайришаръӣ ё ғайриинсониро аз тарафи ӯ надида будам. Бачаи боодоб буд. Ҳангоми таҳсил ба касе зарараш намерасид,"-афзуд, Зӯҳро Арбобова.
Омӯзгорони ин мактаб гуфтанд, вақте хабарҳоро дар бораи Комрон шуниданд, боварашон наомад, ки ӯ даст ба чунин коре задааст.
Комрон ҳанӯз хонадор нашуда буд. Наздиконаш тахмин мезананд, ки шояд ӯ дар Русия ба кадом гурӯҳи тундгаро пайвастааст. Дар маҳалли зисташ гуфтанд, ягон аломатҳои шубҳабарангези вайро надидаанд.
Ба қавли Аминҷон Имомов, сокини кӯчаи Рӯмии шаҳри Ҳисор, Комрон ҷавони намозхон ва дар корҳои ҷамъиятии макони зисташ фаъол будааст.
"Бачаи хубу дарсхон буд. Бачаи бо муомила буд. Дар рӯзҳои шанбе дар масҷид шанбегӣ мекардем, бачаҳои бисёр ҷамъ мешуданд, муйсафедҳо буданд, хуб буд, муомилааш соз буд,"-гуфт, Аминҷон Имомов.
Расонаҳои эронӣ чӣ гуфтанд?
Ин суҳбатҳо тақрибан ҳамеша, вақте касе ба чунин ҳамлаҳо айбдор мешавад, садо медиҳанд. Эҳтимол меравад мақомоти Тоҷикистон дар бораи Комрони Субҳон, маълумоти бештар диҳанд. Ҳодисаи ҳамла ба масҷиди шиаён дар шаҳри Шерози Эрон рӯзи 26-уми октябри имсол рӯй дод.
Бино бар хабари расонаҳои эронӣ, Комрон ҳамроҳи чанд нафар аз Озарбойҷон ва Афғонистон ба ибодатгоҳе дар шаҳри Шероз ҳамла кард ва дар натиҷа 15 нафар, аз ҷумла, чанд зан ва кӯдак ҷон бохтанд ва 20 нафар захмӣ шуданд.
Расонаҳои эронӣ акси шиносномаи Комрони Субҳонро нашр карда, бо такия ба мақомоти ин кишвар, ӯро омили асосӣ ва як шаҳрванди Озарбойҷонро ҳамоҳангкунандаи ҳамла донистанд.
Хабаргузории расмии ИРНА навиштааст, ки дар робита ба ин ҳамла дар умум 26 гумонбар боздошт шудаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва "ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд".
Масъулияти ҳамларо гуруҳи даҳшатафкани Давлати Исломӣ бар дӯш гирифт. Санҷиши мустақилонаи ин маълумот имконнопазир аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар ҳамла ба Шоҳчароғ 15 кас кушта шудаастЭрон акси шаҳрванди Тоҷикистон ва гумонбарони ҳамларо ба Шоҳчароғ нашр кард. САДО