Мунтахаби Қазоқистон дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Урдун ғолиб шуд

Қаҳрамонии бокси Осиё дар Урдун.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки 12-уми ноябр дар пойтахти Урдун - шаҳри Аммон ба анҷом расид, мунтахаби Қазоқистон дар ҳисоби умумии медалҳо мақоми аввалро соҳиб шуд.

Чунонки Sports.kz хабар додааст, муштзанҳои Қазоқистон ҳамагӣ 21 медал – 6 тило, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ - ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб карданд.

Ҷойи дуюм насиби мунтахаби Узбекистон гардид. Варзишгарони узбек 13 медал - 6 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ - гирифтанд. Мунтахаби Ҳиндустон, ки соҳиби 12 медал - 4 тило, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ – гардид, ҷойи сеюмро азони худ кард.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон дар Урдун ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ муштзан (7 мард ва 3 зан) дохил буд. Аз байни онҳо ду нафар – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов – бо медал мукофотонида шуданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило бинобар ба рақобат ҳозир нашудани рақибаш Нодир Бадрон аз Қувайт ба даври дуюм роҳ ёфт. Ӯ дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ муштзани тайландӣ Сомчай Вонгсуванро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Баҳодур дар чорякфинал бар Хурсанд Имонқулов аз Туркманистон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Вале муштзани тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Шива Тҳапа аз Ҳиндустон мағлуб шуд ва барандаи медали биринҷӣ гардид.

Муҳаммад Аброриддинов бошад, дар вазни беш аз 92 кило ба сабқат аз даври чорякниҳоӣ пардохт ва бар Муҳаммад Млайес аз Сурия пирӯз шуд. Рақибаш дар нимфинал намояндаи Қазоқистон Қамчибек Конкабоев буд. Муштзани қазоқ дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт. Муҳаммад Аброриддинов медали биринҷиро азони худ кард.

Мушзанҳои дигари тоҷик Хусравхон Раҳимов (57 кг), Абдумалик Болтаев (75 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Наврӯз Ҷафоев (86 кг) ва Давлат Болтаев (92 кг) дар сабқати мардон, Рӯҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Миҷгона Самадова (57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (60 кг) дар сабқати занон дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё бо иштироки беш аз 300 варзишгар аз 30 кишвари қора дар Урдун рӯзҳои 1-12-уми ноябр баргузор шуд. Мардон аз рӯи 13 вазн ва занон аз рӯи 12 вазн рақобат карданд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби кишварҳои ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Урдун аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо:

  1. Қазоқистон - 6-7-8
  2. Узбекистон - 6-3-4
  3. Ҳиндустон- 4-2-6
  4. Урдун - 2-3-2
  5. Тайланд - 2-2-1
  6. Ҷопон - 1-5-1
  7. Кореяи Ҷанубӣ - 1-1-4
  8. Тайван - 1-0-3
  9. Филиппин - 1-0-2
  10. Ветнам - 1-0-1
  11. Муғулистон - 0-2-8
  12. Қирғизистон - 0-0-4
  13. Эрон - 0-0-2
  14. Тоҷикистон - 0-0-2
  15. Покистон - 0-0-1.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 муштзан шомил буд. Аз байни онҳо чаҳор нафар (ду зан ва ду мард) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати мардон Баҳодур Усмонов дар вазни то 64 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило, дар сабқати занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҳамагӣ 22 медал – 4 тило, 3 нуқра ва 15 биринҷӣ - ба даст овардаанд. Медалҳои тилоро Ҷаҳон Қурбонов (-75 кг) соли 2008, Мавзуна Чориева (-60 кг) соли 2010, Анвар Юнусов (-57 кг) соли 2011 ва Баҳодур Усмонов (-64 кг) соли 2019 соҳиб шудаанд.