Нашри видеое аз саҳнаи эҳтимолии куштори як зархариди гурӯҳи ғайрирасмии низомии ЧВК Вагнер, ки ба Кремлин наздик аст, бисёриҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таконзада кард.
Ин пораи видео шоми шанбе дар телеграм-каналҳо пахш шуд. Гумон меравад, ки дар он саҳнаи куштори бераҳмонаи Евгений Нужин бо путк ё болғаи сангини сохтмонӣ сабт шудааст.
Ба навиштаи Радио Свобода, Нужин пеш аз он ки ба узвияти ЧВК Вагнер шомил шавад, барои куштор дар як зиндони Русия адои ҷазо мекард.
Моҳи сентябр ӯ худро ба украиниҳо таслим кард ва дар як суҳбаташ бо журналисти украинӣ ҷанги Русия алайҳи ин кишварро маҳкум намуд. Ӯ гуфтааст, ки ба хотири фирор аз Русияву ҳамроҳ шудан ба хешовандони украиниаш узвият дар гурӯҳи ғайрирасмии ЧВК Вагнераро қабул кард.
Дар видеое, ки нашр шуд, Нужин мегӯяд, ки ӯро 11-уми ноябр дуздиданд ва ба таҳхонае бурданд, ки зоҳиран “ин ҷо муҳокима мекунанд”. Баъди ин бо путк ба сараш мезананд. Евгений Пригожин, ки яке аз муассисони ЧВК Вагнера ба ҳисоб меравад, аз соҳибкорони наздик ба президенти Русия Владимир Путин буда, зиндониҳоро барои ширкат дар ҷанги зидди Украина ба ин гурӯҳ ҷалб мекунад.