АКБАРШО ИСКАНДАРОВ:
“Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ то кунун арзёбӣ карда нашудааст ва дар ҷомеа на ҳама бар ин назаранд, ки он тақдирсоз аст ва ҳар кас ба тарзи худ ва ба манфиати худ баҳо медиҳад. Вазъият тавре буд, ки ҳокимият умуман фалаҷ шуда буд. Сохторҳои қудратии мо ба қисмҳо тақсим шуда буданд. Яъне, ҳеч кор карда намешуд. Масъала тавре гузошта шуда буд, ки ё ҳукумати марказӣ ба яке аз ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шуда дигар гурӯҳро саркӯб кунад ё ин ки ҳукумати марказӣ як қудрате пайдо кунад, ки ҳарду гурӯҳро аз байн бубарад. Ин ду варианте буд, ки боиси куштори мардум ва ҷанг мешуд. Барои ҳамин, раёсати онвақтаи Шӯрои олӣ тасмим гирифт, як иҷлосия барпо ва масъалаҳои мубрами рӯз, яъне авзои сиёсии кишвар баррасӣ шавад. Дувум масъалае, ки моро водор месохт ин иҷлосия доир шавад, масъалаи аз вазифа рафтани собиқ раисиҷумҳури Тоҷикистон шодравон Раҳмон Набиев буд. Ба ҳамагон маълум буд, ки Набиев таҳти чӣ шароите истеъфои худро эълон намуда аз вазифа рафта буданд. Барои ҳамин, ин масъала бояд дар иҷлосия баррасӣ ва ба он баҳои ҳуқуқӣ дода мешуд, ки оё ӯ рафтааст ва ё инки алъон низ раисиҷумҳурист. Бархе ақида доранд, ки иҷлосияи Шӯрои олӣ таҳти таъсири касе баргузор гардид."
Радиои Озодӣ, 1-уми ноябри 2012
АБДУМАЛИК АБДУЛЛОҶОНОВ:
“Агар Сессия на дар Кохи Арбоб, балки дар Хуҷанд баргузор мешуд, эҳтимол он қарорҳое, ки дар он ҷо қабул шуданд, дар ин ҷо амалӣ намешуданд. Ман аввал бо қарори президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи сарвазир ва баъдан, дар ҳамон сессияи 16-ум дар Арбоб бо қарори Шӯрои олӣ сарвазир интихоб шудам. Ман на ҳамчун намояндаи шаҳри Хуҷанд, балки ҳамчун намояндаи насли нави раҳбарон, ки дар шароити нав тавонистанд худро муваффақ намоиш диҳанд, интихоб шудам. Ман танҳо набудам. Сайфиддин Тӯраев аз раҳбарони хуби иқтисоддон буд. Шояд масъулини сессияи 16-ум зодаи Хуҷанд будани маро ба назар гирифта бошанд, вале ҳоло касе ба ёд намеорад, ки ман ва аъзои ҳукумат чанд бор ба нишони эътироз маҷлисгоҳро тарк кардем ва ба қабули баъзе қарорҳо муқовимат нишон додем. Эмомалӣ Раҳмоновро дар Арбоб ба сари мардуми мо ҳамчун раҳбар таҳмил кардем. На ман, на Акбаршоҳ (Искандаров) аз ин барнома иттилои пурра надоштем. Барканор намудани Раҳмон Набиев, бекор намудани сохти идории президентӣ ва чанде дигар аз қабили қарорҳои ғайриқонунии ҳамон иҷлосия буданд. Барои ҳамин, Раҳмоновро аксари давлатҳо (он замон) ҳамчун раҳбари легитимӣ эътироф намекарданд. Бо вуҷуди ин, агар сулҳ барпо мешуд, агар дар Тоҷикистон тоҷиккушӣ авҷ намегирифт, агар ҳукумат пойбанди худи Раҳмонов намешуд, иҷлосияи 16-умро тақдирсоз мегуфтем. Аммо баръакс шуд.”
Радиои Озодӣ, 19-уми ноябри 2012
СУЛТОН МИРЗОШОЕВ:
“Ин тавр аст, ки маҳалро аз нуқтаи назари идорасозии давлат қатъи назар карда намешавад. Баъзеҳо фикр доранд, ки идоракунии давлат кори осон аст ва дар курсӣ нишастӣ, худи кор пеш меравад. Ёдатон бошад, раиси ҷумҳур чандин бор ёдоварӣ карда буд, ки вақте ҳукумати ҷадидро ташкил додем, бисёриҳо нахостанд, ки ба ин ё он мансаб таъйин шаванд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки ҳукумати нав рӯи кор омад, буданд афроде, ки на танҳо вазифа, ҳатто ба Душанбе омадан намехостанд. Имрӯз фикр мекунам, кадрҳо аз рӯи софдилона хидмат кардан ба Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоб мешаванд ва сифати кордониву мутахассисии онҳо ба назар гирифта мешавад. Бубинед, ҳоло дар Русия қариб 70-80 дарсади роҳбарони ниҳодҳо аз Санкт-Петербург, зодгоҳи Путин ва Медведеванд.”
Радиои Озодӣ, 23-юми феврали 2011
ДАВЛАТ УСМОН:
"Замоне ки Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд идома дошт, қонунҳои бозӣ дигар шуда буд. Шояд аз аввал ҳам ҳамин тавр буд. Аз аввал, ки Узбакистон бозигари асосӣ дар саҳна буд, дар фикри иваз кардани Раҳмон Набиев буд ва ӯро қабул надошт. Он замон қудрат дар дасти Фронти халқӣ қарор дошт ва дар ҳайати Фронти Халқӣ ҳам намояндаҳои шимол хеле кам буданд. Агар мо иштироки Сафаралӣ Кенҷаев ва Амирқул Азимов, ду мӯҳраи аслӣ дар ин фронтро истисно кунем, ки як миқдор нерӯи мусаллаҳро дар атроф доштанд, дигар 80 дарсади нерӯҳои Фронти халқӣ аз Кӯлоб буд. Яъне қудрат аз дасти шимолиҳо рафта буд. Ба ҳамин хотир Узбакистон мардуми шимолро як навъ боварӣ дода буд, ки дар қудрат будани кӯлобиҳо як мӯҳлати кӯтоҳ аст ва мо бояд аввал вазъиятро ором созем, оппозитсиюнро аз байн бубарем ва пас аз оромӣ боз бигардем қудратро дубора ба шимолиҳо бидиҳем. Ва ба ин чиз шимолиҳо ва элитаи онҳо низ мутақоид шуда буд. Аз ин ҷиҳат буд, ки дигар аз Набиев ҳимоят ва кӯшиш барои барқарории ӯро накарданд. Ба ин ваъда шимолиҳо бовар карданд. Бозигарони асосии ҳамонвақтаи шимол Абдуллоҷонов, Ҳомидов ва Тӯраев шахсиятҳое, ки дар қудрат ворид буданд, худашон орзуи ҷойи Набиевро доштанд. Ҳам бо Тӯраев, ҳам бо Ҳомидов, ҳам бо Абдуллоҷонов Узбакистон дар алоҳидагӣ бозӣ мекард. Аслан бисёртар Сайфиддин Тӯраев матраҳ буд, чунки Сайфиддин Тӯраев бо Сангак Сафаров иртиботи зич дошт."
Радиои Озодӣ, 6-уми сентябри 2011
ҲАБИБУЛЛО ТАБАРОВ:
“Барои даъвати Раҳмон Набиев ба Иҷлосия як кумисюн ташкил дода шуд. Дар аввал ман ба ҳайси сардори гурӯҳ ба назди ӯ рафтам. Дар ҳайати гурӯҳ Абдулмаҷид Достиев, Муллоҳайдар ва Шаҳоб Шарифов, раиси пешини КГБ ва чанд нафари дигар будем. Касе ҳозир набуд, бо мо суҳбат кунад. Набиев, албатта, моро қабул кард, то соати 1-и шаб ҳамроҳ нишастем. Он қадар талош кардему фаҳмонидем, вале мегуфт, маро бигузоред, ки кор кунам. Ман гуфтам, мо ин тавр ваколат надорем, ки Шуморо дар вазифаатон барқарор намоем. Мо дастур гирифтем, ба Шумо бирасонем, ки дар сурати ба пешниҳоди мо розӣ шудан Шумо аз ҳамаи имтиёзҳои президентӣ бархӯрдор ва баҳраманд хоҳед шуд. Бо мошин, муҳофизон ва хона Шуморо таъмин хоҳем кард. Аммо не, қабул накард. Худаш яке қабул мекунад, аммо хонумаш комилан рад мекунад. Мегӯяд, Шумо кӯлобиҳо ӯро президент интихоб кардед, акнун то охир ӯро нигоҳ доред. Ман гуфтам, кӯлобиҳо мегӯянд, ҳозир мо ҷанг карда истодаем, аз Ленинобод, аз хешу таборҳои Набиев ягон кас наомад, ки дар бари мо биистад. Хуб хешу табораш наомад, лоақал ҳамин писараш наомад, ки дар бари мо биистад, то мо барои Набиев биҷангем. Ин тавр, ки бошад мо худамон сару ҳисобамонро меравем. Хулоса, то соати яки шаб нишастем, аммо чизе ҳосил нашуд. Фардо дар Иҷлосия аз сари нав кумисюн ташкил карданд. Ман рад кардам. Гуфтам, як бор рафтам, бас аст. Хулоса кумисюн рафта, Набиевро овард. Се бор болои минбари иҷлосия баланд мешавад, мефарояд, вале истеъфо намедиҳад. Ниҳоят дар охир як коғазро хонданд, ки гуё ариза дода бошад, ки майлаш, ман истеъфо медиҳам. Ва бо ҳамин ҷавоб доданд.”
Радиои Озодӣ, 13-уми сентябри соли 2011
Видео: Чеҳраҳо ва баҳсҳои 30 сол пеш:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад