Дур аз Тоҷикистон, вале бо ёди Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тамара Катаева, яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик дар аҳди шӯравии собиқ чанде пеш аз шаҳри Ню Йорк ба Душанбе омад, то ҳунарнамоӣ кунад ва бо ҳамкасбону дӯстони собиқаш дидору мулоқот дошта бошад. Дар суҳбате бо Радиои Озодӣ дар бораи хотираҳо ва зиндагиаш дар Амрико нақл кард.