Ду медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Урдун

Муҳаммад Аброриддинов (аз рост).

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон ҷараён дорад, аз байни даҳ муштзани тоҷик ду нафар – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило бинобар ба рақобат ҳозир нашудани рақибаш Нодир Бадрон аз Қувайт ба даври дуюм роҳ ёфт. Ӯ дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ муштзани тайландӣ Сомчай Вонгсуванро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Баҳодур дар чорякфинал бар Хурсанд Имонқулов аз Туркманистон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Вале муштзани тоҷик дар даври ниманиҳоӣ, ки 10-уми ноябр барпо гардид, аз Шива Тҳапа аз Ҳиндустон мағлуб шуд. Рақибаш ба финал роҳ пайдо кард. Баҳодур Усмонов барандаи медали биринҷӣ шуд.

Муҳаммад Аброриддинов бошад, дар вазни беш аз 92 кило ба сабқат аз даври чорякниҳоӣ пардохт ва бар Муҳаммад Млайес аз Сурия пирӯз шуд. Рақибаш дар нимфинал намояндаи Қазоқистон Қамчибек Конкабоев буд. Ин қувваозмоӣ низ 10-уми ноябр сурат гирифт. Муштзани қазоқ дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт. Муҳаммад Аброриддинов медали биринҷиро азони худ кард.

Мушзанҳои дигари тоҷик Хусравхон Раҳимов (57 кг), Абдумалик Болтаев (75 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Наврӯз Ҷафоев (86 кг) ва Давлат Болтаев (92 кг) дар сабқати мардон, Рӯҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Миҷгона Самадова (57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (60 кг) дар сабқати занон дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё бо иштироки беш аз 300 варзишгар аз 30 кишвари қора дар Урдун то рӯзи 12-уми ноябр идома хоҳад кард. Мардон аз рӯи 13 вазн ва занон аз рӯи 12 вазн рақобат мекунанд. Қувваозмоиҳои ниҳоӣ рӯзи шанбе, 12-уми ноябр, барпо мегарданд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 муштзан шомил буд. Аз байни онҳо чаҳор нафар (ду зан ва ду мард) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати мардон Баҳодур Усмонов дар вазни то 64 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило, дар сабқати занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Ба ҷуз аз медал, ҳарчор варзишгари тоҷик бо ҷоизапулӣ ҳар кадом ба маблағи 2500 доллари ИМА мукофотонида шуданд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҳамагӣ 22 медал – 4 тило, 3 нуқра ва 15 биринҷӣ - ба даст овардаанд. Медалҳои тилоро Ҷаҳон Қурбонов (-75 кг) соли 2008, Мавзуна Чориева (-60 кг) соли 2010, Анвар Юнусов (-57 кг) соли 2011 ва Баҳодур Усмонов (-64 кг) соли 2019 соҳиб шудаанд.