Саидаҳмад Раҳимов, писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов, ба гуноҳи куштани як сокини ноҳияи Варзоб ба 20 сол зиндон маҳкум шуд. Ҳукмро Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи даҳуми ноябр эълон кард. Модари ҷавони кушташуда, Муҳаммадҷовид Зокирзода, гуфт, аз ҳукм розист. Ҷониби дигар эътироз дорад.
Хабарнигорони Радиои Озодиро рӯзи 10-уми ноябр ба мурофиаи додгоҳӣ роҳ надоданд. Фирдавс Субҳонзод, вакили мудофеи Саидаҳмад Раҳимов, баъд аз эълони ҳукм гуфт, шахси зери ҳимояташ “аз кардааш пушаймон аст”.
Саидаҳмад Раҳимов моҳи августи имсол дастгир ва дар як навори мақомот, ки маълум нест зери чӣ шароит сабт шуда, ба гуноҳ иқрор кард. Наздиконаш нахостанд, дар рӯ ба рӯи дурбин суҳбат кунанд.
Вакили мудофеъ гуфт, аз додрас хостанд, “ӯ ҷавон аст, фарзанди ноболиғ дорад ва саробони оила асту ҷазои сабуктар диҳанд”, вале қабул нашуд. “Хешовандони зерҳимояам ба наздикони ҷабрдида 52 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ доданд. Қарор буд, онҳо аз даъво даст бикашанд, аммо ба қавли худ наистоданд,” – нақл кард Субҳонзод.
Пайвандони ҷавони кушташуда Муҳаммадҷовид Зокирзода иддаои гирифтани пул ва эҳтимоли даст кашидан аз даъворо беасос хонданд. Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммадҷовид Зокирзода, рӯзи 10-уми ноябр гуфт, бо ҳукми додгоҳ розист, “барои онки маҳкумшуда кӯдак дорад, духтараш хурд аст.”
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Саидаҳмад Раҳимов моҳи августи имсол дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муҳаммадҷовид Зокирзодаро “бо 17 зарби корд” ба ҳалокат расондааст. Ин изҳороти расмӣ аст.
Мақомот ва наздикони ҷавони кушташуда гуфтанд, ки Саидаҳмад Раҳимов ва Муҳаммадҷовид Зокирзода якдигарро мешинохтанд ва ҷанҷолашон бар сари қарз буд.
Матлуба Ғаниева, модари Зокирзода, гуфт, ки маҳкумшуда аз писараш 35 ҳазор сомонӣ гирифтаву барнагардондааст. Хонаводаи Раҳимов дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, писари онҳо барои баргардондани пул "борҳо таҳқиру дашном шунида буд".
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли наздиконаш, Муҳаммадҷовид Зокирзода ба тиҷорати мол аз Туркия машғул буда, хонадор нашуда буд. Саидаҳмад Раҳимов, ба иттилои пайвандонаш, хатмкардаи Академияи Вазорати умури дохилӣ аст.
Муноқиша миёни ҷавонон, ки гоҳе ба кордзаниву куштор анҷом меёбад, ба як мавзӯи ташвишовар дар Тоҷикистон табдил шудааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, танҳо дар 6 моҳи аввали имсол дар кишвар бо иштироки ҷавонон зиёда аз 1900 ҷиноят сабт шуд.