Рӯзи чоршанбе, 9-уми ноябр ду бозии даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар гурӯҳи “А” баргузор шуд.
Бозӣ миёни ду дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқот – «Истиқлол» ва «Равшан», ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо пирӯзии футболбозони шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Дар бозии дигар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол» бо касби 42 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Зимнан, «Истиқлол» пешакӣ соҳиби медалҳои тилои мусобиқот гардид ва бори ёздаҳум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.
«Равшан»-и Кӯлоб бо касби 35 имтиёз дар ҷойи дувум, “Хуҷанд” ва “Хатлон”-и Бохтар бо касби 31-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд. Ин се даста барои медалҳои нуқраю биринҷӣ талош меварзанд.
Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давра бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқот ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «Б» дар як давра бозӣ карда, ҷойҳои аз 6-ум то 10-умро мегиранд ва барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош меварзанд.
Ду дастае, ки дар ҷадвал ҷойҳои охирро мегирад, ба лигаи аввал мегузарад. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ
Даври 21-ум. Гурӯҳи «А»
9 ноябр (чоршанбе)
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» - 1:0
«Хуҷанд» – КМВА – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
20 |
12 |
6 |
2 |
39-12 |
42 |
2 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
21 |
9 |
8 |
4 |
26-20 |
35 |
3 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
20 |
8 |
7 |
5 |
27-16 |
31 |
4 |
«Хатлон» (Бохтар) |
20 |
8 |
7 |
5 |
20-15 |
31 |
5 |
КМВА (Душанбе) |
21 |
7 |
4 |
10 |
25-33 |
25 |
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Б»
6 |
Файзканд» (Восеъ) |
20 |
7 |
4 |
9 |
21-31 |
25 |
7 |
«Истаравшан» (Истаравшан) « |
19 |
6 |
4 |
9 |
24-22 |
22 |
8 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
20 |
5 |
6 |
9 |
24-32 |
21 |
9 |
«Равшан» (Зафаробод) |
19 |
4 |
8 |
7 |
20-35 |
20 |
10 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
20 |
5 |
4 |
11 |
16-26 |
19 |
Голзанҳои пешсаф: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Эсхата») – 10-тӯбӣ.
Даври 21-ум. Гурӯҳи «Б»
10 ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:30
«Эсхата» – «Истаравшан»
11 ноябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 14:30
«Равшан» (Зафаробод) – «Регар-ТадАЗ»