Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллии кишварро дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Русия, ки рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, эълон кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар, ки 15 нафари онҳо легионер мебошанд, дохиланд. Ба рӯйхати Петр Сегрт 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар ворид шудаанд.
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Русия имрӯз, 10-уми ноябр, дар Душанбе шуруъ мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Русия:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Парвизҷон Умарбоев (КМВА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Эҳсони Панҷшанбе («Зоб Оҳан», Эрон), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Муродалӣ Ҳақназаров («Анталяспор», Туркия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Салам Ашӯрмамадов («Броук Бойз», Русия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев (КМВА, Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Динамо», Душанбе);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).