"Аз нав месозем, муборизаро идома медиҳем." Ақибнишинии Русия аз Херсон. ВИДЕО

Миколаев, Украина

Ҳамлаи Русия ба Украина бахусус барои мардуми шаҳри ҷанубии Миколаев сахт будааст. Ин минтақа пойгоҳи муҳиме барои нерӯҳои кишвар ҷиҳати бозпас гирифтани вилояти Херсон ва муҳофизати бандари шаҳри Одесса ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ҳамлаҳои зиёд ба Миколаев, мардуми зиёде инҷо мондаанд, то шаҳрашонро муҳофизат ва бозсозӣ кунанд.

Бо пешравии нерӯҳои Украина ба самти Херсон, тамаркуз дар ҷанги ҳаштмоҳа ба ҷабҳаи аввали ҷанг дар ҷануб равона шудааст. Ҳадафи асосии ҳуҷумҳои Русия ба ҷануб ишғоли бандари муҳим дар шаҳри Одесса аст, аммо нерӯҳои украинӣ дар Миколаев монеи пешравии онҳо шуданд.

Бо вуҷуди онки сарбозони Украина хати муқовиматро аз Миколаев дур бурдаанд, сокинони шаҳр ҳамарӯза ҷабри ҳамлаҳои бераҳмонаи тӯпхонаҳоро мекашанд. Ва бори сангини ҳамлаҳои тӯпхонаҳои Русияро.

Хонаи Олга чанде пеш дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Русия аз байн рафт. Ӯ ва аъзои оилаашро аз зери харобаҳои хонаашон берун оварданд.

Олга, сокини Миколаев, дар суҳбат ба “Садои Амрико” гуфт: “Аз фарёди ҳамсояҳо бедор шудам, ки дод мезаданд, чизе ба самти хонаи мо парвоз мекунад. Тамоми хонаҳои атрофи мо тиреза надоранд. Ҳеч чиз надоранд. Як лаҳза дилам сард шуд, чун мефаҳмӣ, ҳар чизи азизе, ки дорӣ, дигар намондааст. Ин эҳсоси ваҳшатнок аст."

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Украиниҳо ба ҳимоят аз бандари Одесса омода ҳастанд

Инҷо замоне шаҳри пурғавғои ним миллионнафарӣ буд. Ҳоло нисфе аз онҳо ба ҷойҳои амн гурехтаанд. Сокинони дигар ба монанди Олга муборизаро идома медиҳанд ва шаҳрро зинда нигаҳ медоранд.

Ақибнишинии нерӯҳои Русия аз вилояти Херсон умедеро дар дилашон бедор кардааст. Бо ҳамин умед хонаҳои худро таъмир мекунанд ва барои зимистони сахт омода мешаванд. Олга мегӯяд, тарс аз ҳамлаву сардӣ пеши роҳашро намегирад.

Олга, сокини Миколаев, мегӯяд, "ҳамчунон ба хешовандонам дар таъмири хонаашон ёрӣ мекунам. Батамом барқарораш мекунем, чун ҷое барои рафтан надорем. Аз нав месозем ва муборизаро идома медиҳем. Умедворам, зинда мемонем. Бо ҳамин вазъ ҳам барои ман бисёр азизанд. Ман омодаам, инҷо бимонаму то охир мубориза барам."

Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, то замоне ки заруранд, барои мардум мемонанд. Павло Бузник, намояндаи Салиби Сурхи Украина, гуфт, "мо ҳоло барои омодагӣ ба зимистон чораҳое меандешем. Хайма ва бухориҳоро омода мекунем."

Миколаев ягона шаҳре нест, ки дар миёни оташи ҷанги ду тараф мондааст. Агарчӣ вайрон шудааст, мардумаш қавӣ ва қудратманд истода, намунае барои бақияи кишвари дар ҳоли ҷанг шудаанд.