Ду варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Урдун ба нимфинал роҳ ёфт

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон ҷараён дорад, аз байни муштзанҳои тоҷик ду нафар – Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов - муборизаро дар нимфинал идома медиҳанд.

Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило бинобар ба рақобат ҳозир нашудани рақибаш Нодир Бадрон аз Қувайт ба даври дуюм роҳ ёфт. Ӯ дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ муштзани тайландӣ Сомчай Вонгсуванро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Баҳодур дар чорякфинал бар Хурсанд Имонқулов аз Туркманистон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Рақиби муштзани тоҷик дар даври ниманиҳоӣ, ки 10-уми ноябр барпо мегардад, Шива Тҳапа аз Ҳиндустон мебошад.

Муҳаммад Аброриддинов бошад, дар вазни беш аз 92 кило ба сабқат аз даври чорякниҳоӣ пардохт ва бар Муҳаммад Млайес аз Сурия пирӯз шуд. Рақибаш дар нимфинал намояндаи Қазоқистон Қамчибек Конкабоев мебошад. Ин қувваозмоӣ низ 10-уми ноябр доир мегардад.

Мушзани дигари тоҷик Абдумалик Болтаев низ дар вазни то 75 кило бидуни рақобат ба даври дуюм роҳ пайдо кард, зеро рақибаш Аҳмад Ғоссон аз Сурия аз сабқат даст кашид. Вале Абдумалик дар даври баъдӣ аз Саидҷамшед Ҷаъфарови узбекистонӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило дар даври муқаддамотӣ аз Чинг-Вей Ли аз Тайпейи Чин, Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 80 кило дар даври аввал аз намояндаи Ҳиндустон Лакшюа Ҷаҳар, Наврӯз Ҷафоев дар вазни то 86 кило аз Сагиндик Токамбой аз Қазоқистон ва Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило аз Аҳмад Сулаймон аз Урдун мағлуб шуданд.

Дар сабқати занон Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило дар рақобат муқобили Ринка Танака аз Ҷопон бо ҳисоби 5 бар 0 ғолиб омад. Вале Шоира дар даври дуюм аз Ши Йи Ву аз Тайван бо гирифтани се огоҳӣ аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило дар даври аввал аз муштзани Тайпейи Чин Ю Тинг Лин бо ҳисоби 0:5 ноком шуд. Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кило дар аввалин рақобати худ аз Тсукими Намики аз Ҷопон мағлуб гардид.

Мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё бо иштироки беш аз 300 варзишгар аз 30 кишвари қора дар Урдун то рӯзи 12-уми ноябр идома хоҳад кард. Мардон аз рӯи 13 ва занон аз рӯи 12 дараҷаи вазнӣ рақобат мекунанд.

Мунтахаби Қазоқистон аз рӯи шумораи муштзанҳое, ки ба нимфинали қаҳрамонии бокси Осиё-2022 дар Урдун роҳ ёфтаанд (21 муштзан) дар ҷойи аввал аст. Инчунин теъдоди зиёди муштзанҳо аз Узбекистон (13 нафар), Ҳиндустон (12), Муғулистон (10), Ҷопон ва Урдун (7-нафарӣ) ба нимфинал баромадаанд. Аз Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ ду муштзан ширкат меварзад.