Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 9-уми ноябр серодам буд. Ҳаводорони варзиш ва сокинони пойтахт ба истиқболи паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов омада буданд. Ӯ се рӯз баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Боку, ба Тоҷикистон баргашт.
Ин варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Baku Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило медали тило ба даст овард. Ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик аввалин варзишгарест, ки дар мусобиқоти "Grand Slam" соҳиби медали тило гардид.
Темур Раҳимов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ширкат дар ин мусобиқа омодагии хуб дошт ва аз худ бовар дошт, ки ба ватан бо медали тилло бармегардад. Вай афзуд, қувваозмоии ӯ барои медали тилло ба санаи 6-уми ноябр, яъне Рӯзи сарқонуни Тоҷикистон рост омад ва барояш хеле муҳим буд, ки дар ин сана медали тилло ба даст орад. "Ман наметавонистам, ки бибозам, зеро медонистам, ки ҳама интизори ғолибияти ман буданд",-гуфт ӯ.
Ба қавли Темур, ин медали тиллоро ӯ ба осонӣ ба даст наовардааст. "Ба рости бениҳоят роҳ тӯлонӣ буд барои ба даст овардани медали тилло. Баъд аз чандин ҷойи 5-ум, 7-ум, баъдан ҷои 4-ум то медали биринҷӣ, медали нуқра ва дар охир ба ман муяссар гардид, ки дар ин мусобиқа сазоври медали тилло гардам",-афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рустам Абдураҳмонов, бобои Темур Раҳимов, ки ба истиқболи ӯ омада буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, Темур аз 4-5 солагияш ба гуштин шавқи зиёд дошт. "Шахсан худи ман Темурро дар тую маъракаҳо ва мусобиқаҳои наврӯзӣ бо худ гирифта мегаштам. Мусобиқа мешуд, вай ҳатман гуштин мегирифт, баромад мекард ва оҳиста-оҳиста ба ҳамин дараҷа расид".
Темур Раҳимов дар рӯзи охирини мусобиқа дар Боку – 6-уми ноябр - ба рақобат дар вазни беш аз 100 кило аз даври дуюм муқобили Серафим Компаниез аз Исроил пардохт ва дастболо шуд. Баъдан паҳлавони 25-солаи тоҷик дар даври чаҳорякниҳоӣ Саба Инанейшвилиро аз Гурҷистон шикаст дод.
Дар даври нимниҳоӣ Темур бар Мартти Пуумалайнен аз Финландия пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ Раҳимов бо паҳлавони 23-солаи узбек Алишер Юсупов қувваозмоӣ карда, бар рақибаш бо имтиёзи "иппон" ғолиб омад.
Темур Раҳимов ба ҷуз аз медали тило, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро мукофотонида шуд. Инчунин соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон дар вазни сангинтарин нигоҳ дошт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар пойтахти Озарбойҷон 12 ҷудокор намояндагӣ кард. Варзишгари дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ин мусобиқа медали нуқра ба даст овард.
Дар пайи пирӯзӣ, шаҳрдории Душанбе ба Темур Раҳимов барои ба даст овардани медали тилои "Baku Grand Slam 2022" хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард. Инчунин бо тасмими шаҳрдории Душанбе ба Муллораҷаб Халифаев - барои ба даст овардани медали нуқраи "Baku Grand Slam 2022" 100 000 сомонӣ супурда шуд.
Шаҳрдории Душанбе дар ҳоле ба ин ду варзишгар туҳфаҳо тақдим кард, ки дар гузашта бархе аз варзишгарони тоҷик, аз ҷумла Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев, Беҳрузи Хоҷазода, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Сомон Маҳмадбеков ва дигарон, ки дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ғолиб омада буданд, чунин қадрдонӣ нашуда буданд.