Паҳлавони машҳури тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Baku Grand Slam 2022», ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило медали тило ба даст овард. Зимнан, ӯ дар таърихи ҷулои тоҷик аввалин варзишгарест, ки дар мусобиқоти «Grand Slam” соҳиби медали тило гардид.
Темур Раҳимов дар рӯзи охирини мусобиқа дар Боку – 6-уми ноябр - ба рақобат дар вазни беш аз 100 кило аз даври дуюм муқобили Серафим Компаниез аз Исроил пардохт ва дастболо шуд. Баъдан паҳлавони 25-солаи тоҷик дар даври чаҳорякниҳоӣ Саба Инанейшвилиро аз Гурҷистон шикаст дод.
Дар даври нимниҳоӣ Темур бар Мартти Пуумалайнен аз Финландия пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ Раҳимов бо паҳлавони 23-солаӣ узбек Алишер Юсупов қувваозмоӣ карда, бар рақибаш бо имтиёзи «иппон» ғолиб омад.
Темур Раҳимов ба ҷуз аз медали тило, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро мукофотонида шуд. Инчунин соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон дар вазни сангинтарин нигоҳ дошт.
Дар рӯзи охирини мусобиқа дар Боку паҳлавонони дигари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ҳарду дар вазни то 90 кило, дар даври дуюм, Раҳматулло Мирзоев ва Эмомризо Анварзода, ҳарду дар вазни то 100 кило, дар даври аввал ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар пойтахти Озарбойҷон 12 ҷудокор намояндагӣ кард. Дар рӯзи аввали рақобатҳо – 4-уми ноябр - Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило медали нуқра ба даст овард. Ин варзишгари 23-солаи тоҷик баъди панҷ ғалаба бар Робин Ҷара аз Мексика, Виллис Гарсиа аз Венесуэла, Мухриддин Тилавов аз Узбекистон, Бунчич Страҳиня аз Сербия ва Эрхембайар Баттогтох аз Муғулистон ба финал роҳ ёфт.
Вале Муллораҷаб барои ба даст овардани медали тило аз гуштигири пуртаҷриба Денис Виеру аз Молдова бо гирифтани се “шидо” мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.
Муллораҷаб Халифаев, ки зодаи Рашти Тоҷикистон аст, дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба сар мебурд. Ӯ соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии Русия оид ба ҷудо дар шаҳри Назрани Ингушетия дар вазни то 66 кило мақоми аввалро касб карда, бо медали тило ва унвони қаҳрамонӣ мушарраф гардид.
Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқа ба ҷуз аз Муллораҷаб Халифаев, боз се нафар - Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Муслимбек Каримов (-60 кг) ва Каюмарс Норов (-66 кг) муаррифӣ карданд. Аз байни онҳо танҳо Халифаев медал гирифт.
Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60 кило дар даври аввал бар Бекирбек Моргоев аз Украина пирӯз шуд, вале дар даври дуюм аз Дилшодбек Баротови узбекистонӣ шикаст хӯрд. Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Иван Саласи 24-сола аз Венесуэла ноком шуд. Каюмарс Норов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Торне Гарсиаи испанӣ шикаст хӯрд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» - 5-уми ноябр - Тоҷикистонро Абубакр Шеров (-73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) намояндагӣ карда, бе медал монданд.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар даври аввал аз Шаҳром Аҳадови узбек мағлуб шуд. Абубакр Шеров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз ҷудокори 18-солаи озарӣ Вусал Қаландарзода шикаст хӯрд. Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Моҳаб Элнаҳасро аз Канада мағлуб кард, вале дар даври дуюм аз Сайид Муллоӣ, ҷудокори маъруфи эронитабори муқими Озарбойҷон, ноком шуд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар “Baku Grand Slam 2022” 366 варзишгар (206 мард ва 160 зан) аз 61 кишвари панҷ қораи дунё иштирок карданд. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир гардид.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ба ғолиб дар ҳар як вазн 5 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда шуд.
Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо ва феҳристи олимпӣ гардиданд. Варзишгароне, ки медали тилло гирифтанд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст оварданд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб карданд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ шуданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Озарбойҷон бо касби 4 медали тило ва 2 биринҷӣ ғолиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Нидерланд ва Сербия бо натиҷаҳои якхела - 1 медали тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ - дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1 медали тило ва 1 нуқра баъди дастаҳои Италия (1 тило, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) ва Узбекистон (1 тило, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) шашум шуд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал гирифт. Ӯ баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Бразилия ва Олмон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Темур барои медали тило аз рақиби ҷавони худ Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуд ва медали нуқра гирифт.