Мақомоти Русияву Украина аз ҷангҳои сахт хабар медиҳанд

Сокини шаҳри Макеевка аз назди ҷасаде мегузарад, ки рӯзи 4-уми ноябр дар натиҷаи ҳамлаҳои неруҳои Русия кушта шуд.

Мақомоти Русия ва Украина мегӯянд, дар чанд минтақа байни ду тараф даргириҳои сахте ба вуқуъ пайвастааст. Айни замон бо авҷ гирифтани ҳамлаҳои ҷавобии Украина мақомоти дастнишондаи Русия дар ин кишвар интиқоли мардумро аз соҳили ғарбии рӯдхонаи Днепр ба ҷойи амн идома медиҳанд.

Ширкати мутассаддии шабакаҳои барқии Украина рӯзи 5- уми ноябр эълон кард, ки тақсими барқ дар Киев ва ҳафт вилояти дигари кишварро кам мекунад, зеро хатҳои интиқоли барқу шабакаҳои тақсими он дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар ҳафтаҳои гузашта сахт осеб дидаанд.

Бо сардтар шудани ҳаво истифода аз неруи барқ дар Украина зиёдтар мешавад ва ширкатҳои фурӯшу тақсими барқ саъй доранд, хатҳои вайроншударо зуд тармим кунанд. Аз ин рӯ қатъи неруи барқ ҳам дар вилоятҳо зиёдтар шудааст, то дигар шабакаҳо ҳам ба сабаби истифодаи зиёди неруи барқ аз кор намонанд.

Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Украина гуфт, рӯзе пештар онҳо ҳамлаҳои Русияро дар вилояти шарқии Луганск ва Донетск баргардондаанд. Ба гуфтаи низомиёни Украина, системаи дифои ҳавоӣ чандин паҳподҳои русӣ ва эронӣ ва ду мушаки русии Калибрро маҳв кардаанд. Иддаое, ки тасдиқи он аз манобеи мустақил имконнопазир аст.

Сергей Борзов, раиси вилояти Виннитская гуфт, шаби гузашта неруҳои Русия ба ин вилоят бо дрон ва ё паҳподҳои вайронгару қотил ҳамла кардаанд. Неруҳои Русия дар ҳафтаҳои гузашта аз ин навъи паҳподҳои эронӣ зиёд истифода карда ва ба иншооти муҳими ғайринизомӣ ва зербунёдҳо зарба задаанд.

Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский гуфт, ҷангҳои сахт дар ҳафтаи гузашта дар атрофи шаҳрҳои Бахмут ва Соледари вилояти Донестк сурат гирифтаанд ва неруҳои Украина дар ин ҷойҳову мавзеъҳои дигар сахт муқовимат ва истодагарӣ мекунанд.

Ӯ ҳамчунин аз “пешравиҳои хуб” дар ҷануб гуфт ва воҳидҳои пиёданизом ва тӯпхонаии Украинаро барои “маҳви таҷҳизоту неруҳои Русия” ситоиш кард. Иддаҳо дар бораи муваффақиятҳо дар ҷангро аз манобеи мустақил тасдиқ кардан имконнопазир аст.

Ҳамлаҳои оҳиставу тадриҷии неруҳои Украина

Неруҳои Украина чандин ҳафта аст, ки ҳамлаҳои ҷавобӣ ва оҳистаро ба вилояти Херсон дар ҷануби кишвар идома медиҳанд ва ба бандари рӯдхонаи Днепр дар шаҳри Херсон наздик шудаанд, ки Русия онро дар рӯзҳои аввали ҷанг дар моҳи феврал ишғол кард.

Аз ин сабаб мақомоти Русия мардуми ғайринизомӣ ва неруҳояшонро ба самти муқобили рӯдхонаи Днепр интиқол медиҳанд. Кирил Стремоусов, муовини раиси дастнишондани Русия дар ҳукумати вилояти Херсон рӯзи 24-уми ноябр қуюди шабгардии 24 соата эълон кард, зеро ба гуфтаи ӯ барои муҳофизат аз ҳамлаҳои ногаҳонии неруҳои Украина зарур аст.

Низомиёни Русия гуфтанд, ки рӯзона “бештар аз 5000 нафарро” ба соҳили шарқии рӯди Днепр мегузаронанд. Раиси ҷумҳур Владимир Путин ҳам рӯзи 4-уми ноябр хостори берун кардани мардум аз шаҳри Херсон шуд.

Ӯ гуфт: “Онҳое, ки дар Херсон зиндагӣ мекунанд, бояд аз манотиқи хатарноки ҷанг берун карда шаванд. Мардум набояд аз ҳамлаҳои ҷавобӣ, тӯпхонаҳо ва дигар амалиётҳои марбути низомӣ ранҷ бикашанд.”

Вазорати дифои Русия рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки неруҳояш ҳамлаҳои Украина дар вилоятҳои Донетск, Луганск ва Херсонро рафъ кардаанд. Дар вилояти Херсон, ки моҳи гузашта Русия онро ба қаламрави худаш ҳамроҳ кард, аз ҳамлаҳои сахт бо тӯпхона гузориш медиҳанд.

Идомаи кумакҳо аз тарафи Амрико

Неруҳои Украина дар ҳамлаҳои ҷавобӣ дар Херсон ва вилояти шимолии Харков ба шарофати аслиҳаи қавии кишварҳои ғарбӣ пешравӣ кардаанд. Вазорати дифои Амрико рӯзи 4-уми ноябр гуфт, ба Украина бо арзиши 400 миллион доллари иловагӣ, аслиҳаву таҷҳизот, аз ҷумла тонкҳои таъмиршуда, мушакҳои замин ба ҳаво, қаиқҳои низомӣ кумак мекунад.

Кумаки иловагӣ ҳам дар замоне эълон шуд, ки Ҷейк Салливан, мушовири масоили амниятӣ дар ҳукумати Амрико ғайриинтизор ба Киев омад ва бо мақомоти баландпояи Украина мулоқот кард.

Дар як нишасти хабарӣ ӯ саъй кард, нигарониҳои украиниҳоро фӯру нишонад, ки бим доранд, баъди интихоботи миёндавраӣ ба порлумони Амрико мумкин аст, кумак ба Украина кам шавад.

Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки эҳтимол дорад, Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи пирӯз шавад ва назорати ҳарду палатаи Конгресс ба даст биёрад. Баъзе аз вакилони ҳизб гуфтаанд, ки кумакҳои Амрико ба Украина наметавонад беохир бошад.

Ҷейк Салливан дар нишасти хабарӣ гуфт: “Ман бовар дорам, ки Амрико ҳимояташро аз Украина дареғ намедорад ва он пойдор хоҳад монд.”

Дар суол доир ба дурнамои музокироти сулҳ бо Русия, Ҷейк Салливан суханони мақомоти дигари Амрикоро такрор кард, ки гуфтаанд: “Ҳеч чизе дар бораи Украина ва бе ҳузури Украина баррасӣ нашудааст.”