Гапи Озод: Эмомалӣ Раҳмон диктатор аст ё не? ВИДЕО, САДО

Лаҳзае аз барномаи "Гапи Озод"

Сӣ сол пеш, дар моҳи ноябри соли 1992, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд ва сипас мансаби раиси ҷумҳурро ба даст оварду то ҳоло дар ин мақом аст. Созмонҳо ва кишварҳои ғарбӣ ҳукумати ӯро худкома меноманд ва баъзе аз намояндагони мухолифони давлат худашро диктатор мегӯянд. Дар воқеъ, Эмомалӣ Раҳмон диктатор аст ё не?

Мавзӯи барномаи “Гапи Озод” ҳамин аст ва меҳмонони мо Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва устоди донишгоҳ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ.

Радиои Озодӣ: Суоли нахустинро аз Сайфулло Сафаров мепурсем. Ба назари Шумо, чӣ чиз боис шудааст, ки баъзе аз гуруҳҳои мухолиф аз президент Эмомалӣ Раҳмон диктатор ном бибаранд?

Сайфулло Сафаров: “Ягон сабаб, ягон асос надорад. Диктатор гуфтанашон аз он аст, ки чунин андеша ва фикр доранд. Шояд бо баъзе аз кишварҳои ғарбӣ муқоиса мекунанд. Тоҷикистон як кишвари шарқӣ аст, қонунҳои худашро дорад. Қонунҳои нонавишта. Агар навиштааш бо қонунҳои сатҳи ҷаҳонӣ мувофиқат мекунад, нонавиштааш аз худамон аст. Мо наметавонем, онҳоро дигар кунем.”

Радиои Озодӣ: Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдорони Шумо аз ҷумлаи онҳое ҳастед, ки Эмомалӣ Раҳмонро диктатор меноманд. Барои чунин ном бурдани раҳбаре бояд далеле бошад. Масалан, он раҳбар хислатҳои як раҳбари тамомиятхоҳу қудратталабро дошта бошад. Метавонед, далел биёред, ки дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислату рафторҳоро дорад?

Эмомалӣ Раҳмон аз аввал ду интихоб дошт. Миллат ё хонавода. Ӯ ба хулосае омад, ки хонаводаро интихоб кунад ва қудратро ҳеч вақт аз худашу хонаводааш ба каси дигар надиҳад.
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ: “Барои он ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун диктатор бишиносем, далели зиёд даркор нест. Чанд меъёри байнулмилалӣ ҳаст, ки аз рӯйи он муайян мекунанд, ки як раҳбар диктатор аст ё озодихоҳ. Чанд сол ҳокимият дорад. Чӣ гуна ба сари қудрат омадааст. Чӣ гуна мудирият мекунад. Оё ҳукуматаш хонаводагӣ аст ва ё аз тамоми қишрҳо ва аҳзоб ташкил шудааст. Аз тариқи интихоботҳои демократӣ қудратро ба даст оварда ё аз тариқи интихоботҳои ғайридемократӣ. Оё дар дохил оппозитсияи воқеӣ вуҷуд дорад, расонаҳои озоду мустақил ҳастанд, дар порлумон ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ вуҷуд доранд ё не. Дар маҷмуъ, ин ҳама ба мо далел медиҳад, ки як нафарро диктатор бигӯем ва ё раҳбари мардумии демократӣ. Аз рӯи ин меъёрҳо Эмомалӣ Раҳмон комилан ба сифатҳо ва мушаххасоти раҳбари худкомаи диктаторӣ мутобиқат мекунад.”

Радиои Озодӣ: Сайфулло Сафаров, оё бо ин шарҳ розӣ ҳастед?

Сайфулло Сафаров: “Албатта, ман розӣ буда наметавонам. Ин андешаҳои Муҳиддин аз худаш аст. Меъёрҳоеро, ки гуфтанд, бале, истифода кардан мумкин аст, вале дар муқобили ин меъёрҳои аслии демократӣ ҳастанд. Пеш аз ҳама, президенти Тоҷикистон бар асоси раъйпурсии васеи мардум интихоб карда мешавад. Аз 80-90 дарсад бештар раъй мегирад. Ин раъйи мардум аст. Мо наметавонем онро пасттар аз андешаҳои оппозитсияи худамон монем.”

Миллат ё хонавода?

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, фикр намекунед, оё таҳкими қудрати Эмомалӣ Раҳмон, ки бархе онро диктатура меноманд, ба он хотир аст, ки шароити мусоидеро барои ба ҷойи худ нишондани писараш Рустами Эмомалӣ фароҳам биорад? Яъне, бо роҳи зӯрӣ фароҳам овардани фазо ва шароити зарурӣ барои интиқоли қудрат?

Муҳиддин Кабирӣ: “Бубинед, Эмомалӣ Раҳмон аз аввал ду интихоб дошт. Миллат ё хонавода. Агар миллатро интихоб мекард, мисли ҳама кишварҳои дигар шароитро барои онки як нафари дигар ба сари қудрат биояд, баъди як ё ду мартабаи раҳбарӣ, ки Конститутсияи Тоҷикистон муайян карда буд, фароҳам меовард. Аммо ӯ ба хулосае омад, ки хонаводаро интихоб кунад ва қудратро ҳеч вақт аз худашу хонаводааш ба каси дигар надиҳад. Бинобар ин, чанд дафъа Конститутсияро иваз кард. Меъёрҳоеро, ки як нафар зиёда аз ду маротиба президент набошад, дигар кард. Билохира, интихобаш хонавода шуд. Ва то имрӯз маҷбур аст, қудратро дар дасти хонавода ва худаш нигаҳ бидорад ва бояд Конститутсияро тағйир диҳад, интихоботҳои ғайришаффоф баргузор ва оппозитсияро саркӯб кунад. Мисли Путин, ки дигар илоҷ надорад ва барои ҳифзи қудрат бояд бо Украина биҷангад, Навалнийро ба зиндон андозад ва ҳизбу ҳаракатҳоро мамнуъ кунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳам барои ҳифзи қудрат ҳеч роҳи дигар надорад. Магар инки дар Тоҷикистон ҳамеша зиндонӣ кунад, саркӯб кунад, интихоботҳои ғайридемократӣ баргузор кунад. Чун намехоҳад, қудрат аз дасти худашу хонаводааш ба каси дигар гузарад.”

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Сайфулло Сафаров, назари Шумо ба ин масъала чист?

Хонаводаи подшоҳон дар атрофи ӯ ҷамъ ҳастанд. Онҳо наметавонанд, ки дар муқобили падарашон бошанд. Ҳеч вақт ягон подшоҳ, ягон президент, дар атрофи худаш онҳоеро, ки дар муқобилаш ҳастанд, гирд нахоҳад овард. Ин қонуни нонавиштаи ҳаёт аст.
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров: “Ба назари ман, дар инҷо Муҳиддин камтар ба таври худ шарҳ медиҳад. Ин, албатта, ҳаққи ӯст ва мо эҳтиром мекунем. Вале мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар натиҷаи интихоботи умумимардумӣ интихоб кардааст. Аз ин сабаб, дар бари ӯ ҳар касе бошад, камрангтар ба назар мерасад. Дар бари ӯ ҳеч касеро надидам, ки ақаллан даҳ фисади хидматҳояшро карда бошад. Аз нуқтаи назари ватандӯстӣ, миллатпарварӣ ба пояи Эмомалӣ Раҳмон ягон нафари дигар нарасидааст. Аз миёни онҳое, ки ба мансаби олии президенти Тоҷикистон номзадияшонро гузоштанд.”

Муҳиддин Кабирӣ: “Инҷо як масъала ҳаст, агар иҷоза бошад. Албатта, агар дар баробари Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Усмонов ва ё чанд раҳбари ҳизбҳои сохтаи ҳукуматро монем, бо он таҷриба ва баъзе бартариятҳо дар муқоиса ба рақибонаш, пирӯз хоҳад шуд. Ва Раҳмон ҳам махсус онҳоро ба сари ҳизбҳои сиёсӣ ва порлумон мегузорад ва дар интихобот номзад таъин мекунад. Аммо агар дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон шахсоне ба мисли Зайд Саидов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ойниҳол Бобоназарова ва Раҳматилло Зойиров номзадии худро монанд, ҳатто агар аз дохили элитаи имрӯзаи ҳукмрон, ки онҷо даҳҳо шахси арзанда ҳаст, он вақт метавонем баҳо диҳем, ки оё Раҳмон пирӯз мешавад ё не. Мо набояд демократияро ба шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо кунем. Бале, аз нигоҳи фарҳанг мо шарқиву ғарбӣ ҳастем, вале дар масъалаи сиёсӣ ҳамаи башарият сазовори он ҳастанд, ки як ҳокимияти демократӣ дошта бошанд.”

Радиои Озодӣ, Ҷаноби Сафаров чӣ гуфтанӣ ҳастед?

Сайфулло Сафаров: “Ҳозир, дар ҳамин рӯз, ба ягон гапи он кас розӣ шуда наметавонам. Аз кадом сабаб? Аз ин сабаб, ки ӯ масъалаи хонаводаро мегӯяд. Албатта, хонаводаи подшоҳон дар атрофи ӯ ҷамъ ҳастанд. Онҳо наметавонанд, ки дар муқобили падарашон бошанд. Онҳо бояд ҳатман дар атрофи ӯ ҷамъ шаванд. Ҳамаи дӯстон. Барои мисол, Путин бошад, Ҷорҷ Буш, Трамп ё Ҷо Байден, дӯстони худро ҷамъ мекунанд. Ҳеч вақт ягон подшоҳ, ягон президент, дар атрофи худаш онҳоеро, ки дар муқобилаш ҳастанд, гирд нахоҳад овард. Ин қонуни нонавиштаи ҳаёт аст.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси Кабирӣ ва Сафаров дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

"Мардум инҳоро ба ҳошия ронд"

Радиои Озодӣ: Яъне, ба назари Шумо, дар шеваи ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент намунаҳои амалкарди як диктатор дида намешавад?

Сайфулло Сафаров: “Ман, рости гап, 25 сол бо президенти кишварамон кор кардам. Аввал ба сифати сармушовири ҷаноби олӣ, баъдтар ҳамчун муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон. Бо Муҳиддин ҳам 15 сол дар баҳс будем. Дар гуфтушуниди байни тоҷикон будем. Сафарҳои гуногун доштем, аз ҷумла, ба Олмон. Он вақт Саид Абдуллоҳи Нурӣ зинда буд. Ман Муҳиддинро хуб мешиносам. Рӯзи аввал нест, ки бо ӯ баҳс мекунем. Пеш аз он бо раиси дигараш ҳам баҳс мекардем. Мо якдигарро хуб мешиносем ва ҳеч вақт таҳқиру тавҳин накардем. Ҳамавақт эҳтиром доштем. Мо оппозитсияи худро ҳамчун ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон эътироф мекардем. Шахсан ман. Лекин халқи Тоҷикистон Ҳизби наҳзат ва Ҳизби коммунистро дар охирин интихобот ба ҳошияи таърих партофт. Берун кард. Инҳо ҳатто натавонистанд, як вакилро аз ҳисоби ҳизбӣ гузаронанд. Худи халқ ба инҳо ҷавоби дандоншикан, ҷавоби хубе дод. Мо наметавонем, ки назари халқро ба ҳисоб нагирем.”

Радиои Озодӣ, Ҷаноби Кабирӣ агар назаре ва эроде ба гуфтаҳои Сайфулло Сафаров доред, бифармоед.

Муҳиддин Кабирӣ: “Бубинед, Сайфулло Сафаров як нуктаи хуберо зикр карданд, дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар бораи ҳамкориву дӯстӣ ва баҳсҳои зиёд бо мо. Низоми давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон афроде ба мисли Сайфулло Сафаров, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократро намепазирад. Ӯро аз бозӣ берун мекунад. Худи Сайфулло Сафаров ҳам гуфтанд, ки мушовир буданд ё дар Ҳизби халқӣ-демократӣ. Чун як каме дидгоҳҳои демократитар нисбат ба дигар мансабдорони Тоҷикистон доштанд, ӯро аз баданаи ҳокимият берун карданд. Барои корҳои илмиву корҳои дигар. Ин гуна даҳҳо ва садҳо нафар шахсони саршиноси миллатро, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекарданд, ҳизбҳое ба мисли мо, ки дар порлумон буданд, худи низоми давлатдории имрӯзаи Тоҷикистон таҳаммул карда наметавонад. Оҳиста-оҳиста ва ба ҳар баҳона, бо интихоботи тақаллубӣ, ё Сайфуллоро бо кадом баҳона аз баданаи ҳокимият ва аз муборизаҳои сиёсӣ берун мекунад. Ва ин гуфтаи Сайфулло Сафаров тасдиқи ҳарфҳои мо аст. Аммо як нуктаро инҷо бояд бигӯям, ки дӯсти азиз, Сайфулло, мо бояд байни ҷумҳурият ва монархия фарқ бигузорем. Дар Тоҷикистон чизе ба номи подшоҳ гуфтанӣ нест, ки ӯ битавонад хонаводаи худашро дар атрофаш ҷамъ кунад. Дар Арабистони Саудӣ метавонад, барои онки дар онҷо низоми подшоҳӣ аст. Дар Урдун ва дар Мағриб ҳам. Аммо дар Тоҷикистони мо низоми давлатдорӣ ҷумҳурӣ аст. Мардум як нафарро интихоб мекунанд, ҳамаи хонаводаро интихоб намекунанд. Агар интихоботи демократӣ ҳам бошад, як нафар ба сари қудрат меояд. Шумо аз Амрико мисол овардед. Трамп вақте президенти Амрико шуд, домодашро ба як масъулияти давлатӣ таъин кард. Миллати Амрико бори дигар ӯро президент интихоб накард. Ӯ бо духтару домодаш рафт. Аммо дар ҷомеаи диктаторӣ, воқеан, вақте ки як нафар ба сари қудрат меояд, тамоми хешу табору авлоду хонаводаашро дар атрофаш ҷамъ мекунад ва ҳукуматро хонаводагӣ мекунад. Ончунон ки мо дар Тоҷикистон мебинем.”

Видеои баҳсро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эмомалӣ Раҳмон диктатор аст ё не?

Интихобот ҳаст, вале...

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, бар асоси таснифоти сиёсатшиносӣ, диктатор касеро меноманд, ки бе ягон интихобот қудратро ба даст гирифтааст, тамоми шохаҳои ҳукуматро дар даст дорад. Аммо дар Тоҷикистон интихобот сурат мегирад, порлумон шохаи нозири мақомоти иҷроия ҳаст ва ҳатто чанд ҳизби сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагон вакил доранд. Шумо ҳам замоне узви Маҷлис будед. Посухатон ба ин чист?

Муҳиддин Кабирӣ: “Диктатор касеро мегӯянд, ки дар натиҷаи як интихоботи ғайридемократӣ ва мудириятшуда сари қудрат омадааст. Тамоми диктаторҳо, бахусус вақте ки дар онҷо зоҳиарн парламент ва интихобот вуҷуд дорад, 80-90 дарсад раъй мегиранд. Онҳо ҳам интихобот баргузор мекунанд, аммо дар кишварҳои диктаторӣ ягон маротиба дар натиҷаи интихобот ҳизби оппозитсионӣ ё номзади оппозитсионӣ пирӯз нашудааст. Ин дар кишварҳои демократӣ ҳаст, ки Трамп шикаст мехӯрад, Макрон шикаст мехӯрад...”

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Сайфулло Сафаров, айни ин гуфтаҳоро дар гузоришҳои муассисаҳои таҳқиқотии байнулмилалӣ ҳам мебинем? Назари Шуморо мехоҳем дар ин бора бидонем.

Дар ҳамаи кишварҳое, ки анъанавӣ ҳастанд, аз ҷумла Тоҷикистон, мардум бештар ба пешво ниёз доранд, назар ба ягон мансабдори давлатӣ. Барои онҳо муҳим аст, ки ин шахсият аз тарафи халқ қабул карда шавад, ҳамчун як падар, як роҳбар.
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров: “Ман аввалан ба Шумо ташаккур мегӯям, барои саволи бисёр ҷиддӣ ва донишмандонае, ки ба Муҳиддин додед. Албатта, ҷавоб он қадар пурра ва асоснок набуд. Лекин ба ҳар ҳол, дар Туркманистон писари Бердимуҳаммадов президент интихоб шуд. Дар Озарбойҷон ҳам Илҳом Алиев, писари раиси ҷумури пешин Ҳайдар Алиев, президент интихоб шуд. Бисёр ҳам бомуваффақият корро пеш бурда истодааст. Яъне, мо мисоли ягона нестем. Мо ҳоло ҳеч кор накардем, то ин дараҷа нарасидем.”

Радиои Озодӣ: Мухолифони ин кишварҳое, ки Шумо ном бурдед, аз интихоб шудани онҳо чандон розӣ нестанд...

Сайфулло Сафаров: “Мирзонабӣ, биёед, ман ба Шумо ҷавоб диҳам. Мухолифон ҳеч гоҳ ба ҳеч кори ҳукумат метавонанд, розӣ нашаванд. Ин кори мухолифон аст, мо бо онҳо кор надорем. Мо кори худамонро мекунем. Ҳозир мухолифин биёянду Душанберо бинанд, дилашон гум мезанад. Як шаҳри зебо, озода. Ҳамааш бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ шуд. Аз Русия дар чанд шаб 30 ҳазор омаданд, тамоман бовар накарданд, ки пойтахти Тоҷикистон як шаҳри иборат аз хонаҳои якошёнаву нуҳошёнаи давраи Шӯравӣ нест, балки як шаҳри ҳозиразамон аст. Нагӯем, беҳтар аз Дубай аст, гуфтанд, бадтар аз Дубай нест.”

Чаро президент "пешво" шуд?

Радиои Озодӣ: Оё эълон кардани раиси ҷумҳур ба ҳайси “Пешвои миллат” худаш аломати дигари возеҳе аз шеваи ҳукуматдории худкома ва ё диктаторӣ нест?

Сайфулло Сафаров: “Ман ҷавоб медиҳам. Якум, пешвои миллат барои мо бениҳоят зарур буд. Дар ҳамаи кишварҳое, ки анъанавӣ ҳастанд, аз ҷумла Тоҷикистон, мардум бештар ба пешво ниёз доранд, назар ба ягон мансабдори давлатӣ. Барои онҳо муҳим он аст, ки ин шахсият аз тарафи халқ қабул карда шавад, ҳамчун як падар, як роҳбар. Ва ин пешниҳоди идораи давлатӣ нест. Инро мӯсафедҳои Бадахшон, кампиракҳои Исфара гуфтанд, ки фарзанди мо ҳастед, пешвои мо ҳастед. Ин идеяи мансабдорони давлатӣ нест, идеяи мардум аст.”

Радиои Озодӣ: Муҳиддин Кабирӣ, назари Шумо дар ин бора чист?

Аз ҳама бадтараш миллати мо дар оянда мисли Кореяи Шимолӣ мешавад. Як нафар бо хонаводааш тӯлонӣ раҳбар. Дар сурате ки мо шанс доштем ба мисли Кореяи Ҷанубӣ бошем.
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ: “Агар чунин аст, дурӯягии сиёсиро канор гузорем, Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистонро тағйир бидиҳем. Аз онҷо он калимаҳоро, ки Тоҷикистон як давлати ҳуқуқбунёди демократии иҷтимоӣ ҳаст, бардорем. Дар онҷо бинависем, ки Тоҷикистон як давлати подшоҳии шарқии анъанавӣ аст, ки раҳбараш на аз тариқи интихобот, балки аз рӯи насиҳату хоҳиши кампирҳои Исфараву Файзободу Данғара интихоб мешавад. Мо то кай мардуми тоҷикро, ҷомеаи ҷаҳониро гӯл мезанем, фиреб медиҳем? Аз як тараф мегӯем, ки Тоҷикистон дар муқобили Афғонистон, ки як давлати анъанавии шарқии қадимӣ аст, як давлати пешрафтаи муосир аст. Фақат як кӯчаи Рӯдакии Душанберо мисол меорем. Аммо вақте мехоҳем аз диктатории Раҳмон ҳимоят кунем, Тоҷикистону Конститутсияро як тараф мемонему як давлати анъанавии шарқии подшоҳии осиёӣ меномем. Вақти он расидааст, ки бояд аз рӯи Конститутсия амал кунем.”

Агар Эмомалӣ Раҳмон набошад, чӣ хоҳад шуд?

Радиои Озодӣ: Ва дар поёни барнома аз Шумо суолҳои комилан гуногун дорем. Ҷаноби Сайфулло Сафаров, чаро намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бовар доранд ва ҳамеша гӯшзад мекунанд, ки дар қудрат мондани Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати суботу пешрафти кишвар аст? Агар набошад, чӣ хоҳад шуд?

Сайфулло Сафаров: “Пеш аз ҳама гуфтанӣ ҳастам ва худам ҳам тарафдори ҳамин ақида ҳастам, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо он обрӯ ва таъсире, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад, як рамз ва ё омили сулҳу субот дар кишвари мо аст. Барои ҳамин, мо, сиёсатшиносон ҳамин мавқеъро ҳимоя мекунем. Дар инҷо дурӯягии сиёсӣ нест. Мо ба ин бовар дорем, ки президент тавонист, ба мо сулҳ биёрад, тамоми аҳзобро ба ҳам биорад, дар инҷо интихоботҳои демократӣ баргузор шавад. Ҳеч гоҳ Тоҷикистонро аз назари Олмон ё Фаронса дидан мукин нест. Дар вақташ ОБСЕ (САҲА) гуфта буд, ки Тоҷикистонро аз мавқеи худи Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ дидан даркор аст.”

Радиои Озодӣ: Аммо агар Эмомалӣ Раҳмон набошад, чӣ хоҳад шуд?

Сайфулло Сафаров: “Ман дар бораи набудани он кас фикр накардам то ҳозир. То он вақте ки ҳастанд, омили сулҳу субот ҳастанд. Баъд халқи тоҷик худаш муайян мекунад, ки чӣ кор кунад.”

Радиои Озодӣ: Ва ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ чаро намояндагони мухолифон бовар доранд, ки ҳукуматдории тӯлонимуддати Эмомалӣ Раҳмон ва шеваи ҳукуматдории ӯ ба нафъи Тоҷикистон нест?

Муҳиддин Кабирӣ: “На фақат оппозитсияи тоҷик, балки башарият ба ин бовар дорад. Инро илми ҷомеашиносӣ мегӯяд. Инро тамоми таҷрибаи башарият медонад, ки дар сари қудрат мондани як нафар дар як кишвар боиси мусибати он миллат, он давлат мешавад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистони мо имрӯз қашшоқтарин ва ақибмондатарин кишвар дар минтақа аст. Ҳамин аст, ки вақте Тоҷикистонро дар дунё муаррифӣ карданӣ мешавед, мегӯянд, ҳамоне ки раҳбараш сӣ сол боз ҳоким аст? Мисле ки Мугабе сӣ сол буд. Зимбабверо бо диктатори тӯлониумраш мешинохтанд, на пешрафтҳои иқтисодӣ. Тоҷикистон ҳам ҳамин аст. Ва аз ҳама бадтараш миллати мо дар оянда мисли Кореяи Шимолӣ мешавад. Як нафар бо хонаводааш тӯлонӣ раҳбар. Дар сурате ки мо шанс доштем ба мисли Кореяи Ҷанубӣ бошем. Бинобар ин, танҳо назари мухолифин нест. Дар Русия ҳам мегӯянд, ки агар Путин биравад, Русия тамом мешавад. Дар Туркманистон мегуфтанд, агар хонаводаи Туркманбошӣ биравад, Туркманистон аз байн меравад. Дар замони Ислом Каримов ҳаминро мегуфтанд. Ин мантиқи авомгароёнаи тамоми диктаторҳо ва тарафдорони онҳост.”