Муллораҷаб Халифаев дар "Baku Grand Slam 2022" медали нуқра гирифт

Муллораҷаб Халифаев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022”, ки рӯзи ҷумъа, 4-уми ноябр, дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – оғоз ёфт, медали нуқра ба даст овард.

Ин варзишгари 23-солаи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило баъди панҷ ғалаба бар Робин Ҷара аз Мексика, Виллис Гарсиа аз Венесуэла, Мухриддин Тилавов аз Узбекистон, Бунчич Страҳиня аз Сербия ва Эрхембайар Баттогтох аз Муғулистон ба финал роҳ ёфт.

Вале Муллораҷаб барои ба даст овардани медали тило аз гуштигири пуртаҷриба Денис Виеру аз Молдова бо гирифтани се “шидо” мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Муллораҷаб Халифаев, ки зодаи Рашти Тоҷикистон аст, дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба сар мебурд. Ӯ соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии Русия оид ба ҷудо дар шаҳри Назрани Ингушетия дар вазни то 66 кило мақоми аввалро касб карда, бо медали тило ва унвони қаҳрамонӣ мушарраф гардид.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” – 4-уми ноябр - рақобатҳо дар вазнҳои то 60 кг ва то 66 кг миёни мардон, дар вазнҳои то 48 кг ва то 52 кг миёни занон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқа ба ҷуз аз Муллораҷаб Халифаев, бо се нафар - Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Муслимбек Каримов (-60 кг) ва Каюмарс Норов (-66 кг) муаррифӣ карданд. Аз байни онҳо танҳо Муллораҷаб Халифаев медал гирифт.

Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60 кило дар даври аввал бар Бекирбек Моргоев аз Украина пирӯз шуд, вале дар даври дуюм аз Дилшодбек Баротови узбекистонӣ шикаст хӯрд. Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Иван Саласи 24-сола аз Венесуэла ноком шуд. Каюмарс Норов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Торне Гарсиаи испанӣ шикаст хӯрд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар “Baku Grand Slam 2022” беш аз 360 варзишгар аз 61 кишвари панҷ қораи дунё иштирок дорад. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки то рӯзи якшанбе, 6-уми ноябр, идома меёбад, Тоҷикистонро боз 8 варзишгар намояндагӣ мекунад: Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг), Раҳматулло Мирзоев (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Барномаи мусобиқа:

5-уми ноябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

6-уми ноябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолиб дар ҳар як вазн 5 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим мегардад.

Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо ва феҳристи олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал гирифт. Ӯ баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Бразилия ва Олмон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Темур барои медали тило аз рақиби ҷавони худ Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуд ва медали нуқра гирифт.