Додгоҳи шаҳри Будапешт, маркази Маҷористон (Венгрия), як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки феълан аз ӯ ном бурда намешавад, аммо ба иттилои мақомот ба иттиҳоми зархаридӣ дар кофтукоби байнулмилалист, то нимаи моҳи декабр ба ҳабс гирифт. Боздошти ӯ дархости ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Бар асоси эъломияи додгоҳи Будапешт, ӯ моҳи апрели соли 2016 аз Тоҷикистон ба Туркия ва сипас Сурия рафта, ба сафи созмони террористии ДОИШ пайвастааст.
Сомонаи "Hungary Today" рӯзи 4-уми ноябр навишт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия алайҳи нерӯҳои давлатӣ ҷангида, дар кишвар бо хатари 12 сол зиндон рӯбарӯст.
Додгоҳи Будапешт рӯзи 3-юми ноябр эҳтимоли истирдоди ӯро низ баррасӣ карда, вале худаш хостааст, ба Тоҷикистон нафиристанд.
Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2015 аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд.
Бисёре аз онҳо кушта ва қисме ҳам ба Тоҷикистон баргашта, ба зиндон маҳкум ё афв шуданд. Қисми дигар бо дархости Тоҷикистону Русия тавассути Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ дар ҷустуҷӯ ҳастанд.
То кунун беш аз 220 зану кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқу Сурия ба Тоҷикистон овардаанд.