Рӯзи 3-юми ноябр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур - қуръакашии даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои духтарони то 17-сола доир гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ 29 даста ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуд. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-17), ки ба гурӯҳи «Е» шомил гардид, бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг ва Ироқ бозӣ хоҳад кард. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 22-юм то 30-юми апрели соли оянда дар Душанбе баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки ба даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 ғолибони ҳашт гурӯҳи даври аввал роҳ пайдо мекунанд.
Натиҷаҳои қуръакашии даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои духтарони то 17-сола:
Гурӯҳи «А»: Тайланд (мизбон), Малайзия, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ, Индонезия.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Тайбэйи Чин, Муғулистон (мизбон), Бутан.
Гурӯҳи «С»: Ветнам (мизбон), Узбекистон, Фаластин, Баҳрайн.
Гурӯҳи «D»: Бангладеш, Сингапур (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркманистон.
Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг, Тоҷикистон (мизбон), Ироқ.
Гурӯҳи «F»: Мянмар, Ҳиндустон, Қирғизистон (мизбон).
Гурӯҳи «G»: Филиппин, Лубнон, Гуам (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Эрон, Урдун (мизбон), Непал.
Ҳамзамон дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар Куала-Лумпур қуръакашии даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои духтарони то 20-сола барпо гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20), ки ба гурӯҳи «Е» дохил шуд, бо тимҳои Тайланд, Тайбейи Чин ва Узбекистон бозӣ хоҳад кард. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 4-ум то 12-уми марти соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки ба даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 ғолибони ҳашт гурӯҳи даври аввал роҳ меёбанд.
Натиҷаҳои қуръакашии даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои духтарони то 20-сола:
Гурӯҳи «А»: Чин, Лаос (мизбон), Ҳонконг, Филиппин.
Гурӯҳи «В»: Непал, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ, Фаластин (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Австралия, Қирғизистон (мизбон), Гуам, Ироқ.
Гурӯҳи «D»: Лубнон, Урдун (мизбон), Муғулистон, Бутан.
Гурӯҳи «Е»: Тайланд (мизбон), Тайбэйи Чин, Тоҷикистон, Узбекистон.
Гурӯҳи «F»: Ветнам (мизбон), Ҳиндустон, Сингапур, Индонезия.
Гурӯҳи «G»: Мянмар, Малайзия, Покистон, Камбоҷа (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Эрон, Бангладеш (мизбон), Туркманистон.